ДАР КИТОБХОНАИ ДАВЛАТИИ БЕРЛИН ҶАДВАЛИ АСТРОНОМИИ МИРЗО УЛУҒБЕК НИГОҲДОРӢ МЕШАВАД

Байни Ӯзбекистон ва Олмон давраи нави ҳамкориҳо оғоз меёбад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки муносибатҳои самимонаи байни халқҳоямон омили муҳими таҳкими робитаҳои муфид қарор мегирад. Немисҳо ба таърихи халқи мо, урфу одат ва анъанаҳои он, ҳамватанони мо бошанд, дар навбати худ, ба гузашта ва ҳозираи ин мамлакат таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд.

Боз як далели таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва адабии мо нигоҳ дошта шудани коллексияи санъати ӯзбек дар музейҳои Берлин, Дрезден, Лейпсиг ва Штутгарт мебошад. Дар осорхонаи этнологии Берлин коллексияи амири Бухоро, дар китобхонаи давлатии Берлин коллексияи беназири дастнависҳои Алишери Навоӣ маҳфуз дошта мешавад.
Назар ба фикри роҳбари шуъбаи «Шарқ-и Китобхонаи давлатии Берлин, доктор Кристофер Раух, як қисми дастхатҳо аз ноҳияҳое, ки классикони адабиёт ва илми ӯзбек зиндагӣ ва эҷод кардаанд, қисми дигар бевосита аз Ӯзбекистон оварда шудаанд. Дар байни онҳо ҷадвали астрономии Улуғбек низ мавҷуд мебошад, ки дар китобхона аз асри XIX маҳфуз дошта мешавад. Дар он дар бораи 1038 ситора, ки аз 38 бурҷ афтодаанд, маълумот дода шудааст.
– Мероси санъати зинатӣ-амалии Ӯзбекистон беҳудуд ва бой мебошад, – мегӯяд муаллиф ва барандаи лоиҳаи видеоверсияи «Мероси фарҳангии Ӯзбекистон дар ҳамҷамъияти ҷаҳон» Шаҳноза Ғаниева. – Бо сабабҳои муайяни таърихӣ қисми зиёди онҳо ба хориҷ бароварда шудааст. Коллексияи ҷолиби ин санъат дар музейҳои Берлин, Дрезден, Лейпсиг нигоҳдорӣ мешаванд. Масалан, дар серодамтарин музейи Олмон – Пергам дастнависҳои китоби дунёи исломӣ, ки асоси маъхази динӣ ва намунаи осори санъати амалии сивилизатсияи шарқ шуморида мешаванд, мавҷуданд. Дар ин ҷо ҳамчунин осори нодири санъати кулолҳои номии Афросиёби қадимаро дидан мумкин.
Бинобар маълумоти Хидмати матбуоти Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммавии Ӯзбекистон, 15 январи соли равон дар Берлин форуми байналхалқии илмию фарҳангии «Мероси Роҳи бузурги абрешим байни Ӯзбекистон ва Олмон чун кӯпрук хидмат менамояд» баргузор гардид.
Иштирокдорони форум бо санъати амалии халқи мо, ки дар музейҳои Олмон маҳфуз дошта мешаванд, аз наздик шинос шуданд. 
Н.ЗИЁДУЛЛОЕВА,
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: