Дар Ҷашнвораи байналхалқии санъати амалии халқӣ, ки бори аввал дар Қӯқанд баргузор мегардад, бинобар 34 самти ҳунармандӣ аз 155 ноҳия 1116 ҳунарманд ва 87 ташкилотчӣ иштирок доранд.
Инчунин бинобар 29 самти ҳунармандӣ аз 78 мамлакат 191 ҳунарманди хориҷӣ ширкат меварзад.
Дар мамлакатамон ба ҳамаҷониба дастгирӣ намудани ҳунармандии миллӣ эътибори калон дода мешавад. Ӯзбекистон дар ҷаҳон ба сифати мамлакате, ки намудҳои қадима, анъанаҳо, усулҳои ба худ хос ва мактабҳои санъати амалии халқиро нигоҳ доштааст, нақши алоҳида дорад. Ислоҳоти татбиқшуда ба рушди минбаъдаи ҳунармандӣ мусоидат намуданд. Маҳсулоти бо дастони моҳири ҳунармандонамон офаридашуда кайҳо дар бозори ҷаҳонӣ ҷой пайдо кардааст. Дар вилояти Фарғона низ соҳаи мазкур босуръат ривоҷ ёфта, сафи ҳунармандон торафт меафзояд.
– Дар шаҳрҳои Марғилон, Қӯқанд, ноҳияи Риштон мактабҳои ба худ хоси ҳунармандӣ созмон дода шудаанд, – мегӯяд сардори раёсати вилоятии Ассотсиатсияи «Ҳунарманд» Расулҷон Мирзоаҳмедов. – Эътибори алоҳидае, ки дар кишварамон ба соҳаи мазкур дода мешавад, ба ҳунармандон рӯҳ бахшида, онҳоро барои бо тамоми қувваву ғайрат кор кардан ва офаридани асарҳои нотакрори санъат водор месозад. Мувофиқи қарори Президент Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чораҳо оид ба рушди минбаъдаи ҳунармандӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҳунармандон» аз 17 ноябри соли 2017 рӯихати навшудаи самти фаъолияти ҳунармандӣ тасдиқ гардида, 34 самт ворид карда шуд. Ба субъектҳои ҳунармандӣ, аз он ҷумла, аъзои Ассотсиатсияи «Ҳунарманд» як қатор имтиёзҳо дода шуданд. Ҳоло дар вилоят 5 ҳазору 360 ҳунармандон, ки фаъолияташонро самарабахш ба роҳ мондаанд, ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳунармандони марғилонӣ аз матоъи қадимӣ бинобар усули фаромӯшшудаи «кудин» офаридани матоъи «банорас» ва «адрас»-ро ба роҳ монда, ҳунари читгариро барқарор намуданд. Соли ҷорӣ дар кӯчаи Бурҳониддин Марғинонии шаҳри Марғилон маркази хурди ҳунармандӣ, дар ноҳияи Риштон устохонаҳои зиёди кулолгарӣ кушода шуданд.
Имрӯз ҳунармандӣ ба қисми ҷудонопазири сайёҳӣ табдил ёфтааст. Ҳусну ҷамоли шаҳрҳои қадимӣ, маҳсулоти ҳунармандон, ки дар ҳамоҳангӣ бо табиати нотакрорамон офарида мешаванд, эътибори сайёҳонро ба худ ҷалб мекунанд. Дар шаҳрҳои Марғилон, Қӯқанд ва ноҳияи Риштон ба тарғиби ҳунармандии миллӣ эътибори муҳим дода мешавад.
Ҳунармандони вилоят ба Ҷашнвораи байналхалқии санъати амалии халқӣ тайёрии ҷиддӣ диданд. Дар шаҳр бозорҳои ҳунармандӣ ташкил карда шуданд. Дар доираи фестивал озмунҳои ҳунармандон, дарсҳои маҳорати усто-ҳунармандони хориҷӣ ва ватанӣ, намоишгоҳҳо ташкил карда мешаванд.
Ҷашнвораи бонуфузи мазкури байналхалқӣ дар оммавӣ гардондани ҳунармандӣ, нигоҳ доштани анъана ва мактабҳои ҳунармандӣ, якҷоя амалӣ гардондани тадқиқотҳои илмӣ ва кашфиётҳо дар ин соҳа, рағбатноксозии ҳунармандони боистеъдод ва мубодилаи таҷриба байни иштирокдорон аҳамияти муҳим дорад. Кулолгарони риштонӣ Шарофиддин Юсупов, Алишер Назиров, чӯбкорон Мирзоюнус Умаров, Муҳаммадалӣ Юнусов, кордсоз Ҳаманбой Умаров низ ба ҷашнвора тӯҳфаи муносиб ҳозир намуданд. Ҳунармандони мамлакатамон ният доранд, ки дар азназаргузаронӣ-озмуни мазкур ғолиб гарданд.
М. СУЛАЙМОНОВ,
мухбири ӮзА.