Мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 21 ноябри соли 2019 «Дар бораи ташкил намудани мактаб-интернатҳои ба санъати мақом ихтисосонидашуда» дар шаҳрҳои Тошканд, Фарғона, Бухоро ва Хоразм таълимгоҳҳои ҳунари мақом ба вуҷуд омаданд.
Мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 21 ноябри соли 2019 «Дар бораи ташкил намудани мактаб-интернатҳои ба санъати мақом ихтисосонидашуда» дар шаҳрҳои Тошканд, Фарғона, Бухоро ва Хоразм таълимгоҳҳои ҳунари мақом ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла, мактаб-интернати ихтисосонидашудаи мақоми Бухоро дар пойгоҳи мактаби маданияти Бухоро созмон ёфт. Ҳарчанд ба оғози фаъолияти даргоҳи ҳунар вақти зиёд нашудааст, мо хостем бо ҷараёни корҳо дар ин ҷо шинос шавем. Ҳангоме ки вориди мактаб-интернат гардидем, бачагон ба чашм намерасиданд. Баъд огоҳ гардидем, ки онҳо бо усули онлайн таълим мегирифтаанд. Дар кабинетҳои корӣ омӯзгорон машғулияте доштанд. Дар қабулгоҳ низ чор-панҷ нафар дар атрофи компутер ҷамъ омада, чизе менавиштанд. Директори таълимгоҳ Бахтиёр Исматов дар дафтари кориаш буд ва бо ду нафар ҳамкорон масъалаеро муҳокима мекард. Ниҳоят, баъди чанде интизорӣ наздаш даромадам. Пас аз ҳолпурсии самимона, вай аз мақсадам огоҳ шуда, сухан оғоз кард:
– Қарор саривақт баромада бошад ҳам, паҳншавии бемории коронавирус ба ҷараёни корҳоямон як андоза халал расонд, – оғоз кард вай. — Ниҳоят фаъолияти мо аз моҳи сентябр оғоз ёфт. Соли хониши ҷорӣ аз ҳисоби талабагони синфҳои 5, 6, 7 се гурӯҳи синафарӣ, ҷамъ 90 нафар талаба қабул кардем. Ҳангоми имтиҳони эҷодӣ бо иштироки директори Маркази мақоми Тошканд Соҳиб Бекматов талабагони муносибро ҷудо карда гирифтем.
– Шогирдони қабулгардида ҳама бухороиянд? – пурсидам аз ҳамсуҳбатам.
– Не, ба ғайр аз талабагони шаҳру ноҳияҳои вилоятамон, аз вилоятҳои Навоӣ, Самарқанд, Қашқадарё низ шогирдони зиёд таҳсил мегиранд.
– Шумо талабагонро аз синфи чандум қабул мекунед ва муддати таҳсил дар ин ҷо чанд сол аст?
– Фақат ибтидои кор – ҳамин соли хониш ба ғайр аз талабагони синфи 5 шогирдони синфҳои 6 ва 7-ро қабул кардем. Солҳои минбаъда қабул фақат аз синфи 5 сурат мегирад ва муддати таҳсил 7 сол, яъне то синфи XI идома меёбад.
– Шогирдони мактаб-интернати мақом дар кадом равияҳо таҳсил мегиранд?
– Дар ин ҷо ду равия: сурудхонии анъанавӣ, иҷрои анъанавӣ (навозандагӣ) бо асбобҳои мусиқӣ: рубоби қашқарӣ, танбӯр, дутор, уд, ғиҷҷак, най, қӯшнай, чанг, қонун, рубоби афғонӣ, доира амал мекунад.
– Дар бораи ҷамоаатон чанд сухан мегуфтед.
– Ҷамоаи мактаб-интернати мо аз 101 нафар иборат буда, 61 нафари онҳоро омӯзгорон ташкил мекунанд. Бобати кадрҳо норасоӣ надорем. Байни омӯзгорон мақомдону мақомсароёни машҳури вилоят Эшпӯлод Ортиқов, Толиб Темиров, Фазлиддин Гулов, Обид Темиров, Тӯймурод Қодиров фаъолият доранд.
– Дар Бухоро мактаби ихтисосонидашудаи санъат низ ҳаст. Фарқи мактаб-интернати шумо аз он дар чист?
– Фарқи аввал дар муддати таҳсил аст, яъне агар шогирдони онҳо ду сол хонанд, чӣ хеле ки дар боло гуфтем, талабагони мо 7 сол таҳсил мегиранд. Худ аз худ аён аст, ки мақомдонию мақомхонӣ амиқтар омӯхтанро тақозо мекунад. Фарқи дигар дар он аст, ки мактаб-интернати мо соҳиби хобгоҳ ва ошхона буда, шогирдонамон он ҷо чор бор аз ҳисоби давлат хӯрок мехӯранд.
– Ба ташкилёбии даргоҳи ҳунар се моҳ нашуда бошад ҳам, аз иштироки шогирдонатон дар тадбирҳои вилоятӣ огоҳ ҳастам.
– Бале, барномаи мусиқие, ки 21 октябри соли ҷорӣ ба муносибати Иди забон дар театри вилоятӣ ба амал омад, ба ҷамоаи мо тааллуқ дошт. Шабакаи телевизионии «Маънавият ва маърифат»-и ҷумҳурӣ низ дар бораи мактаб-интернати мо барномаи 40 дақиқагӣ омода кардааст. Ният дорем, ки рӯзҳои наздик барномаи «Шаби мақом» таҳия намуда, баромад кунем.
– Агар бемалол бошад, дар бораи худ ва оилаатон чанд сухан мегуфтед.
– Банда соли 1976 дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфтаам. Падарам (равонаш шод бод) Баҳодур Исматов ғиҷҷакнавоз, роҳбари мактаби мусиқӣ буд. Модарам Матлаб Маҳмудова – шифокор. Бобоям Аминҷон Исматов ғиҷҷакнавози дастаи мақомхонони Амир Олимхон будааст. Вай солҳои баъди инқилоб дар мактаби санъати Бухоро чанде омӯзгор буд.
Камина пас аз хатми факултети мусиқӣ ва суруди ДДБ дар мактаби ихтисосонидашудаи санъати Бухоро кор кардам. Арӯсамон Дилдора Ҳамидова низ корманди он ҷост. Шукр, фарзандон 3-то: Аминҷон донишҷӯйи курси сеюми факултети мусиқии ДДБ, Амирхон низ донишҷӯйи курси аввали факултети таълими ҳарбии ҳамин донишгоҳ аст. Ширинмоҳ толибаи синфи 6-уми мактаби миёна мебошад.
– Ташкил ёфтани мактаб-интернатҳои санъати мақом дар ҷумҳуриамон, бешубҳа, бобати эҳё ва рушди санъати асили классикии ниёгон воқеаи муҳим гардид.
– Дуруст гуфтед. Мо бухороиён ифтихор дорем, ки ватани таърихии мақом шаҳри мост. Он дар асри XVIII дар Бухоро бо номи «Шашмақом» густариш ёфтааст. Ба туфайли хидматҳои Ниёзҷонхӯҷа, ки аз Хоразм ба Бухоро омада асрори мақом омӯхта ба зодгоҳаш рафтааст, дар асри ХIХ дар Хоразм «Олтияриммақом» («Шашуниммақом») арзи вуҷуд кардааст. Сонитар дар Тошканду Фарғона «Тӯртмақом» («Чормақом») падид омад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки «Шашмақом» аз «Мушкилот» (мусиқӣ) ва «Наср» (матни суруд) иборат аст. Мақомҳои номбурда дар асоси ҳамин мушкилот (яъне «Шашмақом») ба вуҷуд омадаанд.
Аввалин нафаре, ки мусиқаи классикии «Шашмақом»-ро ба адвор (нота) даровардааст, В.А.Успенский мебошад. Китоби ӯ «Шесть музикальных поэм» соли 1924 зери таҳрири А. Фитрат ва Н. Н. Миронова дар Республикаи Халқии Бухоро интишор ёфтааст. Муаллифи китоб маводро аз Ота Ғиёс Абдуғанӣ ва Ота Ҷалолиддин Назиров (дар баъзе асарҳо ба ҷойи «ота» «бобо» оварда шудааст) навишта гирифтааст. Аз ин китоб як нусха ҳоло дар дасти мост.
Боиси ифтихор аст, ки «Шашмақоми Бухоро» соли 2003 аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун дурдонаи мероси ғайримоддии мадании умумиинсонӣ эътироф гардид.
Қарори Президент аз 17 ноябри соли 2017 «Дар бораи чораю тадбирҳои боз ҳам инкишоф додани санъати мақоми миллии Ӯзбекистон» баҳри рушди санъати мақом дар мамлакатамон омили муҳим гардид. Дар Шаҳрисабз баргузор гардидани Анҷумани байналхалқии санъати мақом, дар кишварҳои олам созмон ёфтани марказҳои «Шашмақом», ниҳоят дар мамлакатамон ба фаъолият оғоз намудани мактаб-интернатҳои ихтисосонидашудаи мақом барин чорабиниҳо, бешубҳа, баҳри оммавишавии санъати нодири классикиамон хидмат мекунанд.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.