ДАР КЕНТИ БОСТОНӢ ОҲАНГҲОИ ҶАҲОН ТАНИН МЕАНДОЗАНД

Дар арафаи 28-умин солгарди истиқлолияти мамлакатамон Самарқанд бори дигар мизбони чорабинии бонуфузи байналхалқӣ гардид.

Шаҳр ба муносибати воқеаи дар миқёси ҷаҳон эътирофшуда – Ҷашнвораи XII байналхалқии мусиқии «Шарқ тароналари» идона оро дода шудааст.
Дар кӯчаҳои васеъву озода байрақҳои рангоранг алвонҷ мехӯранд. Таровати боғу хиёбонҳои серсоя, чеҳраҳои хуррамонаи одамон рӯҳи идонаро инъикос менамояд.
Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Шарқ тароналари» аз соли 1997 инҷониб дар ду сол як маротиба, ба мақсади мустаҳкам намудани ҳамкорӣ ва муттаҳидии байни халқҳои ҷаҳон, нигоҳ доштан ва рушди анъанаҳои санъати мусиқӣ, барқарор намудани мулоқоти маданӣ, баргузор мегардад. 
Чорабиниҳои миқёси ҷаҳонӣ, ки таҳти шафоати ЮНЕСКО гузаронда мешаванд, дар айёми имрӯзаи мураккаб ба минбари ба худ хоси ҷавонмардӣ табдил ёфтааст, ки одамонро ба сулҳу осоиш, ҳамкорӣ даъват мекунад ва инро дар амал намоён менамояд.
Мувофиқи қарори Президенти мамлакатамон аз 26 феврали соли ҷорӣ оиди дар сатҳи баланд  баргузор намудани Ҷашнвораи XII байналхалқии мусиқии «Шарқ тароналари» тайёрии ҷиддӣ дида шуд. Дар Самарқанд, ки дар саҳифаҳои таърихи куҳан шаҳри бузург эътироф шудааст, бинобар сохтмон ва ободонӣ корҳои васеъмиқёс гузаронда шуданд.
Дар натиҷаи дар мамлакат татбиқ шудани маҷмӯи чорабиниҳо оиди  рушди сайёҳӣ дар Самарқанд меҳмонхонаҳо, ресторанҳо ва объектҳои дигари нави сайёҳӣ сохта шуданд.
Як мисол меорем. Дар тӯли беш аз бист сол барои қабули меҳмонони ҷашнвораи байналхалқии мусиқӣ меҳмонхонаҳои башуморро тайёр карда бошанд, соли ҷорӣ ба қабули намояндагони санъат беш аз бист меҳмонхона ва хонаҳои меҳмон тайёр карда шуданд.
Ба мақсади ба иштирокдорони чорабинӣ расондани хидмати хушсифат воситаҳои нақлиёти қулайи истеҳсоли маҳаллӣ ва хориҷӣ ҷалб карда шуданд. Барои бо Самарқанд шинос намудани меҳмонон хатсайрҳои нави сайёҳӣ кашида шуданд, ки онҳо боғҳои таърихии анҷирзори Боғи баланди Амир Темурро фаро мегиранд.
215 гид-тарҷумони соҳибихтисос – омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналхалқии сайёҳии «Ипак йӯли» ва Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд ба меҳмонон дар бораи гузаштаи бой, имрӯзи мамлакатамон, мутафаккирони бузург ва гузаштагони диловар, табиати зебо ва одамони самимии кишварамон нақл намуданд.
Эътибори тамоми ҷаҳон ба Самарқанд, майдони нотакрори Регистон нигаронда шудааст. 26 август, соат 19.00.
