ДАР МАҶЛИСГОҲИ ҲОКИМИЯТИ ВИЛОЯТИ ҶИЗЗАХ СЕССИЯИ НАВБАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев ҳангоми ташриф ба вилояти Ҷиззах 30-31 январи соли ҷорӣ зимни баррасии масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ дурнамои соҳаҳои асосиро муайян намуд.

Дар ҷамъомаде, ки фаъолони вилоят, депутатҳо, роҳбарони созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳокимони шаҳру ноҳияҳо, намояндагони ҷомеаи васеъ иштирок намуданд, доир ба рушди иқтисодиётӣ вилоят, боло бардоштани дараҷаи ҳаёти аҳолӣ машварат карда буд.
Дар сессияи навбатӣ ҳокими вилоят Эргаш Солиев натиҷаҳои асосиро дар соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра сарҳисоб намуд. Назар ба таъкиди ӯ дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 истеҳсоли умумии маҳсулот 6,1 фоиз афзуд. Даромади умумии солона ба сари аҳолӣ ба ҳисоби миёна 8,8 миллион сӯм  рост омад. Бо мақсади дастгирӣ намудани қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ ба 640 нафар шахсони ногиро аробачаҳо тақдим карда шуд.1721 нафар сокинони вилоят  барои табобат роҳхат гирифтанд.
Ҳоло дар ҳудуди вилоят 526 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. 121-то корхона дар ихтиёри сормоядорони хориҷӣ мебошад. Баргузор гардидани Форуми байналхалқии сармоягузорӣ моҳи сентябри соли 2018 дар миқёси вилоят боиси ба имзо расидани шартномаҳои зиёд гардид.
– Ба нақша гирифта будем, ки 426-то лоиҳаро ба иҷро расонем. Аз ин 145-тояш то ҳол ба анҷом нарасидаанд. 331 лоиҳа пурра амалӣ гардид. Дар назди мо вазифаҳои муҳиме қарор доранд, ки Сарвари давлат ҳангоми ташриф ба вилоят тавсияҳо дода буд, – гуфт ҳокими вилоят Эргаш Солиев. – Ин  вазифаҳо иборат аз вусъат додани корҳои созандагӣ дар доираи Барномаи давлатии «Обод қишлоқ» ва «Обод маҳалла» ислоҳи соҳаи тандурустӣ, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ ва амсоли инҳо мебошанд,– илова намуд ҳокими вилоят.
Дар сессияи навбатӣ масъулони прокуратура, садоратҳои корҳои дохилӣ, суди иқтисодӣ ба сухан баромада оид ба мустаҳкам намудани қонунмандиҳо, баланд бардоштани дараҷаи маданияти ҳуқуқии аҳолӣ ибрози ақида намуданд. Баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии аҳолӣ шарти зарурии рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт ба ҳисоб меравад, – гуфтанд нотиқон. – Аз ин рӯ  дар руҳи эҳтиром ба қонуну фармонҳои Сарвари давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ ҳаёт ба сар бурдани аҳолӣ боиси як андоза баланд гардидани некуаҳволии онҳо хоҳад гашт.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: