ДАР МАКТАБИ ПЕШҚАДАМ

Тавре ки роҳбари давлатамон дар баромади худ ба муносибати Рӯзи муаллимон ва мураббиён таъкид намуд, “илм, таълим, тарбия – ин ҳалқаи асосии тараққиёт, пешравӣ, нерӯи мағлубнопазир мебошад, ки иқтидори мамлакатамонро афзун менамояд”.

Тавре ки роҳбари давлатамон дар баромади худ ба муносибати Рӯзи муаллимон ва мураббиён таъкид намуд, “илм, таълим, тарбия – ин ҳалқаи асосии тараққиёт, пешравӣ, нерӯи мағлубнопазир мебошад, ки иқтидори мамлакатамонро афзун менамояд”. Аз ин рӯ, кормандони сохтори таълими халқи вилояти Самарқанд низ дар асоси ғояи «Ӯзбекистони нав аз остонаи мактаб сар мешавад» амал карда, дар асоси донишу таҷрибаи муосир ва арзишҳои башардӯстона дар беш аз 1 200 мактаби вилоят ба шогирдон таълиму тарбия медиҳанд, то онҳо соҳиби тафаккурот шуда, дар ҳаёт ҷойи худро ёбанду бо ифтихори баланди ватандорӣ хизматгузори фардои давлату миллат гарданд. 
Боиси ифтихор аст, ки барои расидан ба рушду нумӯъ ва пешрафту дастовардҳои рӯзафзун мактаби таълими умумии рақами 21-уми шаҳри Самарқанд дар зинаи баланди рейтинги Садорати таълими халқи вилоят мебошад.
Дар тӯли беш аз 80 сол арзи вуҷуд доштани мактаб бисёр шахсони фидоӣ мудири таълимгоҳ буданд. Нахустин директор М.Юсуфова, инчунин А.Раҳимов, И.Кученский, Ҳ.Абдураҳмонов, Н.Тӯраев, А.Ғаниев, Қ.Тошматов, С.Меликова ва дигарон барои нуфузи хосса пайдо кардани маърифатгоҳ ва мутобиқи замон тарбия намудани насли наврас саҳми арзанда гузоштанд. Ҳоло мудир зани ташаббускору навовар Сабиҳа Раҷабова аст, ки аз шогирдӣ то дараҷаи сарвари мактаб расид. 
Ӯ дар мактаб аълохон буд ва дар корҳои ҷамъиятӣ пешқадамиро аз даст намедод, ки соҳиби медали тилло гашт. Номаи камолро гирифту масъалаи интихоби касби оянда ба миён омад.
– Ҷони оча, – ба маслиҳат пардохт модари меҳрубонаш Сафия Ҳалимова, ки дар шуъбаи матбуот  ҳисобчӣ буд, – барои зан касби муаллимӣ пешаи хуб аст. Таҳкурсии донишат мустаҳкам. Бирав, бахтатро дар факултаи дилхоҳат бисанҷ. Ману падарат дуогӯи ту ҳастем.
Сабиҳа аз санҷишҳои қабул сарбаландона гузашт ва номи талабаи факултаи физикаву математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқандро гирифт. Вай мактаби олиро низ бо дипломи имтиёзнок хатм намуда, фаъолияти меҳнатиро дар мактаби ҷонаҷонаш сар кард. Чанд муддат омӯзгор буд, вале роҳбарон хислатҳои ташаббускору навоварии ӯро ба ҳисоб гирифта, ҷонишин оид ба корҳои таълиму тарбия интихоб намуданд.
Соли 2020 директори мактаб Сайёра Меликова ба нафақа рафту ба ҷояш Сабиҳа Раҷабоваро тавсия намуд. Сарвари собиқи Садорати таълими халқи вилоят Саидаҳмад Усмонов бо ӯ суҳбат ороста, ба ҷаҳонбинӣ, тафаккур ва донишу нақшаҳои ояндаи муаллима аҳсант гуфт. Ва имрӯзҳо ҳамчун сарвари таълимгоҳ вазифаи хешро сарбаландона иҷро менамояд. Агар дар соли хониши 2019-2020 аз 166 нафар хатмкунанда 28 нафар ба мактабҳои олӣ дохил шуда бошанд, соли гузашта ин нишондод 40 нафарро ташкил намуд. 