Офтоб ба уфуқ фурӯ меравад. Мадрасаҳои муҳташам таҳти шафақи шом ва чароғҳои рангоранг боз ҳам зебо ва маҳобатнок мегарданд. Нигоҳи ҳазорҳо, миллионҳо ба амфитеатри дар байни се мадрасаи муҳташам сохта, мувофиқи рӯҳи ҷашнвора оро додашуда нигаронда шудааст. Тамошогоҳ бо одамони ба маросими кушоиши Ҷашнвораи XII байналхалқии мусиқии «Шарқ тароналари» ҷамъомада пур шудааст. Дар байни онҳо иштирокдорони ҷашнвора ва меҳмонон, дӯстдорони санъат, олимон, мусиқашиносон, журналистони маҳаллӣ ва хориҷӣ, сайёҳҳон ҳастанд.
Иштирокдорони ҷашнвора Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро бо кафкӯбиҳо истиқбол менамоянд.
Оҳангҳои карнаю сурнай, нақора садо медиҳанд.
Сухан ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дода мешавад.
Сарвари давлатамон иштирокдорон ва меҳмонони Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Шарқ тароналари»-ро самимона хайра мақдам гуфта, таъкид намуд, ки моҳият ва аҳамияти ҷашнвора, нақши он дар таъмин кардани сулҳу осоиш ва ризоияти байнимиллӣ дар ҷаҳон беназир мебошад, ба иштирокдорони ҷашнвора комёбиҳои эҷодӣ таманно намуд.
Дар маросими кушоиш Директори генералии ЮНЕСКО Одре Азуле хонум нутқ эрод намуда, таъкид кард, ки дар Ӯзбекистон ба рушди маданият ва санъат эътибори алоҳида дода мешавад, ҷашнвораи «Шарқ тароналари» намунаи баланди ин эътибор мебошад.
Таҳти садои мадҳияи «Шарқ тароналари» ба саҳна байрақҳои 75 мамлакати иштирокдори ҷашнвора бароварда шуд.
Дар майдон оҳанги форам танин меандозад. Ин оҳанг аз қалбҳо ҷой гирифта, ба торҳои нафистарини дил нохун мезанад. Ба қалбҳо ҳисси ҳаяҷони ҳайрат меандозад.  Ин ифодаи амалии сеҳри суруд, завқи оҳанг, қудрати мусиқа мебошад.
Санъат ин воситаест, ки орзуву ҳавас, хушнудӣ, армону изтироб, ҳиссиёти дохилии инсонро ифода менамояд. Мусиқа эҳсосоти бо сухан ё ки сурат тасвир намуданашон ғайриимконро намоён месозад, дар қалбҳо акси садо медиҳад. Мусиқа халқҳо, миллату халқиятҳои гуногунро ба якдигар шинос намуда, қалбҳоро наздик месозад.
Самарқанд, ки дар чорроҳаи Роҳи бузурги абрешим ҷойгир шудааст, аз қадим маркази на танҳо савдо, балки илм, санъат ва маданият буд. Дар деҳаи Мӯминободи наздикии Самарқанд ёфт шудани асбоби мусиқии аз устухон сохташудаи най, ки таърихи 3 ҳазору 300-сола дорад, инчунин дар деворҳои Афросиёби қадимӣ тасвир ёфтани мутрибону созандагон далели равшани фикрҳоямон мебошад. Ҳар дафъа меҳмонон ва иштирокдорони ҷашнвора ин экспонатҳои беназирро дар музейҳои Самарқанд бо ҳайрат тамошо карда эътироф менамоянд, ки гузаштагонамон то чӣ андоза соҳиби ақлу заковати баланд будаанд.
Гузаштагони бузурги мо, ки ба тамаддуни ҷаҳонӣ ҳиссаи беназир ҳамроҳ намудаанд, дар асарҳояшон ба мусиқа ва санъат нигоҳҳои фалсафиву эстетикиашонро ифода намудаанд. Аз ҷумла, Абӯ Наср Форобӣ дар «Китоби калон дар бораи мусиқа» ном асараш ба ташаккул ёфтани садо, хушоҳангӣ, маром ва намудҳои оҳанг асос гузошт. Абӯ Алӣ ибни Сино дар китоби «Қонунҳои тиб» дар бораи усулҳои табобати бемориҳои қалбу асаб ба воситаи мусиқӣ нигоштааст.
Дар давраи Соҳибқирон Амир Темур дар Самарқанд баробари илм мусиқа ва санъати суруд ривоҷ ёфтааст. Ба ин шаҳр мусиқанавозони боистеъдод ва иҷрогарон аз гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон меомаданд. Баъд аз юришҳои бофатҳу зафари саркардаи бузург шабҳои мусиқӣ гузаронда мешуданд. Қабулҳои расмӣ, тантанаҳо ва маросимҳо низ бе мусиқӣ ва суруд намегузаштанд.
Таърихнигор Шарофиддин Алии Яздӣ дар «Зафарнома» ном асараш дар бораи шабҳои мусиқӣ дар қасри Амир Темур нигоштааст, ки: «Хонандагони хушовоз ба овозхонӣ даромада, ғазалу нақш мегуфтанд. Ҳар якашон аз рӯи расм сурудҳои туркӣ, муғулӣ, хитоӣ, арабӣ ва форсиро иҷро мекарданд».
Дар айни ҳол дар мамлакатамон ба рушди мусиқа ва санъат, дастгирии ҳамаҷонибаи намояндагони ин соҳа, фароҳам овардани шароит ба ҷавонон барои зоҳир намудани истеъдоду қобилияти худ эътибори алоҳида дода мешавад. Дар солҳои охир дар ин самт як қатор фармону қарорҳои сарвари давлат қабул шуданд.
Инак, қарори Президент Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чораҳо оид ба рушди минбаъдаи санъати миллии мақоми ӯзбек» аз 17 ноябри соли 2017 барои рушди санъати миллии классикӣ пешомадҳои навро тақдим намуд. Дар асоси ин ҳуҷҷат дар пойтахт Маркази санъати миллии мақоми ӯзбек таъсис дода шуда, дар минтақаҳо дастаҳои мақомчиён ташаккул ёфтанд. Дар мактабҳои мусиқӣ ва санъати бачагона фани «алифбои мақом» ҷорӣ карда шуд.
Яке аз панҷ ташаббуси муҳими оиди роҳандозии корҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ, маънавиву маърифӣ пешгузошташуда дар асоси низоми нав ба пурзӯр гардондани саъю кӯшиши авлоди ҷавон ба мусиқа ва санъат, омӯзиши маданият ва санъати нотакрори халқ нигаронда шудааст.
То айни ҳол дар мамлакатамон вобаста ба мусиқа ва санъат дар миқёси байналхалқӣ танҳо ҷашнвораи «Шарқ тароналари» гузаронда шуда бошад, имрӯз ин гуна чорабиниҳо афзуданд. Бо ташаббуси сарвари давлатамон соли 2018-ум дар шаҳри Шаҳрисабз Ҷашнвораи байналхалқии санъати мақом, дар Тирмиз – Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ гузаронда шуд. Чорабиниҳои мазкур бо иштироки созмонҳои бонуфуз дар дараҷаи баланд баргузор гардиданд. Ҷашнвораи байналхалқии фолклори мусиқӣ, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар шаҳри Марғилон баргузор гардид, бо самташ ба васеъ тарғиб намудани ин санъат, нигоҳ доштан, омӯхтан, азхуд кардан, ривоҷ додан, дастгирӣ намудани иҷрогарони боистеъдоди санъати фолклор, дар қалби ҷавонон ва авлоди оянда бедор намудани ҳисси муҳаббат ба санъати мусиқии фолклор аҳамиятнок гардид. Қабул гардидани қарор оиди мунтазам баргузор намудани ҷашнвораву форумҳои мазкури байналхалқӣ сазовори эътибор мебошад.
... Дурдонаҳои нодири сурудҳои классикӣ, намунаҳои беназири фолклор, мусиқаи ҷаҳонӣ ва санъати сурудхонии маросим, рақсҳои шавқангез қалби иштирокдорон ва меҳмонони чорабиниро ба ҷунбиш меоранд. Тамошобинон якҷоя бо иҷрогарон ба сурудхонӣ медароянд, таҳти ҳамоҳанги сурудҳои шавқангез рақс мекунанд. Оҳангҳои мазкур, ки ба забону тарҷумон эҳтиёҷ надоранд, ба қалбҳо ворид мегарданд. Сарфи назар аз миллат, дин ва ҷойи истиқомат одамон ба воситаи санъат наздик гардида, ба дӯсти якдигар табдил меёбанд.
Ҷашнвораи «Шарқ тароналари» аз сабаби ин ҷиҳатҳоро дар худ таҷассум намуданаш маҳз дар тӯли давраи гузашта ба чорабинии бонуфузи маданӣ табдил ёфт. Чунки, ҷашнвораҳои дигари байналхалқии мусиқӣ ба намудҳои муайяни санъати мусиқӣ ихтисосонида шудаанд. Масалан, дар баъзеашон танҳо суруд сароида шаванд, дар дигарашон мусиқа иҷро мекунанд ё ки рақс мераванд. «Шарқ тароналари» бошад, тамоми намудҳои санъатро дар худ инъикос намудааст. Аз ин рӯ низ яке аз созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ – Созмони байналхалқии санъати фолклор ба қарибӣ ҷашнвораи «Шарқ тароналари»-ро ба сафи худ ҳамроҳ намуд.
Мувофиқи маълумотҳо, дар 11 ҷашнвораи то айни ҳол дар мамлакатамон баргузоргардида намояндагони 114 давлат иштирок кардаанд. Ҷашнвораи якум соли 1997 бо иштироки намояндагони 31 давлат гузаронда шуда буд, соли ҷорӣ бошад, дар он намояндагони 75 мамлакат иштирок менамоянд.
– «Шарқ тароналари» ҷашнвораи дар ҷаҳон бемисли бонуфузи санъат, мусиқа мебошад, – мегӯяд мусиқашинос Калабрес Жозе Лукас (Аргентина). – Иштирок кардан дар ин чорабинӣ бароямон шараф аст. Мо аз имконияти барои суруд хондан, намоиш додани санъати миллӣ дар майдони Регистон фароҳам овардашуда хушҳол ҳастем. Интизор набудем, ки маросими кушоиши расмии ҷашнвора ба иди бузург табдил меёбад. Мусиқа ва санъати халқатон ғанӣ ва гуногунранганд. Мо ин барномаро тамошо карда, як олам завқ ва таассурот гирифтем.
Дар доираи ҷашнвора баргузор намудани конфронси байналхалқӣ бахшида ба омӯзиш ва тарғиби анъанаҳои санъати мусиқии халқҳои Шарқ ба анъана табдил ёфтааст. Дар рафти ҷашнвораи соли ҷорӣ конфронси байналхалқии илмиву амалӣ таҳти мавзӯи «Пешомади рушди санъати анъанавии мусиқии халқҳои Шарқ» баргузор мегардад. Мувофиқи низоми навкардашудаи ҷашнвора ба баромади иштирокдорони озмун бинобар ду самт: мусиқа ва рақси касбии халқӣ ва намунаҳои эҷодиёти анъанавӣ – мусиқаи замонавӣ ё ки суруд баҳо дода мешавад.
Иштирокдорони ҷашнвора дар вақти аз барномаҳои озмунӣ холӣ дар вохӯриҳои эҷодӣ ва консертҳо, ки дар боғҳои истироҳат, муассисаҳои мадании шаҳри Самарқанд ва ноҳияҳои Оқдарё, Самарқанд, Пастдарғом, Тайлоқ, Ургут ва Ҷомбой ташкил карда мешаванд, иштирок менамоянд.
Маросими тантанавиро баромадҳои устодони санъат ва иҷрогарони ҷавони мамлакатамон идома доданд. Мушакҳо дар осмони Самарқанд, оҳангҳои ҷашнвораи мусиқии «Шарқ тароналари» ба дуродур акси садо доданд. 

З. ҶОНИБЕКОВ,
Ғ. ҲАСАНОВ,
мухбирони махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: