Дар Ҷумҳурии Демократии Конго як киштӣ дар дарё ғарқ шуд, 80 нафар бедарак шуданд

Бар асари чаппа шудани киштӣ дар дарёи Ква дар ғарби Ҷумҳурии Демократии Конго дасти кам 80 нафар бедарак шудаанд.

Дар ин бора портали хабарии Actualite бо такя ба ҳукумати кишвар хабар додааст.

Президенти кишвар Феликс Тшисекеди ба ҳукумат дастур дод, ки ин ҳодисаро таҳқиқ, сабабҳоро муайян кунад ва барои пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо дар оянда тамоми чораҳоро андешад, хабар медиҳад портал.

Дар навбати худ, Reuters хабар медиҳад, ки ҳамаи 80 нафар ҳалок шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, ду киштӣ бо 272 мусофир дар нимаи дуввуми рӯз аз бандари Мушӣ берун рафтаст. Баъди шаш соат муҳаррики яке аз онҳо аз кор монд, киштӣ ба сангҳо бархӯрда, дар торикӣ ғарқ шуд. 185 нафар аз ду киштӣ ба соҳил баромаданд. Report.az хабар медиҳад, ки ҷустуҷӯи боқимондаҳо идома дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: