Дар маросими ифтитоҳи Олимпиадаи соли 2024 дар Париж то 600 000 нафар метавонанд ширкат кунанд

Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024 Томас Ҷолӣ, намояндаи барҷастаи санъати Фаронсаро масъули бахши бадеии маросими ифтитоҳ ва пӯшидашавии он таъин кард.

Тибқи нақша бори аввал таҷлил дар берун аз варзишгоҳ, яъне дар рӯдхонаи Сена, ки аз Париж мегузарад, баргузор мешавад.

Ин ҷашн, ки як навъ инқилоб дар таърихи Бозиҳои олимпӣ хоҳад шуд, имкон медиҳад, ки 600 ҳазор нафар маросимҳоро мустақиман аз соҳили дарё тамошо кунанд.

Ба навиштаи Le Figaro, дар ин маросим маъруфтарин биноҳои маркази шаҳр ҷалб карда мешаванд. Варзишгароне, ки дар паради анъанавӣ иштирок мекунанд, ба 160 заврақ ҷойгир карда мешаванд, ки онҳо аз қад-қади дарё қариб 6 километр аз кӯпруки Аустерлис то кӯпруки Йена, ки дар минтақаи манораи Эйфел воқеъ аст, мегузаранд. Аз он ҷо тақрибан 10 000 варзишгар ба майдони Трокадеро мераванд, ки дар он ҷо намоишҳо ва маросими фурӯзон кардани оташи олимпӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тамошобинони телевизиони тантанавӣ метавонанд то 1 миллиард нафар бошанд, қайд мекунад рӯзнома.

Олимпиадаи Париж аз 26 июл то 11 августи соли 2024 баргузор мешавад. Пойтахти Фаронса бори сеюм мизбони ин мусобиқот мешавад. Бозиҳои қаблӣ дар Париж солҳои 1900 ва 1924 баргузор шуда буданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: