ДАР МАДРИД КОМЁБИҲОИ ӮЗБЕКИСТОНРО ДАР СОЛҲОИ ОХИР БАРРАСӢ КАРДАНД

Дар пойтахти Испания бахшида ба сиёсати ислоҳоти роҳбарияти Ӯзбекистон, комёбӣ ва пешомадҳои он «мизи муддавар» баргузор шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои соҳавии Испания, роҳбарони бунёдҳои гуногуни ҷамъиятиву хайриявӣ ва ширкатҳо, профессорони мактабҳои машҳури олӣ, коршиносони пажӯҳишгоҳҳои илмиву тадқиқотӣ, ҳамчунин журналистон иштирок карданд.
Иштирокдорон тағйироти иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ, корҳоеро, ки бобати беҳтар кардани вазъият дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва таъмин сохтани озодии дини шаҳрвандон амалӣ мешаванд, ҳамчунин фароҳам овардани иқлими мусоиди соҳибкорӣ ва сармоявиро муҳокима намуданд.
Доир ба ҷараёни татбиқшавии Стратегияи амалиёт оид ба рушди Ӯзбекистон дар давраи солҳои 2017-2021, Барномаи давлатӣ бинобар мубориза ба муқобили тамаъгарӣ, рушди таълим, фарҳанг ва варзиш табодули афкор ба амал омад.
Ба ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев, ки соли равон бинобар он баённомаҳои Ассамблеяи Генералии СММ «Мустаҳкам кардани ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ бобати таъмин сохтани сулҳу салоҳ, эътидол ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ» ва «Маърифат ва кушодадилии динӣ» қабул гардид, ҳамчунин аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА аз «рӯйхати кишварҳое, ки боиси ташвиши махсус мебошанд», хориҷ гардидани Ӯзбекистон эътибори махсус дода шуд. 
Дар ҷараёни муҳокима равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки дар ҷумҳурӣ ба амал меоянд, баҳои мусбат гирифт. Таъкид шуд, ки ислоҳоти куллӣ ва саривақтӣ аллакай имрӯз барои таҳкими нуфузи мамлакат дар арсаи байналхалқӣ ва вусъат пайдо кардани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо Испания таъсири мусбат мерасонанд.
Мушовири Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳои Аврупо ва ҳамкории Испания, коршинос бинобар Осиёи Марказӣ Антонио Алонсо, ки дар чорабинӣ ба сухан баромад, иштирокдоронро бо афзалиятҳои ҳамкории байналхалқии Ӯзбекистон, ҳолати кунунии муносибатҳои ӯзбекистониву испаниёӣ ва пешомади онҳо шинос кард. 
– Сарвари Ӯзбекистон равшан дарк менамояд, ки бидуни пешрафти бештари иқтисодӣ ва озодкунии бозор наметавон ба нишондиҳандаҳои баланди иҷтимоиву иқтисодӣ муваффақ шуд, барои ин бошад бояд, пеш аз ҳама, дар минтақаи Осиёи Марказӣ муносибати мусоиди хориҷӣ фароҳам оварда шавад. Роҳи нави минтақавии Тошканд ба раванди «аз сабқатбозӣ ба шарикии воқеӣ ва муфиди тарафайн» такя мекунад, таъкид кард вай.
Президенти Иттиҳодияи тадқиқоти Авроосиёи Испания Фернандо Морагон зикр намуд, ки Ӯзбекистон тӯли ду соли охир дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки дар мамлакат ҳамчун аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ва ҳамкории тарафайн бо шарикони байналхалқӣ ҳисобида мешавад, ба пешрафти назаррас ноил гардид.
Комёбиҳои Ӯзбекистонро дар соҳаҳои мазкур аллакай сарони бисёр давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ эътироф мекунанд, инро аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА аз «рӯйхати кишварҳое, ки боиси ташвиши махсус мебошанд» (CPC) хориҷ гардидани мамлакат собит менамояд. 
Раиси гурӯҳи ҷавонони ҷунбиши ҷамъиятиву сиёсии «Иттиҳоди Панаврупо» дар Испания Карлос Уриарте эътибори ҳозиронро ба таҳдидҳои экологие, ки ҷумҳурии мо ва тамоми Осиёи Марказӣ ба онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, аз ҷумла хушкшавии баҳри Арал ҷалб намуд. 
Бинобар ақидаи ӯ ин мушкилот кайҳо аз ҳудуди минтақа берун рафта ба мушкилоти умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва эътибори ҷиддии созмонҳои байналхалқӣ, олимон ва коршиносони тамоми ҷаҳонро тақозо дорад. Таъсири манфии фоҷиаи экологӣ алҳол амалан дар ҳама ҷо мушоҳида мешавад, бунёди бисёршарики трастӣ барои минтақаи Наздиарал, ки бо ташаббуси Ӯзбекистон таҳти васояти СММ таъсис ёфт, дар кори нарм сохтани оқибатҳои хушкшавии баҳри Арал дастури саривақтӣ ва ёвари муҳим ба шумор меравад.
Котиби генералии Иттиҳодияи шарқшиносони Испания Хесус Хил дар бораи озодтар шудани иқтисодиёти Ӯзбекистон сухан ронда, изҳор дошт, ки ширкатҳои испанӣ ба бозори муттасил инкишофёфтаистодаи Ӯзбекистон рағбати зиёд зоҳир менамоянд.
Вай қайд кард, ки сектори хусусии Испания метавонад барои рушди чунин соҳаҳо дар Ӯзбекистон, аз ҷумла хӯрокворӣ ва саноати маъданҳои кӯҳӣ, кишоварзӣ, сохтмон, инфрасохтор, сайёҳӣ, ҳамчунин дорусозӣ технологияҳо расонда диҳад. 
Натиҷаи муҳокимаҳо рағбати азими тарафайни ҷонибҳоро ба вусъат додани ҳамкориҳои бисёрҷанба дар партави ислоҳоти мусбате, ки дар ҷумҳурӣ татбиқ мешаванд, нишон дод. 

ОИ «Дунё»   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: