Дар Кения қаҳвахонае кушода шуд, ки роботҳо хизмат мерасонанд

Дар пойтахти Кения аввалин қаҳвахона дар Африқои Шарқӣ бо пешхизматҳои роботӣ кушода шуд.

Аввалин робокафе дар Африқо дар Нигерия кушода шуд ва дигаре дар Судони Ҷанубӣ кушода мешавад, ки намояндагони ин соҳа барои кушодани муассиса франшиза гирифтаанд. Дар Найробӣ ифтитоҳи боз якчанд нуқтаи дигар ба нақша гирифта шудааст.

Мудири қаҳвахона Ҷон Кариуки гуфт: "Роботҳо ҳеҷ гоҳ пешхизматҳои ҳақиқиро иваз намекунанд, зеро онҳо мисли одамони воқеӣ меҳмононро пешвоз намегиранд ва хоҳиши онҳоро намепурсанд".

Вай афзуд, ки нархи як роботи дар Таиланд харидашуда ба маоши ду пешхизмат дар як сол баробар аст, хабар медиҳад report.az.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: