ДАР ҶУМҲУРИИ КУРИЁ МАРКАЗИ ТИҶОРАТИИ ӮЗБЕКИСТОНИВУ КУРИЁӢ КУШОДА ШУД

9 ноябр дар шаҳри Инчон (Ҷумҳурии Куриё) маросими кушоиши аввалин Маркази тиҷоратии ӯзбекистониву куриёӣ баргузор гардид.

Қайд мекунем, ки Инчон бино бар аҳолиаш дар байни шаҳрҳои Куриёи Ҷанубӣ баъд аз шаҳрҳои Сеул ва Пусан дар ҷойи саввум қарор дорад ва ба шарофати бандаргоҳи бузургаш дар соҳили ғарбии нимҷазира минтақаи муҳимтарини нақлиётии мамлакат ба шумор меравад. Ҳоли ҳозир Инчон ба маркази байналхалқии тиҷорат табдил ёфт, ки дар доираи лоиҳаи баландтехнологии New Songdo City амал мекунад. Шаҳр мақоми минтақаи озоди иқтисодӣ дорад. Онро ҳамчунин «дарвозаи пойтахти Куриё» меноманд ва ҷузви ба ном «Сеули бузург» меҳисобанд.
Маркази тиҷоратӣ ба зиёд кардани содироти маҳсулот аз Ӯзбекистон ба Куриёи Ҷанубӣ, афзудани ҳаҷми сармояҳои бевоситаи Куриёи Ҷанубӣ ва пешбурди имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурии мо нигаронида шудааст.
Барои бештар шинос кардани намояндагони доираҳои корчаллони Куриёи Ҷанубӣ дар маркази тиҷоратӣ кори мунтазами толори намоишӣ пешбинӣ шудааст, ки дар он молҳои зиёди истеҳсолгарони Ӯзбекистон – маҳсулоти бофандагӣ, шоҳӣ, кимиёӣ, шароб, меваву сабзавот, ҳамчунин маснуот аз сафол ва чӯб, ороишоти дастии заргарӣ ва бисёр дигар гузошта мешаванд.
Дар маросими тантанавии кушоиши маркази тиҷоратӣ тақрибан 400 нафар иштирок карданд, ки дар байни онҳо роҳбарияти Иттиҳодияи воридотии Куриё (KOIMA), минтақаи озоди иқтисодии «Инчон» ва ташкилоти парлумонии «Евразия 21», сарварони даҳҳо ҳайатҳои дипломатӣ, ки дар мамлакат номнавис шудаанд, намояндагони вазорату идораҳо, ширкатҳои бузург, доираҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин арбобони шинохтаи фарҳанг ва санъати Куриёи Ҷанубӣ ҳузур доштанд.
Аз ҷониби Ӯзбекистон дар чорабинӣ муовини ҳокими вилояти Фарғона М.Абдураҳмонов ба сифати меҳмони ифтихорӣ ширкат варзид. Директори Донишкадаи мушкилоти қонунгузорӣ ва тадқиқоти парлумонии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р.Ҳакимов, депутати Шӯрои депутатҳои халқии вилояти Фарғона Р.Бойқӯзиев, ҳамчунин ҷамоаҳои эҷодӣ аз Ӯзбекистон низ иштирокдорони тантана гардиданд.
Тавре ки Раиси Иттиҳодияи воридотии Куриё (KOIMA) Шин Мёнг Ҷин дар баромади худ изҳор дошт, кушодашавии маркази тиҷоратӣ рағбати тарафайнро ба вусъат додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду давлат, ҳамчунин рушди бомуваффақияти робитаҳои ӯзбекистониву куриёӣ, ки ба равандҳои эҳтироми тарафайн ва дӯстӣ такя мекунанд, инъикос менамояд.
Вай ба муҳимияти истифодаи самарабахши маркази тиҷоратӣ ҳамчун соҳат барои баргузор кардани вохӯриҳои В2В, муаррифиҳо, машваратҳо, «мизҳои мудаввар», ҳамчунин имзои қарордодҳои воридотиву содиротӣ эътибор дод.
Дар доираи чорабинӣ маросими имзо кардани Меморандуми ҳусни тафоҳум дар байни сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Куриё ва KOIMA ба вуқӯъ омад. Ҳуҷҷат татбиқсозии як қатор чораҳоро бино бар зиёд кардани ҳаҷми маҳсулоти Ӯзбекистон ба бозорҳои Куриёи Ҷанубӣ, баргузор кардани омӯзишҳои муштарак барои вусъат додани номгӯйи молҳои содиротии Ӯзбекистон, ҳамчунин дар ҷумҳурӣ ба роҳ мондани фаъолияти тиҷоратии KOIMA-ро дар назар дорад.
Раиси минтақаи озоди иқтисодии «Инчон» Ким Чжин Ёнг ба ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон бобати боз кардани маркази тиҷоратӣ, ки аввалин муассисаи кишвари хориҷӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Инчон» гардид, баҳои баланд дод. Вай изҳор дошт, ки минбаъд низ фаъолияти маркази тиҷоратиро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад, ба баргузор кардани чорабиниҳои муштарак, ки ба пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаи сармояҳо, савдо ва сайёҳӣ нигаронида шудаанд, кӯмак мерасонад.
Директори генералии ташкилоти парлумонии «Евразия 21» Ким Сунг Донг дар навбати худ ба шароитҳои мавҷудаи маркази нави тиҷоратӣ барои татбиқ намудани лоиҳаҳои муфиди тарафайни байни Ӯзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ эътибор зоҳир намуд. Вай изҳор дошт, ки ташкилоти парлумонии «Евразия 21» фаъолияти маркази тиҷоратиро дар самти мазкур дастгирӣ хоҳад кард.
Барномаи дилнишини консертии ҷамоаи эҷодии «Наво» аз вилояти Фарғона, ки ба шарофати он иштирокдорон ва меҳмонон тавонистанд бо фарҳанги Ӯзбекистон аз наздик шинос шаванд, бо мусиқаи миллии классикӣ ва кунунии мо  ошноӣ пайдо кунанд, ба чорабинӣ муҳити махсуси тантанавӣ бахшид. 
Ба иштирокдорон дар рӯҳи меҳмоннавозии воқеии ӯзбекистонӣ таомҳои анъанавии ҷашнӣ – палав, самбӯса, меваҳои тару хушк, маҳсулоти полизӣ, шарбатҳои табиӣ, шароб, мавиз, ғӯлинг ва нонҳои бомазза пешкаш карда шуданд.
Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Куриё аз ҷойи воқеа гузориши суратдор таҳия кард.

ОИ «Дунё»,
ИНЧОН – СЕУЛ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: