Дар шаҳри Марғелон таҳти шиори “Мо Аралро наҷот медиҳем” марафон баргузор гардид.
Дар он аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят ҳудуди 3 ҳазор нафар варзишгарони ихтиёрии синну солашон аз 7 то 70 сола, варзишгарони касбӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, маълӯлон ва хоҳишмандони зиёд ширкат варзиданд.
Ҳасанҷон Акбаралиев аз ноҳияи Данғара аввалин шуда ба фатҳи марра ноил шуд. Ҷойи дувум насиби варзишгар аз ноҳияи Тошлоқ Аҳрор Маҳмудалиев шуд ва ҷойи сеюмро сокини шаҳри Фарғона Раҳматулло Нуралиев ишғол кард. Ғолибони марафон соҳиби мукофотҳову диплом шуданд.
Як гурӯҳ иштирокчиён бо тӯҳфаҳои хотиравии ҳокимияти вилоят ва ташкилотҳои шарики он қадрдонӣ карда шуданд.
– Ин марафон барои он аҳамияти калонро молик мебошад, ки ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба вазъи экологии ҳавзаи баҳри Аралро ҳадаф қарор додааст. Мо чунин марафонро дар шаҳри Қӯқанди латиф низ баргузор мекунем ва он оҳиста характери оммавиро пайдо хоҳад кард, – гуфт намояндаи ҳокимияти вилоят Шоҳидҷон Аслонов.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.