Дар кишваре, ки қадр ва шаъну шарафи зан гиромӣ дошта мешавад, ҳамеша сулҳу амонӣ ҳукм меронад

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон

Модарону хоҳарони азиз!

Духтарони азизам!

Шумо намояндагони олами нафосат, занони мамлакатамонро, ки дар тантанаи имрӯзаи аз ҷиҳати шукӯҳу шаҳомат тамоман дигар иштирок менамоед, бо Рӯзи байналмилалии занон самимона табрик менамоям. Ба ҳамаатон эҳтироми амиқ ва орзуҳои неки худро баён менамоям.

Пеш аз ҳама ба шумо саломатии бардавом, табъи зебои баҳорӣ таманно дорем, зеро бахту саодати аҳли оила ва наздиконатон, тамоми мардуми мо, ки  шаъну шарафи занро ҳамеша гиромӣ меоранд, бештар аз шумо вобаста аст.

Ҳамватанони азиз!

Халқи мо аз қадимулайём симои Модар, занро неъмати бузург, мӯъҷизаи бемислу монанди Офаридгор медонист ва онро ҳамеша пос медорад. Обидаҳои меъмории муқаддаси замини кишварамон ба мисли маҷмӯаи «Бибихонум», «Қизбибӣ», «Модарихон», «Қизириқ» низ аз чунин эътибори баланди азалӣ далолат медиҳад.

Дар айни ҳол мо аз занони фозилаи худ, ки аждоди бузургамонро ба воя расондаанд, аз корнамоиҳои бузурги онҳо рӯҳбаланд гардида, ба пешрафти башарият ҳиссаи калон гузоштаанд, албатта ифтихор дорем.

Ба ҳама маълум аст, ки то чи андоза халқпарвар ва адолатпеша будани ҳар як ҷомеа ва давлатро муносибат ва ғамхорӣ нисбат ба бонувон муайян мекунад.

Барои ноил гардидан ба мақсади олии розӣ кардани халқ таъмин кардани ҳуқуқи қонунӣ ва манфиатҳои занону духтарон, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо ба яке аз самтҳои муҳими Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав табдил ёфт.

Дар ин маврид мехостам диққати шуморо ба баъзе мисолҳо ҷалб намоям.

Дар асоси тамоюли олиҷаноби «Ҳеҷ кас аз меҳру таваҷҷуҳ дар канор намемонад» дар соли 2021 ба қариб 900 ҳазор нафар занон кумаки иҷтимоию иқтисодӣ, тиббӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ расонда шуд. Ба ин мақсадҳо аз буҷа 2 триллион сӯм ҷудо карда шуд. Аз ҷумла, барои хариди манзил ба 18 ҳазор нафар занон 400 миллиард сӯм вомҳои имтиёзнок ҷудо карда шуданд. Тартиби пӯшондани хароҷоти боғча ба фарзандони заноне, ки саробонашонро гум кардаанд, ҷорӣ карда шуд. Ба боз як рақами муҳим эътибор диҳед.

Танҳо дар соли 2021 ба мақсади дастгирии соҳибкории бонувон беш аз 2 триллион сӯм вом ва субсидҳо ҷудо карда шуданд. Дар натиҷа зиёда аз 320 нафар хоҳарони мо соҳиби кори доимӣ ва даромад гардиданд.

Оид ба мустаҳкам намудани ниҳоди маҳалла ва оила, ки зинаи асосии ҷамъият ба ҳисоб меравад, корҳои шоёни диққат пеш бурда мешаванд.

Дар соли 2021 зиёда аз 2 ҳазор духтарони ба оилаҳои эҳтиёҷманд мансуб ба мактабҳои олӣ дар асоси грант қабул карда шуданд, пулҳои қарордоди  боз ҳамин миқдор талаба пардохта шуд. Ба туфайли таваҷҷуҳ дода шудан ба таълими занон соли гузашта 60 фоизи донишҷӯёни ба мактабҳои олӣ қабулшударо занону духтарон ташкил доданд.

Агар шаш сол қабл дар мактабҳои олӣ 110 ҳазор нафар духтаронамон таҳсил гирифта бошанд, имрӯз миқдори онҳо ба 400 ҳазор расидааст ва ё ҳиссаи онҳо аз 38 фоизи соли 2016 имрӯз қариб ба 50 фоиз расидааст.

Ин натиҷаҳо низ ифодаи амалии ислоҳотамон дар ин самт мебошанд, гӯям ба фикрам шумо низ ба ин ақида розӣ мешавед.

