ДАР ЛИТВА МАРКАЗИ МАЪРИФАТ КУШОДА ШУД

Дар шаҳри Висагинаси Литва маросими ифтитоҳи расмии Маркази маърифати Ӯзбекистон дар назди Маркази хидматрасонии иҷтимоӣ баргузор шуд.

Чорабинӣ дар доираи сафари ҳайати ҳокимияти шаҳри Навоӣ, бунёди «Ватандошлар» ва Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва равобити дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирон ба амал омад.
Дар маросими ифтитоҳ сафири Ӯзбекистон дар Литва (қароргоҳаш дар шаҳри Рига) Қадамбой Султонов, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими Навоӣ Муҳитдин Базаров ва шаҳрдори Висагинас Эрландас Галагуз иштирок доштанд.
Лоиҳа, ки ба таблиғи забони ӯзбекӣ, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, инчунин таҳкими равобити гуманитарӣ нигаронда шудааст, аз ҷониби сафоратхонаи Ӯзбекистон якҷоя бо Маркази мадании ӯзбек дар Литва ташкил карда шуд.
Дар марказ маҳфилҳо оид ба омӯзиши забони ӯзбекӣ, таърих ва анъанаҳои халқи мо, фаъолияти эҷодии шоирон, олимон ва мутафаккирони ӯзбек ташкил карда хоҳад шуд.
Баргузории чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллии Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст.
Ба меҳмонон дар бораи рушди ҳамкории дуҷониба байни Ӯзбекистон ва Литва, дигаргуниҳои васеъмиқёс оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи шаҳрвандон, ки дар хориҷ фаъолияти меҳнатӣ доранд, инчунин тадбирҳо оид ба ҷалби васеи иқтидори ҳамватанон дар равандҳои рушди кишвар, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва ғайра маълумот дода шуд.
Ба марказ китобҳое, ки Фонди рушди забони ӯзбекии назди Девони Вазирони Ӯзбекистон фиристодааст, тақдим гардиданд.
Дар бораи ҳамкорӣ дар қонеъ гардондани эҳтиёҷоти Марказ ба маводҳои иловагии таълим ва тақдимотӣ тавофуқ ҳосил шуд.

АИ «Дунё»,
ВИЛНЮС.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: