Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев ҳанӯз дар барномаҳои пеш аз интихоботии президентӣ баён карда буд, ки мо дар ҳар як ноҳия корхонаҳои азнавкоркарди пахтаро месозем, ҳам ҷои корӣ ба вуҷуд меояд, ҳам ашёи хомро коркард мекунем.
Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев ҳанӯз дар барномаҳои пеш аз интихоботии президентӣ баён карда буд, ки мо дар ҳар як ноҳия корхонаҳои азнавкоркарди пахтаро месозем, ҳам ҷои корӣ ба вуҷуд меояд, ҳам ашёи хомро коркард мекунем. Имрӯзҳо мардум баръало эътироф мекунанд, ки Президент дар қавлу амалаш якрӯст. Қариб дар ҳар як ноҳияе, ки ба пахтакорӣ тахассус ёфтааст, ақаллан як корхонаи саноатии калобаресӣ фаъолият мекунад.
Ноҳияи Пахтакори вилояти Ҷиззах низ аз ин гуфтаҳо мустасно нест. Дар ин ҷо айни замон ду корхонаи калобаресӣ фаъолият дорад. Дар Ҷамияти масъулияташ маҳдуди “Paxtakor Teks ”, ки ҳамчун корхонаи муштарак кор мекунад, 581 нафар бо кор банданд. Назар ба гуфти сарвари корхона Илҳом Абдураҳмонов 90 фоизи маҳсулот ба хориҷа содир карда мешавад.
– Агар соле 9 ҳазор тонна пахта аз нав коркард шавад, аз ин 7 ҳазору 600 тонна калоба истеҳсол мегардад. Русия, Хитой, Туркия, Италия харидорони асосии маҳсулоти корхонаи мо мебошанд, – мегӯяд Илҳом Абдураҳмонов. – Дар анборҳо муаммо нест. Рӯзҳои карантин бо сабабҳои маълум ҳамагӣ 15 рӯз корхона аз кор бозмонд. Аммо коргарон ба таътили пулакӣ баромада буданд.
– Ба кор таъмин намудани ҷавонон дар корхона мураккабӣ надорад, – мегӯяд масъули кадрҳо Индира Холматова, – онҳо се моҳ аз озмоиш мегузаранд. 16 нафар механикҳо аз вилояти Тошканд омада, кор мекунанд ва дар хобгоҳи корхона буду бош доранд.
– 65 фоизи коргарон бонувонанд, – гуфт раиси кумитаи бонувон Зулфия Хоҷабекова, – ба равуои онҳое, ки аз маҳаллаҳои гирду атроф ва ноҳияҳои ҳамсоя омада кор мекунанд, автобуси махсус хидмат мерасонад. Корҳо дар чор баст идома дорад. Имсол ба иттифоқи касаба аъзо гардидем. Акнун аз ин пас ҳуқуқу манфиатҳои дастандаркорони корхона пуштибонӣ карда мешавад. Ба ғайр аз ин барои таъмир ва бунёди хона ба онҳо ёрии моддӣ мерасонем.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Ҷиззах.