Тарҳи самти мавзеи Сергелии метрополитени шаҳри Тошканд хеле пештар кашида шуда будааст.
Тарҳи самти мавзеи Сергелии метрополитени шаҳри Тошканд хеле пештар кашида шуда будааст. Ҳатто шунида будем, ки яке аз истгоҳҳои ин самт ба номи шоири бузурги тоҷик Мирзо Турсунзода гузошта мешавад. Ин хабари хуш боиси ифтихор буд, зеро Турсунзода шоири машҳуру маъруфи мост.
Воқеан, хуб мешуд, агар номи ин адиби бузург ба ягон истгоҳ гузошта шавад. Мо медонем, ки дар метрополитени пойтахт ба номҳои асосгузори адабиёти классикии ӯзбек Алишер Навоӣ, адибон Абдулло Қодирӣ, Ғафур Ғулом, Ойбек, Ҳамид Олимҷон ва ҳатто сардафтари адабиёти классикии рус Александр Пушкин истгоҳҳо мавҷуданд. Барои чӣ дар ин саф номи адиби машҳури тоҷик М.Турсунзода ҳам набошад? Охир ӯ дастпарвари Дорулмуаллимини Тошканд аст!
Чанд сол муқаддам дар хати юнусободии метро истгоҳеро ба номи яке аз саромадони назми муосири тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ монданӣ буданд. Вале ин тавр нашуд... Ба номи ин шоири маъруфи тоҷик гузошта шудани истгоҳи метрополитен гап буд ё реҷаи давлатӣ, мо намедонем.
Аввали соли ҷорӣ ба ноҳияи Сергелии шаҳри Тошканд, ба меҳмонии хонадоне рафтанӣ шудем. Шунида будем, ки ба ин ноҳия ҳам аз тариқи хати нави метро рафтан мумкин аст. Аммо бо кадом роҳ? Чӣ тавр? Аниқ намедонистем. Бинобар ин фурсатро аз даст надода, ба таксӣ нишастем. Шиносамон Мавлуда Муҳиддинова чун донист, ки бо мошини кирокаш омадаем, моро андак «коҳиш» кард: – Барои чӣ бо метро наомадед?! Тез ва арзон меомадед-ку? Дугонаам аз истгоҳи «Бодомзор» дар 30 дақиқа омада расид...
Мо эътирози ӯро дуруст қабул кардем ва донистем, ки ба метро аз куҷо шистану дар куҷо фаромадан лозим.
Рӯзи дуюми меҳмонӣ мо бо маҳаллу масканҳои Сергелӣ шинос шудем. Тасодуфан назарамон ба лавҳаи пештоқи бозори хурди ин мавзеъ афтод, ки дар он «Кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзода» сабт шуда буд. Ана, барои чӣ ба истгоҳи ин хати метро номи шоири машҳурро гузоштанӣ будаанд!.. Медонистем, ки аз истгоҳҳои Навоӣ ё Ойбеки метро ба кӯчаҳои ҳамноми онҳо мебароянд.
Кӯчаи Турсунзода бо махсусияти худ аз кӯчаҳои дигари пойтахт фарқ дошт. Дар васати он роҳи баланди рӯйизаминии метро гузаштааст. Ғайр аз бозору роҳ ва истгоҳҳо боз нуқтаҳои зиёди савдою хидмати маишӣ ва дуконҳо ба кӯча файзу тароват мебахшиданд. Сохтмони манзилҳои ҳозиразамон бошад, идома дорад.
Дар шаҳри Тошканд ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ майдону маҳаллае буд. Ҳоло низ майдон ҳаст, вале аз номаш нишоне нест. Дар пойтахт ҳамчунин кӯчаҳо бо номҳои шоири классики тоҷик Бадриддин Ҳилолӣ ва шоиру мутафаккири маорифпарвар Аҳмади Дониш мавҷуданд. Шояд боз бошанду мо намедонем... Моро аз он, ки бариловаи кӯчаҳои мавҷуда дар пойтахт ба номи Мирзо Турсунзода ҳам кӯчае ҳаст, ҳисси ифтихору шодмонӣ фаро гирифт. Дар кӯча хеле сайр кардем. Дар он рақами мавзею биноҳо намудоранд, вале, ғайр аз пештоқи бинои бозор, дар дигар ҷойи кӯча навиштаеро бо исми шоир надидем. Тӯли кӯча низ барои мо номуайян монд.
– Ман 30 сол боз дар ин ҷо савдо мекунам ва медонам, ки ин кӯчаи Турсунзода аст. Вале ба кӯча кай чунин ном дода шудаасту он аз куҷо то куҷо давом мекунад, намедонам.
Ба пурсиши мо чунин ҷавоб дод савдогарзани куҳансоле, ки дар бозор мева мефурӯхт.
Ба қисми рӯйизаминии метро баромадем. Он аз истгоҳи «Олмазор»-и самти Чилонзор то Сергелӣ кашол ёфтааст. Панҷ истгоҳи вай бо рақамҳои аз 1 то 5 ифода шудаанд, яъне ягонтои онҳо чун истгоҳҳои зеризаминӣ ном надорад.
Дар идораи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ӯзгариш» ҷавобан ба пурсиши мо ходиме гуфт, ки дар идора доир ба кӯчаи Турсунзода маълумоте надоранд, онро аз ҳокимият пайдо кардан мумкин аст.
Бино бар маълумоти ҳокимияти ноҳияи Сергелӣ бошад, кӯча мувофиқи қарори ҳокимияти шаҳри Тошканд аз 6 апрели соли 1992 ба номи намояндаи бузурги адабиёти тоҷик Турсунзода гузошта шудааст. Он дар самти шимол бо роҳи мудаввари автомобилгарди пойтахт ва дар ҷануб бо кӯчаи Шокирариқи ноҳияи Сергелӣ пайваст буда, масофааш беш аз 2 километр аст. Кӯча дароз нест, вале аз кӯчаҳои фарох ва маъмуриву ободи пойтахт маҳсуб меёбад. Ғайр аз ин, далелҳо ба мо, гуфтанд, ки ҳокимияти ноҳия ният дорад моҳи июни соли равон ҷашни 110-солагии шоири шаҳирро баргузор кунад ва моро низ даъват хоҳад кард. Барои ин хабару илтифот ба ходимони идора арзи сипос намуда, бо ин орзуи нек бадар рафтем:
– Бигузор, кӯчаи ба номи гуҳарафшони боғи шеърият Турсунзода дар пойтахти азими мо абадӣ ва ҳамеша пуртаровату зебо бошад.
Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.