Дар Лондон масъалаҳои тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи хидматрасонии сайёҳӣ баррасӣ шуданд

Раиси Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон Умид Шодиев дар доираи сафари корӣ ба Лондон бо муовини ректори Коллеҷи донишгоҳии Бирмингем Дэвид Полсон мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои баргузории семинарҳои муштарак оид ба туризм барои намояндагони соҳаи сайёҳӣ, ташкили таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳ барои ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Ӯзбекистон бо мақсади табодули таҷриба дар соҳаи тайёр намудани мутахассисону кадрҳо баррасӣ шуданд.

Дэвид Полсон ба роҳандозии ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи Бирмингем ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии "Роҳи абрешим" дар Самарқанд ва Донишгоҳи пажӯҳиши муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Осиёи Марказӣ дар Тошканд изҳори ҳавасмандӣ кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: