1 ноябри соли равон дар гузаргоҳи сарҳадии «Қизил-қия - Автодорожный» лоиҳаи озмоишии ҷорӣ намудани низоми идоракунии навбати электронӣ барои ҳамлу нақли бор оғоз мегардад.
Лоиҳа аз ҷониби Маркази байналмилалии тиҷорат дастгирӣ шуда, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад. Он 1 ноябр оғоз шуда, то 15 декабр идома хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузории 24.kg бо такя ба хадамоти матбуоти Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Қазоқистон хабар додааст.
Ҳадафи асосии ҷорӣ намудани навбати электронӣ суръат бахшидан ба гузаргоҳҳои сарҳадӣ, кам кардани хароҷоти логистикӣ ва беҳтар намудани шароит барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна мебошад.
Мақсади ин лоиҳа мусоидат ба тиҷорати байнисарҳадӣ ва оптимизатсияи равандҳои логистикӣ мебошад.
Интизор меравад, ки ин система амалиёти тиҷориросодда гардонад ва самаранокии фаъолияти постҳои сарҳадро беҳтар созад.