Ӯро дар кӯчаву гузар, тӯю маърака, хуллас, дар ҳама гӯшаву канори Самарқанд мешиносанд ва аҷибаш ин, ки рӯ ба рӯ оянд, «ана ханда» гӯён табъашон болида мегардад.
Ин бесабаб нест. Зеро ҳунарпешаи соҳибистеъдод Замира Норова яке аз бунёдгузорони барномаи мазҳакавии «Ханда»-и телевизиони Самарқанд буд, ки ҳоло бо баъзе сабабҳои номаълум фаъолияташ қатъ гардидааст.
Замира Норова дар гузари Себзор ба дунё омад ва овони кӯдакиаш низ ин ҷо сипарӣ гардид. Лаҳзаҳои беғамиву беғашӣ, айёми хушиву хуррамӣ буд, ки падару модари санъатдӯсташ аз магнитафон ё телевизион оҳанги дилангезеро баланд мекарданду Замира бо хироми зебову дилнишин табъи аҳли оиларо хуш мекард. Ин буд, ки меҳри ҳунарнамоӣ дар қалбаш маъво гирифт ва ҳангоми таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 8-уми шаҳри Самарқанд дар маҳфили мусиқӣ асрори навохтани пианинаро омӯхт. Номаи камолро гирифту таҳсилро дар омӯзишгоҳи санъат ва мусиқии ба номи Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов идома дод.
Соли 1989 муносибатҳои ҷумҳуриҳои ҳамҷавори Ӯзбекистону Тоҷикистон қавӣ гардида, риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ густариш ёфтанд. Вай аз волидайн дуо гирифта, рахти сафар ба Душанбешаҳр баст. Аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузашта, донишҷӯйи бахши актёрӣ-ҳунарпешагии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода гардид. Аз устодони меҳрубону сахтгираш Тамара Абдушукурова, Шавкат Халилов, Соро Музаффаршоева, Маҳбуба Мӯсоева ва дигарон асрори ҳунар омӯхт ва истеъдоди хешро дар баъзе намоишномаҳои телевизиони тоҷик сайқал дод. Азбаски духтари зебову назаррабо буд, баъди хатми донишкада ӯро ба чанд ҷо хонданд. Вале Замира бо табассуми ширин фаҳмонд, ки назди падару модар баргаштан мехоҳад. Он солҳо байни ду ҷумҳурӣ – Ӯзбекистону Тоҷикистон созиномаи ҳамкорӣ амал мекард ва тибқи он мебоист фориғтаҳсилони Донишкадаи далатии фарҳанг ва санъат дар Самарқанд студияи театри тоҷикӣ таъсис медоданд. Афсӯс он ҳама дар коғаз монд. Хушбахтона, дар Самарқанд телевизион ташкил ёфта, ташаббускорон ба иқдоми нек даст заданд. Барномаи «Ханда» таҳия гардид, ки Замира Норова дар намоишҳо моҳирона нақшҳои шахсони ҳам мусбӣ ва ҳам манфиро чунон меофарид, ки то кунун ҳаводорони санъат ин барномаро бо номи ӯ мешиносанд.
Соли 2001 Замира бо амри тақдир ба Италия рафт ва чанд муддат муқими шаҳри Рим гардид. Дар театрҳои пойтахти Италия бо бисёр ҳунарпешагони номдор риштаи дӯстӣ баст ва ҳатто забони итолиёиро омӯхт.
Дар Италия ёдгориҳои таърихӣ, осорхонаҳо, театрҳои рангин, ҳунарпешагони номдор диққати ӯро ба худ кашиданд. Хоссатан, дар Венетсия ва Ситсилия иншооти аҷиб, қаср-ҳавлӣ, биноҳои давлатӣ бунёд шуда буданд, ки аз лиҳози шаклу услуб нотакрор буданд. Замираро театрҳои халқӣ низ ба ваҷд оварданд. Минбаъд театрҳои «Са-Карло» дар Неапол, «Ла-Скала» дар Милан, «Фениче» дар Венетсия ҷойҳои дӯстдоштаи вай гардиданд. Тӯли бист сол бо чанд нафар ҳунарпешагон қаробат ҷуста, таҷриба омӯхт. Вай дар Италия соҳиби чаҳор фарзанд гардид, ки имрӯз дар Рим умр ба сар мебаранд.
Писари калониаш Фаридун донишҷӯйи бахши таҳиягар-мунаққиди синамои Донишгоҳи санъати Италия аст. Мафтуна тарроҳ аст ва либосҳои миллии тоҷиконро пешкаши аҳли завқ мегардонад. Шабнам бо нияти ҳуқуқшиноси байналхалқӣ шудан, дар яке аз донишкадаҳои бонуфузи Рим таҳсил мегирад. Самири хурдсол дар мактаби футболи «Рома» асрори футболбозиро меомӯзад.
Имрӯзҳо Замира дар зодгоҳ – Самарқанди қандманд ба дунболи ҷамъ овардани мавод барои барномаи ояндаи «Ханда» мегардад.
Воқеан, камина бо супориши рӯзнома, барои огоҳӣ ёфтан аз рӯзгори кунунии ҳунарпешаи хушсалиқа роҳи бинои телевизиони Самарқандро пеш гирифтам. Замира каминаро бо чеҳраи гарми тоҷикона, чашмони шаҳлои ҷодувона ва латофати зебои занона пешвоз гирифт. Вориди ҳуҷраяке шудем, ки дар он наттоқон Фаррух Йӯлдошев, Дилрабо Назарова, наворбардор Равшан Аҳмадов саргарми кори эҷодӣ буданд.
– «Ранг бину ҳол пурс», гуфтаанд, – бо лабханди дилнишин гуфт Замира. – Гарчанд на маош мегирему на саҳнаи ҳунарнамоӣ дорем, барои шабакаҳои иҷтимоӣ барномаҳои рангбаранг таҳия мекунем.
Чанде пеш як гурӯҳ вакилони расонаҳои ахбори оммавии тоҷик таҳти роҳбарии раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, ҳунарпешагони оркестри назди дастгоҳи Президенти Тоҷикистон ташриф оварда буданд. Мо бо онҳо мусоҳиба ороста пешкаши муштариён намудем.
Сӯҳбати дилнишину гуворо доштем бо ин бонуи ҷонсӯзи миллату забон, ки кӯлбори ӯ пур аз ғаму дардро мемонад ва бо ин ҳама пешомадҳои рӯзгор ҳанӯз хандону зебост. Ягона орзуе, ки дар қалб мепарварад, ташкили театри тоҷикӣ дар Самарқанд ва аз нав барқарор намудани барномаи «Ханда» аст. Хушоянд мебуд, агар масъулони соҳа барои ҷомаи амал пӯшидани орзуҳои ин бонуи ҳунар ёрӣ медоданд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти САМАРҚАНД.