ДАР МАРКАЗИ ФАРҲАНГИ ИСЛОМИИ МАДРИД ДУРНАМОИ ҲАМКОРӢ БО МУАССИСАҲОИ ИЛМИВУ ТАЪЛИМИИ ӮЗБЕКИСТОН БАРРАСӢ ШУД

Дар Маркази фарҳанги исломии Мадрид намояндагони сафорати Ӯзбекистон дар Испания бо муовини директори Маркази фарҳанги исломии Мадрид Ҳуссам Сиддиқ Хуҷа мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмию таълимии Ӯзбекистон, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, инчунин ташкили сафари ҳайати ин марказ ба мамлакати мо ва баргузории чорабиниҳои муштарак ба хотири аз ҷониби Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар соли 2020 ҳамчун пойтахти фарҳангии дунёи ислом эътироф шудани Бухоро баррасӣ гардиданд.
Маркази фарҳанги исломии Мадрид соли 1992 таъсис ёфтааст. Дар назди он масҷиде амал мекунад, ки ба мисли масҷиди Кордоба – яке аз қадимтарин ва машҳуртарин масҷидҳои Испания сохта шудааст. Инчунин дар Марказ китобхона, кӯдакистон, мактаби забони арабӣ ва фарҳанги исломӣ, курсҳои забони испанӣ барои хориҷиён, толори конфронс барои 500 нафар, осорхонаи санъат, сексияҳои варзишӣ ва ғайра мавҷуданд.
Ҷониби Ӯзбекистон дар бораи чораҳое, ки дар Ӯзбекистон дар самти таъмини озодии дин, омӯзиши дини мубини ислом, аз ҷумла, марказҳои таъсисёфтаи илмиву таълимӣ андешида шудаанд, маълумот дод.
Ҳуссам Сиддиқ дар муддати кӯтоҳ дар Ӯзбекистон татбиқ шудани лоиҳаҳоро оиди барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, омӯзиши амиқи мероси фарҳангу тамаддун ва аҳамияти мазҳабиву фалсафии ислом истиқбол кард.
Вай ба ташаббусҳо оид ба  тарғиб ва паҳн кардани ғояҳои башардӯстонаи дини мубини ислом, аз ҷумла ташкили Маркази тамаддуни исломӣ, Марказҳои байналмилалии Имом Бухорӣ ва Имом Термизӣ баҳои баланд дод.
Ҳуссам Сиддиқ дар барқарор намудани ҳамкории зич бо Ӯзбекистон ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба табодули таҷриба ва омӯзиши арзишҳои ислом изҳори ҳавасмандӣ кард.
Бинобар ҷамъбасти мулоқот дар бораи ташкили сафари роҳбарияти марказ ба Ӯзбекистон моҳи марти соли ҷорӣ бобати ба роҳ мондани равобит, шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таълимии ҷумҳурӣ, инчунин барқарор намудани ҳамкорӣ бо марказҳои ӯзбекистонӣ, муайян намудани қадамҳои минбаъда оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак тавофуқ ҳосил шуд.

АИ «Дунё»,
МАДРИД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: