ДАР ҶИЗЗАХ МАКТАБҲОИ МАХСУСОНДАШУДА БОЗ БА ЯК АДАД АФЗУД

  • ДАР ҶИЗЗАХ МАКТАБҲОИ МАХСУСОНДАШУДА БОЗ БА ЯК АДАД АФЗУД
  • ДАР ҶИЗЗАХ МАКТАБҲОИ МАХСУСОНДАШУДА БОЗ БА ЯК АДАД АФЗУД
  • ДАР ҶИЗЗАХ МАКТАБҲОИ МАХСУСОНДАШУДА БОЗ БА ЯК АДАД АФЗУД

Маросими кушоиши бинои мактаби махсусондашудаи тобеи Агентии муассисаҳои таълимии президентӣ дар ноҳияи Шароф Рашидов баргузор гардид.

Дар чорабиние, ки ба ин муносибат ташкил гашт, масъулони ҳокимияти ноҳия, намояндагони шуъбаи вилоятии Агентии муассисаҳои таълимии президентӣ, секторҳои ноҳия, роҳбарони ташкилотҳои мутасаддӣ, собиқадорони меҳнат, муаллимони мактаби махсусондашудаи ноҳия, педагогҳо, хонандагону падару модари онҳо иштирок карданд.
Мактаби мазкур дар асоси фармони роҳбари давлат аз 14 апрели соли равон “Дар бораи васеъсозии нуқтаҳои мактабҳои махсусондашудаи сохтори Агентии муассисаҳои таълими президентӣ” ташкил гардид.
Барои дохил шудан ба ин мактаб, ки кулли шароитҳои замонавиро фаро гирифтааст, аз байни бештар аз 2 ҳазор нафар хонандагон 417 нафар қабул шуданд, ки аз якчанд давраи санҷишҳо бомуваффақият гузаштаанд.
Дар муассисаи таълимие, ки дар фурсати кӯтоҳ ба ивази 7 миллиард сӯм маблағ бунёд гашт, барои хонандагон ошхона бо 120 ҷой, китобхона бо 50 ҷой, ки дар фонди умумиаш бештар аз 1 ҳазору сад китоб мавҷуд, хидмат мерасонад.
Аз ҳама муҳимаш, ҷараёнҳои таълиму тарбия дар мактаб дар шакли сохтори таълимии байналхалқии Cambridge Assessment International Education  ва сохтори миллии интегратсиякунондашуда ташкил ёфтааст.
Ғайр аз ин робототехнологияҳо, ки барои бедор кардани завқу шавқи хонандагон ба омӯзиши фанҳои аниқ ва технологияҳо  хидмат мекунанд, маҳфилҳои эҷодии моделсозию креативӣ, хонаҳои лабораторӣ, ки барои амиқ омӯзондани фанҳои кимиё ва биология имконият фароҳам меоваранд, ташкил карда шудаанд.
А. ҚАЮМОВ, мухбири ӮзА.

Дар суратҳо: лавҳаҳо аз мактаби махсус дар ноҳияи ба номи Шароф Рашидов.
Суратгир: Ҷ. ЁРБЕКОВ  (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: