ДАР ҶУСТУҶӮЙИ ДУРРУ МАРВОРИДҲОИ МАРДУМӢ

Санъатшинос Файзулло Кароматов соли 1925 дар Бухоро дар оилаи зиёӣ дида ба дунё кушодааст.

Баъди хатми мактаби миёна дар мактаб-интернати мусиқии ба номи Глиери пойтахт таҳсил гирифт. Сипас ба факултети забон ва адабиёти ӯзбеки Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Низомии Тошканд дохил шуд. Баъди хатми донишкада шавқи мусиқӣ ӯро ба Консерваторияи давлатии Тошканд овард. Ф. Кароматов дар давоми панҷ соли таҳсил дар консерватория ба омӯхтани таърихи санъати мусиқии халқҳои Шарқ, сурудҳои халқӣ, санъати тамошою зочабозӣ, бадеҳаю таронаҳои халқӣ ва миллии ӯзбеку тоҷик саъю кӯшиш ба харҷ дод.
Баъди хатми консерватория Ф. Кароматов дар аспирантураи Консерваторияи давлатии ба номи Чайковскии Маскав таҳсил гирифта, ба омӯхтани сурудҳои халқии ӯзбек ҷиддӣ машғул шуд, сурудҳои фолклории олимони ҷаҳон, асарҳояшонро доир ба таронаҳо омӯхт, зимни сафар дар вилоятҳо таронаҳои шӯх ва бадеҳаҳоро рӯнавис кард, бо забони русию ӯзбекӣ мақолаҳо навишт, дар анҷуманҳои миқёси ҷумҳурӣ бо маърӯзаҳои худ иштирок кард. Тӯли чанд сол роҳбарии Донишкадаи тадқиқотии санъатшиносиро ба ӯҳда дошт. Соли 1955 дисертатсияи номзадӣ, соли 1971 докториро таҳти мавзӯи «Мероси мусиқии халқи ӯзбек» ҳимоя кард. Соли 1973 ба ӯ унвони профессорӣ дода шуд.
Ф. Кароматов солҳои 1972-1982 роҳбари кафедраи мусиқии халқҳои Шарқи Консерваторияи давлатии Тошканд буд. Дар давоми роҳбарии ӯ иқтидори илмии кафедра хеле афзуд, ба тарбияи кадрҳои ҷавон эътибори алоҳида дода шуд. Дар омӯзондани таърихи санъати мусиқӣ ва тамошои халқҳои Осиёи Марказӣ хидматҳои Ф. Кароматов беқиёс аст. Таҳти роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи ӯ аз соли 1958 то соли 1978 ба вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Чимкент, Кӯлоб, Бадахшони Кӯҳӣ экспедитсияҳои «Аз пайи сурудҳои халқӣ» ташкил карда шуданд.
Ф. Кароматов дар омӯхтани мусиқии халқҳои тоҷик, туркман, қазоқ низ ҳиссаи худро гузошт. Онҳоро дар алоҳидагӣ ҷамъ карда, доир ба сурудҳои фолклории халқҳои бародар маҷмӯа тартиб дод. Кароматов хоҳ ҳангоми кор дар театри Бухоро, хоҳ дар консерватория, баробари таълиму тарбия, фикру хаёлаш ба ҷамъ кардани суруду бадеҳа ва таронаҳои халқӣ банд буд. Ӯ ба ҳар як деҳа, авул, саҳроҳои аҳолинишин рафта бадеҳаву таронаҳоро аз забони халқ навишта гирифт. Онҳоро аз нуқтаи назари жанр, шакл, мавзӯъ, ғоя, иҷро тасниф кард. Дар натиҷа китоби дуҷилдаи «Мусиқии халқи ӯзбек» ба миён омад. Бо ташаббуси бевоситаи ӯ дар консерватория кафедраи мусиқии Шарқ ташкил карда шуд. Олими заҳматкаш дар анҷуманҳои мамлакатҳои Аврупо ва Осиё бо маърӯзаҳои худ иштирок кард. Доир ба таронаҳои халқии тоҷикони Помир мақолаҳо навишт. Тадқиқотҳои ӯ, ки аҳамияти ҷаҳонӣ доштанд, ба узвияти Шӯрои мусиқии ЮНЕСКО пазируфта шуд. Ба воситаи тадқиқотҳои ӯ мусиқишиносони ҷаҳон бо мусиқии халқи мо ошноӣ пайдо карданд, зеро аксарияти асарҳои илмии ӯ ба забони русӣ нашр шуда буданд. Бо ҳамкории санъатшиноси тоҷик Низом Нурҷонов ба Помиру Ғарм экспедитсияи фолклорӣ ташкил намуд ва маҳсули эҷодии онҳо китоби «Мусиқии халқии Помир» бо забони русӣ рӯйи чопро дид. «Мавригӣ»-и Бухоро низ бо ҳамин тарз ба аҳли илму адаб маълум гаштааст.
Мо медонем, ки ба санъати мусиқии касбии тоҷик Борбади Марвазӣ асос гузоштааст. Ӯ бо асбоби мусиқии худ – барбат анъанаи офаридани як силсила оҳангҳоро (охири асри VI, нимаи аввали асри VII) оғоз бахшидааст. Баъд аз он дар Шарқ, хусусан Осиёи Марказӣ, асарҳои мусиқии «Дувоздаҳ мақом» – иборат аз чанд шуъба, «Шашмақом» офарида шуданд ва дар давоми асрҳо ташаккул ёфтанд.
Ф. Кароматов бо санъатшинос Исо Раҷабов солҳои тӯлонӣ ҳамкорӣ карда, сарчашмаҳои кӯҳнаро ба тарзи қиёсию типологӣ омӯхт ва аз нигоҳи илмӣ собит намуд, ки «Шашмақом» дар асри ХVIII куллан ташаккул ёфтааст.
Ӯ ношири чанд асари фундаменталӣ доир ба соҳа мебошад. Дар тарбияи ходимони илмии соҳаи санъатшиносӣ, корҳои илмию тадқиқотӣ ва маънавию маърифатии онҳо роҳбарӣ кардааст. Таҳти роҳбариаш ҷавонони боиқтидори зиёд доир ба самтҳои мухталифи санъатшиносӣ дисертатсияи номзадӣ ва докториро ҳимоя намуданд. Алҳол онҳо на танҳо дар Ватан, балки дар Тоҷикистон, Туркманистон, Озарбойҷон низ анъанаи Кароматовро идома медиҳанд.
Хидматҳои шоёни Кароматов аз тарафи давлат муносиб тақдиронида шудааст. Ӯ бо унвони «Арбоби хидматнишондодаи илми Ӯзбекистон» (1981), ордени «Эл-юрт ҳурмати» сарфароз гардидааст.

Ҳ. ҲОМИДӢ,
доктори илмҳои филологӣ, профессор.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: