Одатан ҳудудҳо бо шарофати фарзандони асилу соҳибистеъдодашон шинохта мешаванд.
Аз ҷумла, Бухорои шарифро бузургони илму фарҳанг, дину адабиёт ва пиру авлиёяш ба ҳафт иқлим машҳур гардондаанд. Солҳои истиқлол овозаи мактаб-интернати ихтисосонидашудаи Қарокӯл, ки асосгузори он омӯзгори фидокор Тӯхтамурод Ҷумъаев мебошад, нафақат дар Ӯзбекистон, балки берун аз ҳудудҳои он низ паҳн гардида буд. Ҳоло ин анъанаро шогирдони муносиби вай идома медиҳанд. Ҳамчун омӯзгори собиқ ва шаҳрванди оддии диёр аз комёбиҳои пай дар пайи мактаб-интернати ихтисосонидашудаи давлатии таълими умумии рақами 1-уми ноҳияи Қарокӯл огоҳ гардида, хеле шод мешавам. Ба қарибӣ шунидам, ки бо ташаббуси сарвари давлат бинобар комёбиҳои назарраси шогирдонаш дар озмунҳои байналхалқӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити қулай ба онҳо бо қарори Девони Вазирон бинои коллеҷи касбу ҳунари саноат ва нақлиёти Қарокӯл ба мактаб-интернати номбурда дода шуда, он соҳиби мақоми «Мактаби байналхалқии математика» гардидааст.
Ҳангоме ки вориди мактаб-интернат шудем, маълум гардид, ки як гурӯҳ меҳмонон – кормандони муассисаҳои таълими вилояти Сирдарё бо мақсади омӯхтани таҷриба ин ҷо омадаанд. Мактаб-интернат ороиши идона дошт ва кормандону шогирдони он ҳар як ояндаро пешвоз мегирифтанд.
Шиносоӣ
Баъди вохӯрӣ бо омӯзгорон худро шинос кардам. Онҳо дар мамлакат ба забони тоҷикӣ нашр шудани рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро намедонистаанд.
Мактаб-интернат соли 2009 бо қарори ҳокими ноҳия ҳамчун мактаби ихтисосонидашудаи давлатии таълими умумии №52 арзи вуҷуд кардааст. Он 28 декабри соли 2013 мувофиқи қарори ҳокими вилоят ба мактаб-интернати ихтисосонидашудаи давлатии миёнаи умумии №1 Қарокӯл табдил ёфтааст.
Солҳои аввал мактаб талабагонро аз синфи дуюм, баъди ба мактаб-интернат табдил ёфтан аз синфи V қабул мекард. Соли хониши ҷорӣ қабули талабагон аз синфи VII сурат гирифт. Ҳоло дар ин ҷо ба 414 нафар талабагон 51 нафар омӯзгорони пуртаҷриба асосҳои илмро меомӯзонанд. Бояд таъкид намуд, ки 70 фоизи муаллимон соҳиби тоифаҳои олию якум мебошанд. 12 нафарашон «Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мебошанд. Қариб 40 нафар талабагони мактаб-интернат намояндагони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ, 170 нафарашон фарзандони ноҳияҳои вилоят ва қисми боқимонда наврасони қарокӯлӣ мебошанд. Мактаб-интернат ба фанҳои математика, физика, кимиё, биология ва забони англисӣ ихтисосонида шудааст.
Ифтихор
Деҳқон аз самараи меҳнати худ ҳар сол бархурдор мегардад, вале ба омӯзгор лозим меояд, ки барои дидани ҳосил солҳои зиёд заҳмат кашад. Ниҳоят «ниҳоли» меҳнати чандинсолаи омӯзгорони мактаб-интернат соли 2015 бор овард. Шогирди онҳо Аббос Сайлиев тобистони ҳамон сол дар озмуни байналхалқии фанни математика дар Чин соҳиби медали нуқра гардид. Ҳамин тариқ гӯё дари парвози орзуҳои ҷамоаи мактаб-интернат боз шуд.
Пас аз як сол талабаи синфи VII Шаҳбоз Ҳасанов дар олимпиадаи байналхалқии математика дар Шоҳигарии Таиланд медали нуқраро ба даст овард. Ӯ баъди панҷ моҳ дар озмуни фанни математика дар Ҷопон барои комёбиҳояш соҳиби «Гран-при» гардид. Худи ҳамон сол талабаи мактаб-интернат Олимҷон Олимов дар озмуни фанни математика дар Маскав таҳти унвони «Ҳазорсолаи сеюм» иштирок намуда, бо медали биринҷӣ сарфароз шуд. Ҳаммактабони ӯ Дониёр Исмоилов ва Севара Остонова низ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Моҳи июни соли 2017 озмуни байналхалқии Лакҳнави Ҳиндустон дар хотири ҷамоаи мактаб-интернат нақши фаромӯшнашаванда гузошт. Дастпарварони онҳо Дониёр Исмоилов, Севара Остонова бо медали тиллоӣ, Олимҷон Олимов ва Исмоил Пӯлодов бо медали нуқра баргаштанд. Баъди як сол шогирди таълимгоҳ Бобур Ҳалимов аз фанни физика дар озмуни байналхалқии ба номи Мирзо Улуғбек (дар Самарқанд) иштирок карда, соҳиби медали биринҷӣ ва имтиёзи дохилшавӣ ба мактаби олӣ гардид. Соли 2018 Дониёр Исмоилов, Лазиз Раҷаббоев ва Севара Остонова дар Булғория дар озмуни байналхалқии математика сазовори медалҳои тиллоӣ, нуқра ва диплом, инчунин дар ҳайати ҷамоа соҳиби медали нуқра гаштанд. Моҳи декабри соли 2018 ҳарсеи онҳо дар шаҳри Боку дар озмунҳои математика, физика ва кимиё ҳам дар ҳайати ҷамоа ва ҳам алоҳида бомуваффақият иштирок намуда, бо медалҳои нуқра тақдир ёфтанд.
Моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Дурбани Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ озмуни байналхалқии математикӣ баргузор гардид. Дар он аз 41 давлат зиёда аз 500 нафар талабагон иштирок карданд. Дар ҳайати Ӯзбекистон 4 нафар шогирдони мактаб-интернати мазкур бомуваффақият иштирок намуданд.
Ҷамоаи таълимгоҳ ифтихор доранд, ки шогирдони собиқу имрӯзаашон Нафосат Ҷӯрабекова ва Севара Остонова (соли 2019) сазовори Мукофоти давлатии ба номи Зулфия ва Дониёр Исмоилов соҳиби мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» гаштаанд.
Мулоқот бо ғолибон
Ҷомҳо, медалҳо, ифтихорномаҳои шогирдони Мактаби байналхалқии математика, ки назди даромадгоҳи қабулгоҳ рӯи миз гузошта шудаанд, беихтиёр диққати моро сӯи худ мекашад. Мехостем, ки бо соҳибони ин мукофотҳо бевосита мулоқот кунем. Аён гардид, ки як қисми ғолибон – талабаҳои синфҳои болоиро ба пойтахт даъват кардаанд. Онҳо дар он ҷо ба қувваозмоиҳои навбатӣ тайёрӣ медидаанд. Бо вуҷуди ин мо бо се нафар талабаи мактаби байналхалқии математика суҳбат оростем.
Анвар Раҳматов аз деҳаи Оқпӯлоди ноҳияи Олот аст. Вай дар мактаби №25-и деҳа бо баҳои аъло мехонду ба фанни математика бештар майл дошт. Вақте ки Анвар ба синфи IV гузашт, ӯро назди омӯзгори математикаи мактаб-интернати номбурда Рӯзимурод Рӯзимуродов, ки ба онҳо наздик буд, бурданд. Вай баъди санҷиш ба таклифи падару модари Анвар розӣ шуд. Ҳамин тариқа А.Раҳматов ним рӯз ба мактаб мерафту нимаи дуюми рӯз ба ҳавлии Р.Рӯзимуродов. Хулоса, Анвар аз санҷишҳо бомуваффақият гузашта, ба шогирдии таълимгоҳи орзукардааш муяссар гардид. Ҳоло вай талабаи синфи VIII мебошад.
А.Раҳматов моҳи августи соли ҷорӣ аз озмуни байналхалқии ҶАҶ бо медали тиллоӣ баргашт. Дар таркиби ҷамоаи Ӯзбекистон низ соҳиби медали биринҷӣ ва ҷоми ҷаҳон шуд. Вай моҳи сентябр дар озмуни ҷумҳуриявии математика ба номи Т.Ҷумъаев ҳам ҷойи аввалро ба даст даровард.
Тӯймурод Қодиров зодаи деҳаи Кӯшки ноҳияи Ғиҷдувон мебошад. Падари тадбиркораш Сӯҳроб Тӯймуродов ва модари омӯзгораш Шаҳноза Равшанова барои табъи дил таълиму тарбия гирифтани фарзандон шароити зарурӣ фароҳам овардаанд. Вай соли хониши 2016-2017 ба синфи 5-уми ба фанҳои математикаю забони англисӣ ихтисосонидашудаи Мактаби байналхалқии математика қабул гардид. Соли 2018 дар озмуни байналхалқии Маскав аз фанни математика ҷойи дуюмро ба даст даровард. Соли ҷорӣ дар озмуни байналхалқии математикаи Дурбани Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ҳам дар мусобиқаҳои инфиродӣ, ҳам дар таркиби ҷамоаи мамлакат медалҳои биринҷӣ ва ҷоми ҷаҳонро соҳиб шуд.
Азизбек Эргашев соли 2005 дар деҳаи «Охунбобо»-и ноҳияи Қарокӯл ба дунё омадааст. Дар мактаби №25-и деҳа бо баҳои аъло мехонд. Модари омӯзгораш Нафиса Ҷумъаева раҳнамои доимиаш аст. Азизбек, ки ҳоло талабаи синфи IX аст, аз Африқо бо ифтихорнома ва дар ҳайати ҷамоаи мамлакат бо медали биринҷии ҷоми ҷаҳон омад.
Ташкилотчӣ
Суҳбати мо бо ғолибон ва омӯзгорони онҳо идома дошт. Кушода шудани дар ва бо роҳбаладии директори мактаб Темир Рӯзиев даромада омадани меҳмонони сирдарёӣ диққатамонро сӯи худ кашид. Сардор шогирдони ғолибро назди мо дида, онҳоро ба меҳмонон муаррифӣ кард. Як лаҳза мулоқот бо эшон ба амал омад. Бояд таъкид намуд, ки ташаббускор, ташкилкунандаи мактаби ихтисосонидашудаи давлатии таълими умумии №52 ва ба мактаб-интернат табдилёбии он ҳамин Темир Рӯзиев мебошад. Темир Раҷабович фарзанди Қарокӯл аст. Вай соли 1964 дар деҳаи Арабхонаи ҷамоати шаҳрвандони Ҷилғачӣ дар оилаи деҳқон таваллуд ёфта ба воя расидааст. Ӯ касби омӯзгориро интихоб кард ва баъди хатми Донишкадаи педагогии Тошканд ба номи Низомӣ бо дипломи омӯзгори таъриху ҳуқуқшиносӣ дар соли 1990 ба зодгоҳ баргашт. Дар ташкилоти ҷавонони ноҳия ва шуъбаи таълими халқи ноҳия ҳамчун услубшинос кор кард. Баъди ҳашт соли омӯзгорӣ дар мактаб-интернат аз соли 2009 инҷониб ҳамчун сардори таълимгоҳ фаъолият дорад.
– Замоне ин биноро ройгон қабул карда будем, – гуфт сарвари мактаб. – Тадриҷан ба ҷараёни таълиму тарбия мувофиқ гардондем. Даҳ сол муқаддам ин эътибор, ин шароит набуд. Ҳоло ташаббускори ин ҳама пешравӣ худи сарвари давлат аст. Ғамхорӣ ба таълиму тарбия ва кормандони соҳа бешубҳа самараи худро медиҳад. Мо сарфарозем, ки ҳамаи чор медали тиллоие, ки ҷамоаи Ӯзбекистон дар озмунҳои байналхалқии математика дар давоми солҳо ба даст даровард, ба шогирдони мактаби мо мансуб аст. Ҳаёт бори дигар собит намуд, ки садоқат ба касб ва меҳнати фидокорона ҳаргиз бенатиҷа намемонад. Баҳри таъмири он бештар аз 40 миллиард сӯм ҷудо гардидан, ба туфайли шогирдони соҳибистеъдод мақоми «Мактаби байналхалқии математика»-ро гирифтани таълимгоҳамон ба ин мисоли равшан аст. Қарори Президент «Дар бораи чораҳои ба роҳ мондани низоми муттасили муайян намудани ҷавонони соҳибистеъдод ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос» омӯзгорону шогирдони моро баҳри фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтари илму фан рӯҳбаланд месозад, – хулоса кард директор.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.