Боиси ифтихор аст, ки дар байни хатмкунандагон ғайр аз Аввалин Президенти ҷумҳурӣ, инчунин академик, сафир, санъаткорон, доктори фанҳои тиб, ҳарбиён низ ба камол расиданд. Ҳоло ҳам мактаб аз рӯи рейтинг дар рӯихати пешқадамон аст. Хонандагон Фирдавс Ҷӯрақулов, Марҷона Нуруллоева, Абдулазиз Абдурафиқов, Парвина Маллаева дар озмуну олимпиадаҳои вилоятию ҷумҳурӣ ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд.
Имрӯзҳо толибилмони мактаб дар таътили зимистона ҳастанд. Аммо барои ҷамоа ҳамарӯза кор аст. Шояд аз ҳамин сабаб ташвишу таҳлукаи директор бисёр. 
– Сабаби комёбию пешравӣ, – бо табассуми ширин лаб ба сухан кушод Сабиҳа Мӯҳсиновна, – аз роҳандозии босамари Барномаи таълими миллӣ дар асоси таваҷҷуҳи пайвастаи сарвари давлатамон аст, ки ба соҳаи маориф, ба тарбияи насли наврас зоҳир менамоянд. Мо методикаи таълимро куллан тағйир додем. Беҳтарин китобҳои дарсии хориҷӣ аз рӯйи фанҳои риёзӣ, физика, кимиё, биология омӯхта шуда, ба масъалаҳои баланд бардоштани малакаи омӯзгорон, ҳамкорӣ бо волидайн, рағбатноксозии педагогҳои навовару шуҷоатманд диққату эътибор тағйир ёфт. Ҳоло дар мактаби мо 104 нафар муаллимон ҳастанд. Дар байни 83 мактаби шаҳр ва 1225 таълимгоҳи вилоят ҷойҳои фахрӣ насибамон гаштааст. 
Бояд дар омади гап бигӯям, ки бо салоҳдиди Садорати таълими халқи вилоят мактаби мо ба маркази барномаи байналхалқии баҳодиҳии тести дониши хонандагон дохил гашт, ки ин шараф аст. Устодони соҳибтаҷриба Д.Холиқова, Ш.Файзуллоева, Ф.Сатторова бо роҳбарии ҷонишинам Д.Вафоева корҳои ибратбахшро ба фарҷом мерасонанд.
– Чанде пеш маҷлис бо волидайни хонандагон баргузор гардид, ки бори нахуст фақат падарҳо ташриф фармуданд. «Суҳбати мард асар кунад» гуфтаанд. Нотиқон таъкид карданд, ки таълим ва тарбияи сифатноки насли наврасро чунон бояд ташкил кард, ки онҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим ва аз лиҳози маънавӣ комилу ватанпарварони ҳақиқӣ ба воя расанд. 
Ният дорем, ки имсол беш аз 50 фоизи хатмкунандагон ба мактабҳои олӣ дохил шуда, номи донишҷӯро бигиранд. Ва барои ба муроди дил расидан имкониятҳо мавҷуд, – мегӯяд ӯ.
– Зебунисо Нурмуҳаммадовна, аҷиб, ба мактабҳои рейтингашон паст чӣ гуна «мукофоту рағбатноксозӣ» пешбинӣ шудааст?
– Дар асоси қарори ҳокими вилоят барои баланд бардоштани сифати таълим дар 200 мактаб, ки сифати таълим дар зинаҳои паст ҷойгиранд, профессору устодони ботаҷрибаи донишгоҳҳои Самарқанд вобаста карда шудаанд.
Мо аввало пойгоҳи моддӣ-техникии мактабҳои рейтингашон пастро омӯхта, доир ба ҳалли муаммоҳо харитаҳои роҳ таҳия намудем. Вобаста ба салоҳияти омӯзгорон дар асоси нақшаҳои қатъӣ курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси онҳоро ташкил кардем. Якҷоя бо шуъбаи вилоятии маркази давлатии тест дар ҳар се моҳ аз хатмкунандагон аз рӯйи самтҳои интихобкардаашон санҷишҳои тест мегузаронем, – мегӯяд роҳбари Садорати таълими вилоят Зебунисо Шодиева. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: