ДАР ҶАМЪИЯТ АКНУН ШАХСИ БЕНИГОҲУБИН НАМЕМОНАД

Дар ҷамъият одамоне, ки ҳуҷҷати шахсро тасдиқкунанда надоранд, аз рӯихати муваққатӣ ё доимӣ нагузаштаанд, хулқу атвори ғайрииҷтимоӣ доранд, низ ёфт мешаванд.

Вале онҳо ҳам инсонанд, назар ба дигарон бештар ба ҳимоя муҳтоҷанд. Бо мақсади дастгирии онҳо сохтори ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсоне, ки ҷои муайяни зист надоранд, марказҳои реабилитатсионӣ ташкил карда шудаанд. Ин сохтор бо қарори Девони Вазирон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи ворид сохтани дигаргунӣ ва иловаҳо ба низом оиди марказҳои реабилитатсионии мақомоти корҳои дохилӣ доири шахсоне, ки ҷои муайяни зист надоранд», такмили тоза ёфт.
Вақте шахсони бе ҷои муайяни зист мегӯем, киҳоро мефаҳмем?
Онҳое, ки ҳуҷҷати шахсро тасдиқкунанда надоранд, дар ягон манзил ба рӯихати муваққатӣ ё доимӣ гузаронда нашудаанд, ба хулқу атвори ғайрииҷтимоӣ ва содир кардани қонуншиканӣ моиланд ва аз 18-сола боло мебошанд, ба ҳамин тоифа дохил мешаванд.
Реабилитатсияи онҳо чораҳои маҷмӯие мебошанд, ки барои ба ин гуна шахсон кӯмаки ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, психологӣ, тиббӣ расондан, ҳамчунин, ба онҳо фаҳмонидани меъёрҳои қоида ва хулқу атворе, ки дар ҷамъият қабул гардидаанд, нигаронида шудаанд.
Вақте ки шахси бе ҷои муайяни зист ба зершуъбаҳои муҳоҷират ва шаҳрвандонро расмикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намуд, бо аниқ кардани маълумотҳо оиди мансубияти ӯ ба шаҳрвандии Ӯзбекистон, вақт ва ҷои таваллуд, мавҷуд будан ё набудани гувоҳнома дар бораи таваллуд ё ҳуҷҷатҳои дигари шахсро тасдиқкунанда, падару модар, фарзандон ва дигар хешовандон, манзили аввалаи аз рӯихати доимӣ гузаштаи вай омӯхта мешаванд.
Дар ҳолати аниқ карда нашудани шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ё дар давлатҳои дигар будани ӯ зершуъбаҳои муҳоҷират ва шаҳрвандонро расмикунандаи мақомоти корҳои дохилии ноҳия (шаҳр) бо тартиби муайяншуда маълумотномаи муваққатии шахсро тасдиқкунанда месупоранд. Дар якҷоягӣ бо ҳокимиятҳои маҳаллӣ оиди расмигардонии қайди доимӣ ва гувоҳномаи зист чораҳо андешида мешаванд.
Ҷиҳати аҳамиятнок он аст, ки ба шахсоне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, аммо ҳуҷҷатҳои худро гум кардаанд ва қайди доимӣ надоранд, ба таври истисно дар асоси қайди муваққатӣ паспорти шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз нав расмӣ гардонда мешавад. Дар навбати худ, мақомоти корҳои дохилӣ дар расмигардонии паспортҳои шаҳрвандон барои аз ҷавобгарии маъмурӣ озод гардондани онҳо чораҳо меандешанд.
Барои расмигардонии паспортҳои шаҳрвандии шахсоне, ки ҷои муайяни зист надоранд, боҷи давлатӣ дар асоси талабномаи зершуъбаҳои мигратсия ва расмигардонии шаҳрвандони мақомоти корҳои дохилӣ аз ҳисоби маблағи буҷаи маҳаллии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ҳамчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, пардохта мешаванд.
Барои пардохти боҷи давлатӣ ҷиҳати аз ҷавобгарии маъмурӣ озод кардан ва расмӣ гардондани паспорти он тоифа шахсҳо тартиби расмигардонии ҳуҷҷатҳои дахлнок ва тақдими онҳо ба суд ва мақомоти ҳокимияти иҷрогари маҳаллӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ муайян карда мешавад.
Навигарии дигар дар ин самт, ба ҷои доимии зисташон фиристодани шахсоне мебошад, ки дар марказҳои реабилитатсионӣ нигоҳ дошта мешаванд. Акнун дар ҳолати пайдо шудани зарурат дар асоси фармоишоти маркази реабилитатсионӣ аз ҷониби Девони Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ба онҳо аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ роҳкиро ҷудо карда мешавад.
Хулоса, навигариҳое, ки ба қонунгузорӣ ворид шуданд, дар таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсоне, ки ҷои муайяни зист надоранд, нақши муҳим мебозанд.
Васеъ шудани доираи фарогирии реабилитатсия, дастгирии иҷтимоӣ ва бо шуғл таъминсозии онҳо барои дар ҷамъият дучор наомадани одамони бенигоҳубин замина ба вуҷуд меорад.

И. ҚОСИМОВ,
сармушовири Идораи таъмини ҳуқуқии
департаменти ташкилии ВКД (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: