Гвардияи молиявии Италия аъзои гурӯҳи ҷиноиеро, ки аз шаҳрвандони Афғонистон, Покистон ва Ироқ иборат аст, фош кард.
Онҳо ба интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Ховари Миёна тавассути Италия ба Фаронса машғул буданд. Рӯзномаи "Corriere della Sera" бо истинод ба идораи пулис хабар додааст, ки ҷинояткорон ҳангоми суҳбат бо телефон муштариёни худро "гӯсфанд" ва "кабӯтар" хондаанд.
–Тадқиқот имкон дод, ки дар бораи созмони ҷиноӣ, ки дар Туркия ва Ироқ воқеъ буда, дар Италия, Фаронса ва Юнон шӯъбаҳо дорад, маълумоти ҷиддӣ ҷамъоварӣ карда шавад", – омадааст дар гузориш. – Гурӯҳ асосан одамонеро аз чанд кишвари Шарқи Наздик ва Осиё – Ироқ, Эрон, Афғонистон, Покистон, Сурия ва Лубнон интиқол медод, ки мехостанд тавассути баҳр ба Калибрия бирасанд.