Маълум аст, ки сатҳи камолоти ҳар миллатро пеш аз ҳама камолоти илмию фарҳангии зан муайян мекунад ва ояндаи бузурги миллатро модарони оқилаву босавод меофаранд.

Мутафаккирони барҷаста беҳуда таъкид нанамудаанд, ки «Як духтарро хононда, шумо ба тамоми миллат сабақ медиҳед».

Мо корҳои оғознамудаамонро пайваста идома хоҳем дод, то ки духтарони мо соҳиби донишу касби замонавӣ шуда дар ҷомеа ва оилаи худ мавқеи сазовор пайдо кунанд. Ба ин муносибат пеш аз ҳама мо Барномаи миллии дастгирии таълими занонро, ки барои солҳои 2022-2026 пешбинӣ шудаанд, қабул менамоем. Дар доираи иҷрои барномаҳо дар пойтахт барои занон донишгоҳи алоҳида, дар минтақаҳо – техникумҳои он созмон дода хоҳанд шуд. Тартиби ба тамоми донишҷӯён пешниҳод намудани вомҳои бефоиз ба муҳлати ҳафт сол барои пардохти шартномаҳои таълимӣ ҷорӣ карда хоҳад шуд.

Дар идомаи ин кор мо дастгирии ҳамаҷонибаи занони олимаро, ки бо тадқиқотҳои илмии худ ва коркардҳояшон дар рушди мамлакат саҳми бузург мегузоранд, ба зинаи нав хоҳем бардошт.

Имрӯз дар байни занони мамлакати мо даҳҳо академикҳо ва профессорон, садҳо номзадҳо ва докторҳои илм, унвонҷӯҳои боистеъдод ҳастанд. Бо илм машғул шудан, кашфиётҳои илмӣ намудан мисли бо сӯзан чоҳ кофтан аст.

Ман ҳамчун инсоне, ки аз ин муҳит баромадаам, хуб медонам, ки фаъолияти илмӣ то чӣ андоза душвор ва мураккаб мебошад. Аз ин рӯ, занони олимаро, ки ба ғайр аз ғамхорӣ дар ҳаққи оила ва тарбияи фарзандон тадқиқотҳои илмӣ пеш мебаранд ва дар ин соҳа ба натиҷаҳои амалии назаррас ноил мегарданд, ман соҳибони ҳақиқии матонату ҷасорат меҳисобам ва ба меҳнати онҳо баҳои баланд медиҳам.

Ба мақсади афзоиши шавқу завқ ва иштиёқи баланди занону духтарони закӣ ва донишманд нисбати илму фан мо як қатор чорабиниҳои муҳимро барномарезӣ кардаем. Аз ҷумла, шурӯъ аз соли нави таҳсил барои пурра аз ҳисоби буҷа пардохт намудани маблағи шартномаи ҳамаи духтароне, ки дар магистратура таҳсил мекунанд, солона 200 миллиард сӯм ихтисос дода мешавад, дар равияи докторантура барои занону духтарон солона ҳадди ақал 300-то квотаи мақсаднок ҷудо карда мешавад.  

Бо мақсади мунтазам ташкил ва мувофиқгардонии ин корҳо дар назди Кумитаи давлатии кор бо оила ва занон «Ҷамъияти бонувони олима» ташкил карда мешавад. Ин ҷамъият бонувони донишманде, ки дар соҳаи илм чӣ дар кишвар ва чӣ дар берун аз он ба дастовардҳои калон ноил мешаванд, муттаҳид намуда, барои ба ҳар ҷабҳаи ҳаёти мо ворид шудани нури ақлу заковати онҳо майдони парвоз фароҳам меорад.

Барои он ки заҳмати пуршарафи олимаҳои меҳнатдӯст аз ҳар нигоҳ рағбатнок гардад, барояшон шароити мусоид фароҳам оварда шавад, ба “Ҷамъияти бонувони олима” ҳар сол 50 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад. Дар маҷмӯъ, барои ҳамаи мақсадҳои дар боло зикршуда барои соли равон ва соли оянда 1,8 триллион сӯм маблағ ҷудо карда мешавад.

Иштирокчиёни муҳтарами ҷамъомад!

Хабар доред, ки ба наздикӣ дар ҷамъомади баргузоргардида ҷиҳати пуштибонӣ аз занону духтарон масъалаҳои муҳими дар назди мо гузошташуда ба таври густарда баррасӣ гардид. Бар асоси он фармон ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Барои таъмини иҷрои мунтазам ва босамари ин вазифаҳо мақоми ҷонишини Сарвазир аз нав барқарор гардид ва Кумитаи давлатии оила ва занону духтарон ташкил карда шуд.

Дар кишвар ҳудуди 9,5 ҳазор муовинони раисон дар умури занон ва оилаҳои маҳаллаҳо низ ба сохтори кумита гузаштанд. Дар ҳар маҳалла вазифаи занони фаъол аз нав ҷорӣ карда шуд.

Ба ин тартиб, сохторе таъсис ёфт, ки ба муаммоҳо ва дарду ташвишҳои хоҳарони мо сару кор хоҳад дошт. 

Акнун дар кишварамон равишҳои ҳифзи иҷтимоии занон куллан аз нав дида мешавад. Ба таври мисол,  барои фароҳам овардани шароити зарурӣ ба занони эҳтиёҷманд, барқарор намудани саломатии занон ва ҳифзи онҳо, ба вижа, мусоидат дар рушди касбии занони деҳот, ба кор банд шудани онҳо, ба соҳибкорӣ ҷалб гардидани занон чорабиниҳои муҳим андешида мешаванд.

Дар мамлакатамон ба мақсади афзун намудани теъдоди занҳое, ки дар соҳаи соҳибкорӣ шуғл меварзанд, барномаи “Занони соҳибкор” қабул гардида, барои рушди он 8 триллион сӯм маблағ равона карда мешавад. Ҳамчунин, дар соли ҷорӣ 40 дарсади субсидияҳои ипотека ба занон ихтисос дода мешавад. Ин мусоидат хоҳад кард, ки 12 ҳазор занони ниёзманд ба манзил таъмин шаванд.

Барои иҷрои корҳои васеъмиқёси дар таърихи мамлакат беназир 15 триллион сӯм маблағ ҷудо карда мешавад.

Фикр мекунам, агар мо бо шумо дар тамоми минтақаҳо ҷунбиши «Занони хирадманд»-ро ташкил кунем, ки тавони маърифати ҷомеа, бахусус ҷавононро дошта бошад ва бонувони обрӯмандро дар атрофаш муттаҳид созад, ин ҳаракати наҷиб ба маънои томи худ ба садои ҷомеаи мо, виҷдони маҳалла табдил хоҳад ёфт.

Дар баробари ин, новобаста аз шакли мулкдорӣ, дар тамоми ҷамоаҳои меҳнатӣ барои ҳалли муаммоҳои занону духтарон “Шӯроҳои занон” таъсис меёбанд.

Як матлабро алоҳида таъкид карданиам: масъалаи занону духтарон ва оила омилест, ки натанҳо имрӯзи мо, балки ояндаи моро низ муайян мекунад.

Агар ба занон, ки фариштагони хонадонамон, рамзи некиву садоқат ҳастанд, як амали нек кунем, ҷои шубҳе нест, ки ҳатман даҳ амали нек шуда бармегардад. Модаркалонҳои дуогӯи мо, модарони муштипарамон ва хоҳарони азизи мо ба қадри ин ҳурмату эҳтиром мерасанд. Дар кишваре, ки қадри зан, шаъну шарафи ӯ гиромӣ дошта мешавад, бешубҳа ҳамеша сулҳу субот, оромиву ободӣ пойдор хоҳад буд.

Иштирокчиёни мӯҳтарами ин чорабинии идона!

Имрӯзҳо мо аз он шодем, ки занон  иштирокчиёни фаъоли равандҳои демократӣ, ислоҳотҳои оммавӣ ва ташаббускорони мамлакати мо мегарданд. Мо ба афзун намудани ҳиссаи хоҳарони донишманду фидокорамон дар низоми идоракунии ҷумҳурӣ, парламент ва шӯроҳои маҳаллӣ, дар соҳаҳои гуногун таваҷҷуҳи хос медиҳем. Аз ин баъд низ мустаҳкам намудани нақш ва обрӯи онҳо дар ҳаёти ҷомеа дар маркази таваҷҷӯҳи мо қарор хоҳад гирифт.

Бо иҷозати шумо аз фурсат истифода намуда, аз номи худ ба ҳамаи шумо ва дар мисоли шумо ба занони ҷонфидо, духтарони фаъоламон, ки барои ривоҷи Ватан-Модар меҳнат мекунанд, миннатдории самимӣ изҳор мекунам.

Дар баробари ин, ба хонумҳои дипломати давлатҳои хориҷӣ, вакилони созмонҳои байналмилалӣ, ки дар ин давраи пурфайзи мо ширкат доранд, идашонро муборакбод мегӯям. Ба шумо барои ҳиссаатон дар ривоҷи муносибатҳои манфиатнок ва васеъмиқёс алоҳида ташаккур баён мекунам.

