Дар корхонаҳои нав ҷойҳои кори доимӣ созмон дода мешаванд

  • Дар корхонаҳои нав ҷойҳои кори доимӣ созмон дода мешаванд

Сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Андиҷон аз ноҳияи Бўстон оғоз ёфт.

Чанде пеш дар ин ҷо корхонаи нассоҷии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сайёра фаввораси» ба истифода дода шуд.

Дар доираи лоиҳаи арзиши умумиаш 113 миллиард сӯм бинои истеҳсолӣ сохта шуд, ки он бо таҷҳизоти ҳозиразамони Туркия ҷиҳозонида шудааст. Истеҳсоли бештар аз 50 хел либосҳои тайёри трикотажӣ барои мардон, занон ва бачагон азхуд карда шуд. Иқтидори истеҳсолӣ – 1 миллиону 200 ҳазор адад маҳсулот дар як сол. Қариб ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин карда шуданд.

Қисми асосии маҳсулоти босифати ширкат таҳти бренди "Elegance SM" содир карда мешавад. Ҳаҷми солонаи содирот дар сатҳи 4 миллион доллар пешбинӣ шудааст.

– Вақте ки мо барои фароҳам овардани шароит барои ин корхона шурӯъ кардем,  аксарият бовар надоштанд, ки он бомуваффақият кор мекунад. Бӯстон яке аз ноҳияҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомонда буд. Хурсандиовар аст, ки чунин корхонахо кушода шуда, мардум манбаи даромад пайдо мекунанд. Бояд ин корро идома дода, шумораи ҷойҳои корӣ зиёд карда шавад, – гуфт сарвари давлат.

Дар ин ҷо маркази таълими касбӣ низ кушода шудааст. Дар он сокинони бекори вилоят касб меомӯзанд. Аз ҷумла, дар вақтҳои охир 200 нафар занони аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир ба таълим фаро гирифта шуда, бо кор таъмин гардиданд.

Президент дар суҳбат бо онҳо қайд кард, ки соҳиби маълумот ва касб будани занон дастоварди бузурги оилавӣ мебошад. Ба кори корхона муваффақият, ба занон беҳбудии оилавӣ орзу намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: