Давраи сеюми корхонаи муштараки «Ifoda agro kimyo himoya» ба истифода супурда шуд.
Корхонаи мазкур соле 115 ҳазор тонна поруи органоминералии гранула истеҳсол менамояд, ки 125 миллиард сӯм арзиш дорад. Маҳсулоте, ки ба хориҷ содир мегардад, 7 миллион доллар арзиш дорад. Аз ҳама муҳимаш, бештар аз 100 ҷойи нави корӣ офарида шуд.
Барои ба амал баровардани лоиҳаи «Истеҳсоли поруҳои органоминералии гранула», ки арзишаш 2,3 миллион доллар аст, аз ҳудуди МОИ «Намангон»-и ноҳияи Чуст 3 гектар майдон ҷудо карда шуда буд. Корҳои сохтмон дар муддати кӯтоҳ ҷамъбаст ёфт ва рӯнамоии он баргузор гашт. Дар он вакилони Агентии рушди байналхалқии ИМА USAID, собиқадорони меҳнат ва аҳли ҷомеа иштирок намуданд.
Дар сурат: дар корхонаи муштараки «Ifoda agro kimyo himoya».
Сурати ӮзА.