Хусусан, барои иштироки бевосита дар ин ҷашнвора ба намояндаи хоси Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ муҳтарама Наталия Герман хонум сипосгузории хос арз медорам. Ин меҳмони худро бо иди имрӯза самимона муборакбод намуда, дар корҳои масъулиятнокашон ҷиҳати мустаҳкам намудани муносибатҳои ҳамсоядорӣ ва ҳамкории бисёрҷониба муваффақиятҳои бепоён мехоҳам.

Модарону хоҳарони арҷманд!

Мо дар Ватанамон бунёди заминаи Ренессанси Сеюмро дар назди худ ҳадаф қарор додаем. Дар ин мақсади нек ва роҳи бошараф, пеш аз ҳама, ба арзишҳои муқаддасоти оила ва рӯҳияи маънавии модаронамон такя мекунем.   Барои ҳамин ба шумо муроҷиат намуда гуфтаниам.

Мо барои ривоҷ додани мамлакатамон ба давраи нави таърихӣ қадам гузоштем.

Дар қалби фарзандонамон ҷой кардани ҳадафҳои бузург ва ғояҳои наҷиб вазифаи пуршарафи тамоми модарони Ӯзбекистон аст.

Тарбия намудани насли ҷавони пурфазилат, далеру шуҷоъ ва ватандӯст ба шумо вобаста мебошад. Ин бузургтарин сармоягузорӣ ва сарвати бепоёни ояндаи дурахшон аст.

Дар ин замина барои духтаронам низ яке фикри дар қалбам ниҳонро гуфтаниам.

Имрӯз мо дар ҷомеаи озод ва кушод ба сар мебарем. Аз ин имконият дуруст истифода бурдан, ҳамқадами замон шудани мо, азхуд кардани илм ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, тасарруфи дастовардҳои пешрафтаи тараққиёт, дар айни замон ба хештаншиносӣ содиқ монданамон зарур аст. Бовар дорам, ки шумоён ба ана ҳамин гуна умед ва эътимоди бузурги халқу мамлакат муносиб хоҳед буд.  

Ҳамватанони арҷманд!

Маълум аст, ки ҳар сол дар арафаи ин ҷашн ба духтарони боистеъдоди мо супурдани Мукофоти давлатии ба номи Зулфия анъанаи нек шудааст.

Имрӯз аз дидани боз 28 нафар фарзандони зирак, ки ҳамчун пайравони арзандаи Зулфияхонум эътироф гардида, дар қатори ғолибон қарор доранд, диламро ифтихору шодии беандоза фаро мегирад. Духтаронамро, ки мисли шумо ба сӯи мақсадҳои баланд саъю кӯшиш мекунанд, самимона табрик гуфта, умедворам, ки бо меҳнати ибратбахш ва хислатҳои раҳбарии худ ба ҳамсолонатон намуна мешавед.  

Мо ҳамзамон дар лаҳзаҳои пурфайз ба як гурӯҳ занони худ, ки солҳои зиёд дар ҳаёти давлату ҷамъият фаъолона иштирок карда, бо меҳнати фидокоронаи худ дар соҳаи худ муваффақияту натиҷаҳои калон ба даст овардаанд, мукофотҳои баланди давлатӣ месупорем.

Ҳар яки шумо бо ҷидду ҷаҳд, тафаккур ва таҷрибаи худ барои ободии Ӯзбекистони нави мо ва бахту саодати мардуми зодгоҳамон хизмати бебаҳо мегузоред.

Ҳар касе, ки сазовори таваҷҷуҳ ва муҳаббати бепоёни ватан шудааст, ҳақ дорад худро хушбахт ҳис кунад.

Ба ин маънӣ, сазовор шудан ба мукофотҳои баланди давлатӣ, ин пеш аз ҳама, мавриди назари халқ қарор гирифтан ва сазовори дуоҳои вай шудан мебошад.

Дар ин рӯи хурсандӣ ба шумоён, модарону хоҳарони азиз ва духтарони меҳрубон супурдани ана ҳамин гуна мукофотҳо хурсандии том мебахшад.

Модарону хоҳарони муҳтарам!

Духтарони азизам!

Бори дигар ҳамаи шумоёнро бо ин баҳор ва иди назокат, зебоӣ ва латофат самимона табрик мегӯям.

Ба шумо гаронбаҳотарин сарвати дунё – хушбахтии оилавӣ, сулҳу оромӣ, шодии дидани камолоти фарзандону наберагонро таманно дорам.

Бахти шумо баланд, умратон дароз, ҳаётатон фаровон бошад!

Бигзор, дили шумо ҳамеша мисли баҳор дурахшон бошад!

Ҳамеша саломат бошед!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: