ДАР КОЛЛЕКСИЯИ ҲАЙДАР ЧӢ ҲАСТ?

Бухоро аз қадимулайём маскани ҳунармандони халқӣ буда, бошандагони он анвои гуногуни ашёи рӯзгор, ороишӣ, косибӣ ва ғайраро бо маҳорату диди баланд ва меҳр офарида, ҷаҳониёнро лол гардондаанд.

Бухоро аз қадимулайём маскани ҳунармандони халқӣ буда, бошандагони он анвои гуногуни ашёи рӯзгор, ороишӣ, косибӣ ва ғайраро бо маҳорату диди баланд ва меҳр офарида, ҷаҳониёнро лол гардондаанд. Халқи он ба ҳамаи ин дилбохтагии зиёд ҳам дорад. Аз ин ҷост, ки баробари дар рӯзгору зиндагӣ васеъ истифода бурда, онҳоро ҳамчун ёдгории беназири қадима ҷамъ оварда, нигаҳдорӣ карда, аз насл ба насл мерасонанд. Яке ашёи ороиширо ғун кунад, дигаре асбобҳои корӣ, сеюмӣ зарфҳои кулолӣ, чорумӣ мисгарӣ ва ғайраву ҳоказоро чун осори қадима гирд карда, гиромӣ медоранд. Яке аз онҳо бостоншинос, собиқ корманди музей-мамнӯъгоҳи давлатии Арк Ҳайдар ҲАМИДОВ мебошад. 
Ҳайдар Ҳамидов яке аз фарзандони асили ин сарзамини бостонӣ буда, ҳаёт ва эҷодиёти худро ба таърихи Бухоро бахшидааст. Ӯ дилбохтаи осори қадима мебошад. Аз байни ин осор Ҳайдар бештар ба зарфҳои рӯзгор ва китобҳои қадимаи оид ба таърихи Бухоро дилбастагӣ дорад. Аз ин ҷост, ки дар хонаи худ гӯшае ҷудо карда намунаҳои беҳтарини зарфҳои ашёи рӯзгорро гирд овардааст.
Чуноне ки ӯ мегӯяд, аз хурдсолӣ шефтаи ашёҳои рӯзгори қадима мебошад. Аз мактаби миёна сар карда то имрӯз – ҳоло зиёда аз 50 сол аст, ки бо коллексионерӣ машғул аст.
– Албатта, пеш аз ин ҳама, ба омӯхтани таърихи Бухоро шавқам калон буд. Бисёр китоб мехондам, аз обидаҳои таърихии диёр дарак мекофтам. Ҳамин тавр оҳиста-оҳиста ба ҷамъоварии китоб машғул шудам ва сипас ба ҷамъоварии ашёҳои рӯзгор, ки таърихи чандинасрина доранд, сар кардам. Бисёртар шамъдонҳоро ҷамъ овардаам. Ҳамаи он ба аввали асри XIX ва охири асри ХХ дахл дорад. Аз ин пеш ашёҳоро танҳо дар музейҳои давлатӣ дидан мумкин буд. Шамъдонҳои аз 5 см. то 50 см. мавҷуд мебошанд. Ҳамаи онҳоро дар рӯзгор дар шароити гуногун кор мефармуданд ва то имрӯз кор мефармоем. Ғайр аз ин, дар ин ҷо сархумҳо, офтобаҳо мавҷуд мебошанд, ки ба асрҳои гуногун дахл доранд. Офтобае ба асри XIX вобаста мебошад. Он аз нуқра тайёр карда шудааст. Ин кори фабрика аст, чунки дертар барои офаридани чунин ашёҳо аз дастгоҳҳо истифода мекарданд. Ин ба ман ҳамчун туҳфа оварда шудааст, –  ишора намуда нақл мекунад Ҳамидов.
Ҳайдар Ҳамидов дар коллексияи худ зиёда аз 100 намуди ашёи қадимаи рӯзгор ва қариб 80 китоби қадима оид ба таърихи Бухороро ҷамъ овардааст. Аз онҳо қариб 15 кӯзаи қадима, зиёда аз 18 сархум, тарозуҳои қадима, қандонҳо, косаю табақҳои қадима мавҷуд. Албатта кори ҳунармандони Бухоро бебаҳо аст. Дар коллексияи Ҳайдар Ҳамидов чанд намуди лаълиро дидан мумкин, ба монанди лаълии рӯи сандалӣ, қошуқӣ, беқошуқӣ, нақшнок, бенақш. Аз рӯи ҳаҷм ҳам гуногун. Ба ҳаҷми сандалӣ нигоҳ карда, соҳибони сандалӣ ба ҳунармандон лаълӣ мефармуданд. Лаълиҳои қошуқнок каме қиматтар буданд.
Агар ба кори оҳангарон назар афканем, албатта пеши назар ашёҳои зиндагӣ меояд. Инсоният аз оғози пайдо шудан зарурият ба олоти рӯзгор пайдо мекунад. Ин пеш аз ҳама сохтани олатҳои меҳнатӣ ва асбобу ашё мебошад, ки барои зиндагии инсон заруранд. Аз ин рӯ, нахустин ашёи меҳнатӣ аз қабили белу теша, каланду корд, зарф аз санг, чӯб ва гил сохта, пазонда мешаванд. Дар ҳамин замина ҳунармандӣ ба вуҷуд меояд ва дар ҳама давру замон ҳунармандон бо ранҷи дастони худ ашёҳои гуногуни рӯзгор ва меҳнатро меофаранд. Ашёҳои қадимаи рӯзгорро имрӯзҳо ҳам мардуми Бухоро кор фармуда истодаанд. Мисол, офтобаҳо то имрӯз ба духтарон дар шаби тӯйи арӯсӣ дода мешаванд. Лаълӣ, кӯза, шамъдон, харбузахӯрак ва ғайра низ.
Дар суҳбат бо Ҳайдар Ҳамидов гувоҳи он гаштем, ки ӯ бисёр вақт дар сафар мебошад. Ба Хива, Самарқанд меравад, ҳамеша дар кофтукови ашёҳои қадима.
Гарчанде ки аксарияти ин ашёҳо бо мурури замон аз истеъмол берун шудаанд, эътибори онҳо коҳиш намеёбанд. Ҳанӯз ҳам дар маросиму тӯю тантанаҳои келинфарорӣ, тӯйи суннатӣ, ҷашни мулҷарӣ ва ғайра аз онҳо бо ихлос истифода мебаранд.
Зеро ашёҳои ҳунармандони миллии мо аз пайдоишу ташаккули инсоният то ҳамин дам аз маишатамон чуқур ҷой гирифтаанду асло фаромӯш нахоҳанд шуд.

Беҳрӯзи ДАВЛАТ,
вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: