Дар он ҳайати соҳибкорони Ӯзбекистон таҳти сарварии муовини аввали вазири сармояҳо, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нозимҷон Холмуродов иштирок карданд.
Роҳбари ҳайат дар суханронии худ дар бораи ислоҳоти дар кишварамон муҳайёгардида, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, иқтидори сайёҳию саноатии Ӯзбекистон маълумоти муфассал дод.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти беш аз 40 корхонаи истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва нассоҷӣ ва кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуд. Бо роҳбарияти ширкатҳои бузурги Кувайт мулоқот барпо гардид.
Ба манзури таҳкими равобити тоҷирони Ӯзбекистону Кувайт тавофуқ шуд, ки форуми навбатии соҳибкорон моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор шавад.