Дар интихоботи президентии Мексика бори нахуст зан пирӯз шуд

Клаудия Шейнбаум, собиқ шаҳрдори Мехико, дар интихоботи президентии Мексика пирӯз шуд.

Вай аввалин зане хоҳад буд, ки дар таърихи 200-солаи кишвар мақоми раиси ҷумҳуриро ишғол мекунад.

Шейнбаум номзад аз ҳизби ҳукмрони боли чапи "Ҷунбиши эҳёи миллӣ" аст. Сиёсатмадор ваъда додааст, ки ширкати давлатии нафтии Pemex-ро, ки тақрибан 100 миллиард доллар қарздор аст, нигоҳ медорад ва Гвардияи Миллиро васеъ мекунад. Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки судяҳо бо роҳи раъйдиҳии умумӣ интихоб карда шаванд ва як мақомоти интизомӣ барои муҷозоти судяҳои фасодкор таъсис дода шавад, хабар медиҳад tengrinews.kz.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: