Дар ҷамъомади ШҲМ СҲШ дар Бухоро рафти тайёрӣ ба ҷамъомади дар пешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои созмон дар Самарқанд баррасӣ шуд

Дар шаҳри Бухоро таҳти раёсати Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) баргузор шуд.

Дар ифтитоҳи ҷаласа, ки дар шакли гибридӣ баргузор шуд, муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов, ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви ин созмон, инчунин роҳбарони сохторҳои доимии СҲШ ширкат доштанд.

Зимни вохӯрӣ ба масъалаи омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки 15-16 сентябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Мубодилаи афкор доир ба ҷадвали чорабиниҳои асосии раёсати Ӯзбекистон дар СҲШ ва лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои таҳиянамудаи ҷониби Ӯзбекистон сурат гирифт, хабар медиҳад АИ «Дунё».

Ёдовар мешавем, ки аз сентябри соли 2021 Ӯзбекистон раисии СҲШ-ро бар ӯҳда дорад. Маҷлиси пештараи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ 26-28 январ дар Тошкент барпо гардида буд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: