ДАР КИТОБ – КОРХОНАИ НАВ

Интизор меравад,ки дар вилояти Қашқадарё бо сарпарастии як ширкати хориҷӣ коргоҳи наве бунёд шавад.

Ҳокими вилоят Муротҷон Азимов ва шахсони масъули соҳа бо ширкати «Lasserberger Group»-и Австрия вориди музокира шуданд ва муассиси ин ширкат Ҷозеф Лассербергерро дар робита ба имконоту салоҳияти вилоят ва талаботи бозори минтақа ба масолеҳи сохтмон дар ҷараён гузоштанд. Лассербергер дар қаноатмандӣ изҳор дошт, ки ширкати таҳти раҳбарии ӯ омода аст, дар вилоят  корхонаи навбатии худро созад.
Дар ҷараёни музокирот тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки корхона дар ноҳияи Китоб сохта хоҳад шуд ва дар натиҷаи коркарди санг навъҳои гуногуни ранг, хокаҳои омехта ва зиёдтар аз 200 навъи дигари масолеҳи сохтмон ба даст оварад. Гуфта мешавад, ки қимати умумии ин лоиҳа 35 миллион долларро ташкил медиҳад. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки сохтмони ин корхона кай оғоз мешавад. 
Мутахассисон гуфтанд, ки агар корхона сохта шавад, талаботи рӯзафзуни бозори дохилӣ ба масолеҳи сохтмон қисман қонеъ хоҳад шуд. Ҳамчунин даҳҳо нафар аз мардуми маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Бояд таъкид кард, ки ширкати австриягӣ дар се самт – истеҳсоли ашёи хоми минералӣ, сафол ва масолеҳи сохтмон фаъол аст. Ширкат дар зиёда аз 20 кишвари дунё ҳудуди 80 адад коргоҳи хурду бузурги худро соҳиб аст. Русия, Қазоқистон ва Хитой аз ҷумлаи онҳост.

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: