Соҳибкор ва сармоягузор Ҳалла Томасдоттир дар интихоботи президентии Исландия пирӯз шуд.
Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихоботии кишвар, 32,8 фоизи интихобкунандагон ба тарафдории Томасдоттир овоз додаанд. Рақиби наздиктарини ӯ, Сарвазири собиқ Катрин Якобсдоттир 25,7 дарсади овозро ба даст овард.
Томасдоттир, ки бори дуюм барои курсии президентӣ номзад аст, ба ҷои Гвюдни Торлатсиус Юганнессон, ки пас аз ду давраи чаҳорсола истеъфо дод, иваз мешавад. Томасдоттир дуввумин зане мешавад, ки Исландияро раҳбарӣ мекунад, хабар медиҳад mir24.tv.