Дар Лондон дурнамои густариши ҳамкориҳои Ӯзбекистону Бритониё дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд

Сафири Ўзбекистон дар Британияи Кабир Равшан Усмонов бо менеҷери минтақавии ширкати бритониёии «Ethos Energy» Нил Адам мулоқот намуд.

"Ethos Energy" ба турбинаҳои газ ва буғ, генераторҳо ва трансформаторҳо дар бахши энергетика хидмат мерасонад ва компрессорҳо, турбинаҳо, генераторҳо ва ҷузъҳои муҳаррикро дар бахши нафту газ таъмир мекунад. Ширкати мазкур дар беш аз 40 макони ҷаҳон, аз ҷумла дар ИМА, АМА, Полша, Қазоқистон, Туркманистон ва дигар кишварҳо намояндагиҳо дорад, хабар медиҳад АИ «Дунё».

Дар рафти суҳбат қайд карда шуд, ки стратегияи дарозмуҳлати тараққиёти саноати нафту газ, энергетика, ангиштсанг, кимиё ва сохтмон ба таъмини рушди муътадили иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии аҳолӣ ва пайваста конеъ гардондани эхтиёҷот ба ресурсҳои сӯзишворию энергетикӣ нигаронида шудааст.

Нил Адам аз шиносӣ бо ислоҳот дар соҳаи энергетикаи Ӯзбекистон изҳори қаноатмандӣ кард.

Бобати омӯзиши дурнамои ҳамкориҳо дар самти баланд бардоштани самаранокии энергетикии бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия созиш ҳосил шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: