Дар Кумитаи масъалаҳои аграрӣ ва хоҷагии об оид ба ташкил кардани фаъолияти кластерҳо, муайян намудани мақоми ҳуқуқии онҳо, ҷорӣ кардани механизмҳои дуруст ба роҳ мондани муносибати байни онҳо ва фермерон ахбори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шунида шуд.
Дар Кумитаи масъалаҳои аграрӣ ва хоҷагии об оид ба ташкил кардани фаъолияти кластерҳо, муайян намудани мақоми ҳуқуқии онҳо, ҷорӣ кардани механизмҳои дуруст ба роҳ мондани муносибати байни онҳо ва фермерон ахбори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шунида шуд.
Дар чорабинӣ, ки ба тарзи видеоконфронс гузашт, ҷонишини вазири хоҷагии кишоварзӣ, мутахассисони дигари вазорат, ки ба кластери ғалла масъуланд ва як қатор роҳбарони кластерҳои ғалла иштирок намуданд.
Дар мамлакат дар 200 ҳазор гектар майдон ташкил намудани кластерҳои ғалла ба нақша гирифта шудааст. Охири соли 2019 дар 117,2 ҳазор гектар майдон дар асоси шартномаҳои фючерсӣ бо хоҷагиҳои фермерӣ, ҳамчунин ба худи кластерҳо ҷудо карда шудани 40,4 ҳазор гектар замин, ҷамъ 124 адад кластерҳои ғалла ташкил карда шудааст.
Ҷонишини вазир доири масъалаҳое, ки дар соҳа ғун шудаанд, истода гузашт. Дар вазъи омӯзиши ҳолати кластерҳо, аз 124-то кластери ғалла дар 46-тояшон барои ба роҳ гузоштани кор инфрасохтори зарурӣ мавҷуд мебошад. Фаъолияти кластерҳое, ки ба инфрасохтори зарурӣ ва имкониятҳо молик нестанд, боздошта шудааст.
Дар навбати худ роҳбарони кластерҳои ғалла, аз қабили роҳбари ҶММ «Сайҳун караван»-и вилояти Сирдарё М. Холмуратов, узви ҶММ «ТСТ-Agrolustr»-и вилояти Тошканд М. Саидов, роҳбари кластери ғаллаи ҶММ «Тӯрткӯл нон»-и ноҳияи Тӯрткӯли Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Ш. Каримбоев, роҳбари кластери ғаллаи ҶММ «Waves Investment»-и ноҳияи Урганҷи вилояти Хоразм С. Авезов дар бораи оғози фаъолияташон дар соли равон ва иҷрои нақшаи ғалласупорӣ истода гузаштанд ва дар фаъолияташон мавҷуд будани мушкилотро ҳам пинҳон надоштанд.
Дар видеоконфронс баробари зикр гаштани мушкилот таклифҳое низ пешниҳод карда шуданд, ки аниқ ва конструктивианд. Масалан, аз ҷониби кластери «Waves Investment»-и ноҳияи Урганҷи вилояти Хоразм баробари қайд гардидани ташкили корхонаҳои коркарди дон ва дигар корхонаҳо таклиф пеш гузошта шуд, бо мақсади дар ҷойи худ ҳал намудани масъалаҳо дар амалиёти кластерҳои ғалла шӯрои машваратӣ иборат аз роҳбарони кластерҳо ва мутахассисони пешбари соҳа созмон дода шавад.
Дар навбати худ, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯйи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 6 марти соли 2020 «Дар бораи чораҳои васеъ ҷорӣ намудани тамоюлоти бозорӣ дар парвариш, харид ва фурӯши ғалла» зарурати ба тарзи нав ва оқилона ташкил кардани кор дар кластерҳои ғалла, қайд карда шудани натиҷаҳои хуб дар ҳосилнокӣ, зиёд шуда истодани саҳми кластерҳо дар коркарди маҳсулоти дониро таъкид карда гузашт. Аз ҷониби депутатҳо таклифҳои амалие баён гаштанд, ки ба боз ҳам такмил додани фаъолияти кластерҳо, имкониятҳои васеътарро молик шудани онҳо нигаронида шудаанд.
Масалан, барои дар кластерҳои ғалла баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва кам сохтани харҷҳои умумӣ, таъмини сермаҳсулии майдонҳои кишт аз ҳисоби нуриҳои табиӣ дар таркиби кластерҳои ғалла зарурати ташкил кардани маҷмӯъҳои чорводорӣ таъкид шуд.
ӮзА.