ДАР КОРГОҲҲО КОР ДАР АВҶ АСТ

Сарвари давлат муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳанӯз дар барномаҳои пешазинтихоботӣ баён карда буд, ки мо дар ҳар як ноҳия корхонаҳои азнавкоркарди пахтаро месозем, ҳам ҷои корӣ ба вуҷуд меояд, ҳам ашёи хомро коркард мекунем.

Сарвари  давлат  муҳтарам  Шавкат   Мирзиёев   ҳанӯз  дар  барномаҳои  пешазинтихоботӣ баён  карда  буд, ки мо дар  ҳар  як  ноҳия  корхонаҳои  азнавкоркарди  пахтаро  месозем,  ҳам  ҷои  корӣ  ба  вуҷуд  меояд, ҳам  ашёи хомро  коркард  мекунем. Имрӯзҳо  мардум  баръало эътироф  мекунанд,  ки Президент  дар  қавлу  амалаш  якрӯст. Қариб  дар  ҳар  як  ноҳияе, ки ба  пахтакорӣ  тахассус  ёфтааст, ақаллан  як  корхонаи  саноатии  калобабарорӣ  фаъолият мекунад.
Ноҳияи  Пахтакори  вилояти  Ҷиззах  низ  аз  ин   гуфтаҳо  мустасно  нест. Дар  ин  ҷо  айни  замон  ду  корхонаи  калобабофӣ  фаъолият  дорад. Дар  Ҷамъияти  масъулияташ  маҳдуди “Paxtakor  Teks”, ки  ҳамчун  корхонаи  муштарак  кор мекунад,  581 нафар  бо  кор  банданд. Назар  ба  гуфти  сарвари  корхона  Илҳом  Абдураҳмонов   90 фоизи  маҳсулот  ба  хориҷа  содир  карда  мешавад. – Агар  соле  9 ҳазор  тонна пахта аз  нав  коркард  шавад, аз  ин 7 ҳазору  600  тонна калоба  истеҳсол  мегардад. Давлатҳои  Русия, Хитой, Туркия, Италия харидорони  асосии  маҳсулоти  корхонаи  мо  мебошанд, – мегӯяд  Илҳом  Абдураҳмонов. – Дар  анборҳо  муаммо  нест. Рӯзҳои  карантин бо сабабҳои маълум  ҳамагӣ 15 рӯз  корхона  аз  кор бозмонд. Аммо коргарон  ба таътили пулакӣ  баромада  буданд.
– Ба  кор  таъмин  намудани  ҷавонон дар  корхона  мураккабӣ   надорад, – мегӯяд  масъули  кадрҳо Индира  Холматова, – се моҳ  аз  озмоиш мегузаранд. Ҳамин ки  корро хуб омӯхта ба истеҳсолот  пурра  ворид  гардиданд, дигар  барои  онҳо мушкилие  вуҷуд надорад. 16 нафар  механикҳо  аз  вилояти  Тошканд  омада  кор мекунанд  ва дар  хобгоҳи   корхона  буду  бош  доранд. 
– 65  фоизи  коргарон  бонувонанд, – гуфт раиси  кумитаи бонувон Зулфия  Хоҷабекова, –  онҳоеро,  ки  аз  маҳаллаҳои  гирду  атроф  ва  ноҳияҳои  ҳамсоя  омада  кор  мекунанд, автобуси  махсус ба  хонаашон  баъди  кор  баргашта  мебарад. Корҳо  дар чор  баст  идома  дорад. Имсол ба иттифоқи  касаба  аъзо  гардидем. Акнун аз  ин  пас ҳуқуқу манфиатҳои  дастандаркорони  корхона  пуштибонӣ  карда  мешавад. Ба  ғайр аз  ин барои таъмир ва бунёди  хона ба  онҳо  ёрии  моддӣ  мерасонем.
***
Корхонаи “ Paxtakor  Gold  Textile” низ  дар  шаҳри Пахтакор воқеъ аст ва ба таъсиси он ҳам як  сол  пур  шудааст. Тавре ки ба мо ҷонишини  шуъбаи  истеҳсолот Ҳасан Худоёров  иттилоъ  дод, дар  корхона  150 нафар  меҳнат  мекунанд.
Онҳо асосан ҷавононанд. Бо сару  либоси  корӣ   таъмин  гардидаанд. Кор  аз чор баст  иборат  буда, ҳар  як  баст  бо  навбат  6 рӯз  истироҳат  мекунанд.  Ҳар  рӯз ба  ҳисоби  миёна 12-13  тонна  калоба истеҳсол ва  ба хориҷи  кишвар  содир  мегардад.
Ба  мо  ҷараёни  корро  мутахассисон  ин  тавр  шарҳ  доданд.  Нахуст  пахтаро  ба  анбор  меоваранд.  Сипас  ашёи  хомро  ба  титкунӣ  медиҳанд ва бо воситаи  ҳаводиҳӣ тоза  мекунанд. Аз  дастгоҳҳои  махсус  гузаронида  ба  дегхонаҳо  ҷой  мекунанд.  Соддатар  карда  гӯем, мисли урчуғресии   момоён  мебошад. Фарқ  дар  он  аст,  ки  корро  дар  дастгоҳҳои  замонавӣ  ба  ҷо  меоваранд.  Дастгоҳҳои  замонавӣ, ки  аз  Шветсия   оварда  шудааст, калобаҳоро  ба  ҳолати  тайёр  меорад, ки  ҳар  яки  он  2 килограмму 200 грамм вазн  дорад. 
– Ҳоло  агар  лоиҳаи  ташкил  намудани  истеҳсоли  наху  ришта  ва  калоба  бо  қимати  23 миллион  доллари  Амрико (аз  ин 9 миллион  доллараш  маблағи  бонк, 14  миллион доллар  сармояи  хориҷист) ҷараён  дорад, барои  амалӣ  намудани  марҳилаи  дуюм,  яъне  лоиҳаи  истеҳсоли   маҳсулоти   трикотажӣ  бо  ҳаҷми  24 миллион  евро  дар  корхонаи  “ Paxtakor  Teks ” ва пиёда сохтани  лоиҳаи рангдиҳии  маҳсулот, ба  роҳ  мондани  истеҳсоли  маҳсулоти тайёр  дар   
“Paxtakor  Gold  Textile”  кор  мебаранд, – мегӯяд  ҷонишини  мудири  шуъбаи  сармояҳо ва  савдои  хориҷии  ҳокимияти  ноҳияи  Пахтакор  Фарҳод  Ҳайдаров.
– Дар  он  сурат боз  барои  500-600 нафар ҷои нави  корӣ  ба вуҷуд  меояд
Бо  як сухан,  кор дар  ду  корхона  ҳам хеле  дар авҷ аст.

Анорбой  НАЗАРОВ, хабарнигори 
“Овози  тоҷик”
дар  вилояти  Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: