Дар Лондон масоили вуруди ширкатҳои Ӯзбекистон ба бозори Бритониё баррасӣ шуд

Дар Сафорати Ӯзбекистон дар Лондон бо директори иҷроияи ширкати бритониёии «Parker Russell» Ҷейсон Паркер мулоқот баргузор гардид.

Ширкати «Parker Russell»  як ширкати муҳосибӣ, аудити байналмилалӣ, андоз ва машваратҳои ҳуқуқӣ мебошад, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ сертификатсия шудааст. Ташкилот хидматрасонии аудит ва баҳисобгирии муҳосибӣ, инчунин хадамоти андоз, молиявӣ, машваратӣ ва ҳуқуқиро ба корхонаҳо ва шахсони воқеӣ мерасонад. Он дар 75 кишвари ҷаҳон намояндагиҳои доимӣ дорад. Фаъолияти «Parker Russell» дар Ӯзбекистон аз соли 2003 ба ин сӯ роҳандозӣ шудааст, хабар медиҳад АИ “Дунё”.

Зимни суҳбат Ҷейсон Паркер ин созмон ва фаъолияти онро муфассал муаррифӣ намуда, омодагии худро барои дастгирии соҳибкорони бузурги Ӯзбекистон дар роҳи ворид шудан ба бозори Британия ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ изҳор дошт.

Инчунин, дар рафти суҳбат дар бораи ташкили сафари Ҷейсон Паркер  ба Ўзбекистон ҷиҳати баргузор намудани мулоқоти дуҷониба дар Вазорати сармояҳо, саноат ва савдо, Вазорати адлия ва Палатаи савдою саноат мувофиқа ҳосил шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: