ДАР КОДЕКСИ ПРОСЕССУАЛИИ ШАҲРВАНДӢ ТАРТИБИ НАВ ҶОРӢ МЕГАРДАД

Дар ҷамъомади навбатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон депутатҳо дар қироати аввал лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи об ва истифодаи об»-ро баррасӣ карданд.

Дар ҷамъомади навбатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон депутатҳо дар қироати аввал лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи об ва истифодаи об»-ро баррасӣ карданд.
Мувофиқи лоиҳаи қонун пурзӯр кардани ваколати мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба об пешбинӣ мегардад.
Баробари ин аз ҷониби корхонаҳо, ташкилот, муассисаҳо ва шаҳрвандон вайрон кардани минтақаҳои ҳифзи об ва режими санитариву ҳифозатии иншооти об манъ ва мушаххас карда мешавад, тартибе ҷорӣ мегардад, ки мувофиқи он ба чоҳкобӣ дар асоси рухсатномае, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии оид ба геология ва захираҳои минералӣ дар тартибе, ки Девони Вазирон муқаррар кардааст, дода шудааст, рухсат дода мешавад.
Бинобар ақидаи депутатҳо қабул шудани ин лоиҳаи қонун ба тезондани ҷорӣ кардани технологияҳои каммасрафи об барои обёрӣ ва истифодаи сарфакоронаи об, ҷорӣ намудани равандҳои шарикии давлатию хусусӣ дар истифодаи иншооти об ва кам кардани хароҷоти буҷаи давлатӣ мусоидат хоҳад кард.
Намояндагони халқ дар қироати аввал лоиҳаи қонун «Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба беъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро низ муҳокима карданд. Қабул гардидани ин лоиҳаи қонун ба баланд бардоштани сатҳи дастёбии шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ ба суди одил, сарфаи хароҷоти онҳо, боло рафтани мавқеи мамлакат дар рейтингҳои байналхалқӣ, ҳамчунин дуруст шудани баъзе камбудиҳои қонунгузорӣ мусоидат менамояд.
Депутатҳо лоиҳаи қонун «Дар бораи дохил кардани илова ва тағйирот ба Кодекси просессуалии шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро дар қироати аввал баррасӣ намуданд.
Мувофиқи лоиҳаи қонун ба Кодекси просессуалии шаҳрвандӣ тартиби нав ворид карда мешавад. Бинобар он мушаххас карда мешавад, ки парванда оид ба аризаҳои даъвоӣ, агар баҳои даъво нисбати ашхоси ҳуқуқӣ аз бист, нисбати соҳибкорони шахсӣ аз даҳ ва нисбати ашхоси ҷисмонӣ аз панҷ воҳиди асосии ҳисобу китоб зиёд набошад, ба тарзи содда баррасӣ мегардад.
Ҳамчунин муҳокимаи аризаи даъвоиро ба тариқи мурофиаи соддакардашуда дар муҳлати на зиёд аз бист рӯзи баровардани таъинот дар бораи қабули аризаи даъво барои баррасӣ ва кушодани парванда пешбини менамояд.
Депутатҳо лоиҳаи қонунро қабул карданд.

Нурулло НАСРИЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: