ДАР КИШВАРЕ, КИ ИНСОН ГИРОМӢ ДОШТА МЕШАВАД, ПЕШРАВӢ ҲАСТ

Инсоният дар ин рӯзҳо давраи хеле душворро аз сар гузаронда истодааст.

Нооромиҳо дар баъзе аз минтақаҳои ҷаҳон, ҳодисаҳои табиат гӯё кам аст, коронавирус, ки ба ҳаёти ҳазорон одам зомин шудааст, ду сол боз инсониятро маҷбур мекунад, дар зери маҳдудият зиндагӣ кунад. Ҳарчанд ин беморӣ имрӯз то андозае коҳиш ёфтааст, хатар ҳанӯз вуҷуд дорад. Баъзе кишварҳо мушкилоти пандемияро паси сар карда, иқтисодиёти худро барқарор карда тавонистаанд. Бисёре аз кишварҳо то ҳол аз бӯҳрон берун нашудаанд.
Коронавирус ба Ӯзбекистон, ки як ҷузъи иқтисоди ҷаҳонӣ аст, низ таъсири ҷиддӣ расонд. Ин барои кам кардани оқибатҳои пандемия андешидани чораҳои фаврӣ ва самаранокро талаб мекунад. Аз ҷумла, нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ, таъмини фаъолияти бефосилаи бахшҳо ва соҳаҳо, ҳавасмандгардонии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, пешгирии коҳиши даромадҳо, фароҳам овардани имтиёзу сабукиҳо ба соҳибкорон тадбирҳо андешида шуданд.
Дар натиҷа аз талафоти ҷиддӣ пешгирӣ карда шуда, устувории иқтисодиёти Ӯзбекистон таъмин карда шуд. Соли гузашта иқтисодиёти мамлакат 7,4 фоиз, даромади куллӣ 24,2 фоиз ва даромади ҳар сари аҳолӣ 15,4 фоиз афзуд. Аммо шароити тағйирёбандаи имрӯза боз ҳам тезондани корро дар ин соҳа талаб мекунад. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 март зимни суханронӣ дар ҷамъомад бахшида ба баррасии чораҳои таъмини устувории иқтисодӣ, таъкид кард, ки вазъияти ҳозираи рушди иқтисодиёти мамлакат андешидани чораҳои иловагиро талаб мекунад.
– Дар давраи пандемияи коронавирус қарорҳои оид ба аз шароити вазнин баровардани тамоми соҳаҳо қабулкардаи мо самараи худро доданд. Ҳатто дар шароити кунунӣ, мо бояд хатарҳоро пешгӯӣ карда тавонем. Мо бояд чораҳои аниқро муайян кунем, то ки воқеаҳои ҷаҳон ба натиҷаҳо таъсири манфӣ нарасонанд. Аз ҷумла, моро лозим аст, ки барои соҳибкорон шароит фароҳам оварем ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ кунем, – таъкид кард Сарвари давлат.
Дар ҷаласа ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки ҳар рӯз бо соҳибкорон мулоқот карда, лоиҳаҳои онҳо, фаъолияти истеҳсолӣ, амалиёти содироту воридоти онҳоро пешбарӣ намоянд. Вазифа гузошта шуд, ки барои пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ тавассути роҳандозии мониторинги ҳамарӯза дар шабака ва минтақаҳо чораҳои фаврӣ андешида шаванд. Қайд карда шуд, ки сохтори қарздиҳии револверӣ ба корхонаҳо барои пур кардани маблағи муомилот боз ҳам сода карда шавад.
Бояд эътироф кард, ки соли 2021 гардиши савдои хориҷии кишвар нисбат ба соли 2020 16 фоиз ва содирот 10 фоиз афзуд. Соли ҷорӣ боз ҳам зиёд кардани ин нишондодҳо ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа муайян шудааст. Бинобар ин дар ҷамъомад ба ин масъала низ диққати калон дода шуд. Аз ҷумла, дастурҳо оид ба ҳалли масъалаҳои нақлиётию логистикии корхонаҳои содиркунанда, васеъ намудани амалиёти қисман баргардонидани хароҷоти нақлиёти онҳо  дода шуд.
Маълум аст, ки шароите ба мисли тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ, нарасидани об, хушксолӣ талаботро ба озуқаворӣ дар ҷаҳон якбора зиёд мекунанд. Дар зери таъсири пандемия мушкилот боз ҳам ҷиддитар шуд. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, шумораи одамоне, ки ба серӣ хӯрок намехӯранд, имрӯз ду баробар афзуда, ба беш аз 1,6 миллиард нафар расидааст.
Таъмини аҳолӣ бо озуқаи зарурӣ ва босифат, пешгирии болоравии нарх дар бозорҳо яке аз самтҳои афзалиятноки кишвари мо мебошад. Ин масъала низ дар рӯзномаи маҷлис буд. Ба Девони Вазирон оид ба таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ бо роҳи таъмини устувории нархҳо дар бозори дохилӣ ва мусоидат ба соҳибкороне, ки гандум, равғани растанӣ, шакар ва дигар маҳсулоти озуқавориро ворид мекунанд, супоришҳои иловагӣ дода шуд.
Инчунин, ба Бонки марказӣ супурда шуд, ки бо назардошти вазъияти номуайян дар бозори хориҷии асъор дар таъмини устувории бозори дохилии асъор ва тағйирпазирии қурби асъор эҳтиёткорона муносибат зоҳир намояд. Таъкид карда шуд, ки ҳамарӯза вазъи бозори дохилии асъорро зери назорат гирифта, соҳибкорон ва мардумро аз вазъи имрӯза, тағйироту чораҳои пешбинишуда огоҳ кардан зарур аст.
Албатта, мақсад аз ҳамаи тадбирҳо таъмини ҳаётбахши тамоюли «Барои қадри инсон» мебошад. Яъне, ҳар як шаҳрвандро аз эътибор дур накарда, аз ҳаёти имрӯзааш розӣ кардан иборат аст. Ва дар кишваре, ки қадри инсон гиромӣ дошта мешавад, бешубҳа пешравӣ мешавад. Барои ин мо бояд дар ҳама гуна вазъияти душвор сулҳу оромии кишварро нигоҳ дорем, қадри онро донем, далерона ва устуворона амал кунем.

Ҷамшед ҚОСИМОВ,
депутати Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: