ДАР КОРХОНАИ МУШТАРАК ДОРУВОРИ ВАТАНӢ ИСТЕҲСОЛ МЕШАВАНД

Тиб соҳаи бағоят мураккаб ва масъул аст.

Моро он чиз хурсанд мекунад, ки шоҳид, баъзан иштирокдори ислоҳоти оид ба навсозӣ ва пешрафти Ӯзбекистони татбиқшудаистода мебошем. Дар муассисаҳои тиббӣ барои аҳолӣ шароит ва имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда мешаванд, муносибати шифокорон ва ҳамшираҳои тиббӣ нисбат ба беморон беҳтар мегардад. 
Чунин суханонро метавон оид ба рушди соҳаи дорусозӣ ҳам иброз дошт. 
Чунончи, соли гузашта 41 корхонаи нави дорусозӣ бунёд гардида, миқдори умумии чунин муассисаҳо ба 191 адад расид, ҳаҷми истеҳсолот бошад, нисбат ба соли 2018-ум 1,5 баробар афзуд. Дар 8 минтақаи озоди иқтисодӣ, ки ба дорусозӣ тахассус доранд, 18 иқтидорҳои нави арзиши умумиашон 84 миллион доллар ба кор шурӯъ карданд, истеҳсоли 600 хели дорувор ва беш аз 50 намуди маснуоти тиббӣ ба роҳ монда шуд.
Бинобар ақидаи мутахассисон ҳанӯз талаботи бозори дохилӣ пурра қонеъ гардонида нашудааст. Бо назардошти ин Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев дар машварате, ки 15 ноябри соли 2019 бахшида ба таҳлили татбиқшавии корҳо оид ба рушди соҳаи дорусозӣ ва бо воситаҳои доруворӣ таъмин кардани аҳолӣ, ҳамчунин баррасии вазифаҳои афзалиятноки пешомад баргузор намуд, вазифаҳои бартаринокро ба самти мазкур муайян кард. Аз ҷумла, бобати ташаккул додани номгӯйи хелҳои нави маҳсулоти азхудшуда, коркарди лоиҳаҳои пешомадноки муштарак бо корхонаҳои азими дорусозии Ҳиндустон, Русия, Украина, Чин, Венгрия, Булғория ва Словакия супоришҳо дода шуданд.
Дар доираи татбиқ сохтани вазифа ва супоришҳое, ки аз ҷониби Президенти мамлакат ҳангоми боздидаш аз минтақаҳо дода шуданд, Оҷонсии оид ба рушди соҳаи дорусозӣ, Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ, инчунин созмонҳои дигари масъул корҳои самарабахшро татбиқ мекунанд. Робитаҳои шарикӣ бо давлатҳое, ки дар онҳо саноати дорусозӣ инкишоф ёфтааст, ба роҳ монда мешаванд, бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ корхонаҳои нав бунёд мегарданд. 
– Чанд сол муқаддам дар яке аз анҷуманҳои байналхалқӣ, ки дар Ҳиндустон баргузор шуд, ҳайати Ӯзбекистон чандин муаррифӣ ва вохӯриҳоро амалӣ намуд, ки ҷолибияти сармоягузории кишвари шуморо намоиш доданд, – мегӯяд директори генералии корхонаи муштараки ӯзбекистониву ҳиндустонӣ «Serene Healthcare» Сатиш Виджайварги. – Дар пояи муоҳидае, ки он вақт ба имзо расид, дар Тошканд корхонаи муштараки «Serene Healthcare» ба кор сар кард. Мо доруворро дар шакли ампула ва моеъ истеҳсол мекунем. 
Сатиш Виджайварги таъкид сохт, ки Ӯзбекистон дар маркази Осиёи Миёна ҷойгир шудааст, бинобар ҳамин ҳам маҳсулотеро, ки дар ин ҷо истеҳсол мешаванд, ба бозори кишварҳои ҳамсоя содир кардан мувофиқтар аст. 
Ҳоли ҳозир дар Маркази давлатии экспертиза ва стандарткунонии воситаҳои доруворӣ, маснуоти таъиноти тиббӣ ва техникаҳои тиббии Оҷонсии оид ба рушди соҳаи дорувории назди Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷараёни ба қайдгирии воситаҳои доруворие, ки дар корхонаи муштараки «Serene Healthcare» истеҳсол шудаанд, идома дорад. Баъд аз анҷом ёфтани ин ҷараён, яъне пас аз ба охир расидани санҷишҳои дахлдори табобатии ин воситаҳои доруворӣ корхона бо иқтидори пурра ба кор сар мекунад.
Ба роҳ мондани фаъолияти корхонаи муштараки «Serene Healthcare» дар оянда барои афзудани миқдори дорувори ватанӣ дар бозори дохилӣ саҳми бузург хоҳад гузошт.

Моҳигул ҚОСИМОВА, хабарнигори ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: