ДАР МАСИРИ КАМОЛОТ

Дар Самарқанд, ки бори нахуст медидамаш, дӯсти деринам Суҳроби Зиё ӯро муаррифӣ кард: роҳбари бадеии ансамбли давлатии «Шашмақом» – Фурқати Саид.

Шашмақомхони маъруфи Самарқандӣ Ихтиёр Султонов вайро ҳамсабақи донишгоҳии хеш хонд.
Дар нишасте торҳои танбӯр зери ангуштони Ихтиёр ҷӯр мегашту дар ҳавои он ду ҳамсабақ, яъне Фурқату Ихтиёр сурудҳои классикии «Бебокча» ва «Нимчӯпонӣ»-ро чунон ҷаззоб месуруданд, ки ҳуши касро чун оҳанрабо мерабуд.
Аз ҳамон рӯзҳо ба эҷоди Фурқати Саид бештар таваҷҷуҳ кардам. Сурудаҳояш «Интизорӣ», «Зиндагӣ», «Меҳри ӯ», «Соҳибдилон», «Озурдадил» (ҳамроҳи шогирдаш Садриддини Наҷмиддин), «Бухоро», «Дубора созамат Ватан», «Мутриби ишқ» ва чанде дигарро пайгирӣ намудам, ки саршор аз муҳаббату садоқат, мавқеи инсон дар зиндагӣ, дарди меҳану миллат, ҳамияту ҷавонмардӣ, тасвири табиати зебо буданд. Сурудаҳояш қалби шунавандаро ба шӯр меоваранд, ба зиндагӣ дилгарм месозанд, вуҷудашро саршор аз меҳру муҳаббате мегардонанд, ки ба фалсафаи зиндагӣ ва ҷавҳари одамият омезиш ёфтааст. Фурқати Саид аз чеҳраҳои рӯшани олами санъат аст, ки дар муддати кутоҳ байни шунавандагонаш бо нозуксанҷиву хушзавқӣ ва маҳорати иҷро шуҳрат пайдо кардааст. Вай медонад, ки маҳорат аз шартҳои асосии фаъолият дар соҳаи санъат ба ҳисоб меравад. Вале он танҳо ҳамон вақт тамоми имконоти худро метавонад амалӣ гардонад, ки бо тафаккури амиқ, ҷаҳонбинии васеъ, маданияту меҳнатқаринӣ тавъам бошад. Бидуни меҳнату душворнописандӣ санъаткор ба дараҷаи баланди маҳорат нахоҳад расид.
Рисолати санъаткори асил эҳсос намудани заҳмату машаққати рӯзгор, сабукгардонии бори дил, ба сабру таҳаммул даъват намудани шунавандааш аст.
Нақши шахсиятҳо дар рушди илму фарҳанг, маорифу маданият, дигарсозии ҳаёти ҷомеа дар ҳама давру замон таъсиргузор аст. Зиндагию фаъолияти ибратомӯзи онҳо барои аҳли ҷомеа муҳиму судманд мебошад. Фикр мекунам, Фурқати Саид ба ин боварӣ кайҳо сазовор гаштааст. 
Вай олами санъатро аз соли 1992 қадам ба қадам тай намуда, аз сарояндаи одӣ то роҳбари бадеии ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Ф. Шаҳобови Тоҷикистон расидааст.
Дар хазинаи тиллоии радиои тоҷик бо садои ӯ сабти беш аз 100 оҳангу таронаву суруд мавҷуд аст. Дар силсилафилми ҳунарии  «Шукрона» (Эрон) ва «Санге ба гӯри  Лайлӣ» (Тоҷикистон) нақш офаридааст. Вай муаллиф ва тартибдиҳандаи китобҳои «Мутриби ишқ» ва «Навои андалеб» аст. Аз ин ҷост, ки Фурқати Саид аз дастовардҳои худ қонеъ нашуда, ба таҳқиқу ҷустуҷӯ пардохт ва мӯшикофона нерӯи хешро барои рушду такомули «Шашмақом»-и оламгир бахшид.
Нодида наметавон гирифт, ки барномаҳои зиёди ҳунариро омода ва пешниҳоди мардум сохтааст. «Навоят дардҳо дорад», «Нидои қарнҳо», «Самои Зӯҳра», «Хаёли сабз», «Пайванди меҳр» аз ин ҷумлаанд. Дар чандин чорабинии муҳими давлатӣ, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Наврӯзи байналмилалӣ, Ваҳдати миллӣ роҳбарии бахши мусиқиро бар ӯҳда дошт.
Вай дар касбӣ шудани мусиқии тоҷик нақши муҳим дорад. Баробари сарояндагӣ донандаи хуби таъриху ҳунари асил, фалсафаи мусиқӣ аст. Ӯ хуб медонад, ки «Шашмақом» – шоҳасари мусиқӣ асос ва қуллаи баланди фарҳангу маърифати мусиқии суннатии халқи тоҷик аст. Дар суруду навои «Шашмақом» рӯҳи тавонои ниёгони бузурги мо нуҳуфтааст.  Он ҳамчун рамзи ягонагӣ ва муттаҳидсозандаи ин миллати куҳанбунёд бо бузургтарин дастовардҳои фарҳангиву маънавии аҳли башар ҳамсангӣ дорад.
Фурқати Саид бо мукофоти «Ҷавонони Тоҷикистон», унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Пас аз нармшавии муносибатҳои байни Ӯзбекистону Тоҷикистон ва ҳамкориҳои фарҳангии тарафайн мардум ва аҳли санъати Ӯзбекистон бо ному эҷодиёти Фурқати Саид бештар ошно гаштанд. Моҳҳои март ва августи соли 2018 зимни баргузории «Шоми дӯстӣ»-и кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд бо ҳамроҳии дастаи шашмақомхонҳо баромад карда, дӯстиро тараннум намуд. Оҳанги эҷоднамудаи вай «Паёми дӯстӣ» (шеърҳо аз Ӯлмас Ҷамол ва халқ) дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе садо дод ва баъдан дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон суруди чорқисматаи эҷоднамудаи ӯ бо номи «Ширу шакар» (шеърҳо аз Ҷомӣ ва Навоӣ) дар шаҳри Тошканд пешниҳоди аҳли толор гардид. Соли 2021 бошад, дар Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон суруди чорқисматаи эҷоднамудааш бо номи « Хуш омадед, эй дӯстон» (шеъри Низом Қосим) бо ду забон аз ҷониби ҳунармандони Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Ф. Шаҳобов садо дод. Бо Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ва шогирди ӯ Баҳром Назаров якҷоя рӯйи чанд суруд ҳамкорӣ кардааст. Барои Баҳром Назаров ду суруд – «Гиря нест», «Куҷоӣ ту?» навиштааст, ки дар барномаҳои консертиаш дар Тошканд сароид. 
Бояд таъкид кард, ки Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон коркарду такмили Фурқати Саидро бо номи «Меҳри ӯ» (ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ) Озодбек Назарбеков дар кохи Борбад сароид.
Бад-ин тариқ, Фурқати Саид дар байни аҳли санъати Ӯзбекистон чун оҳангсоз эътироф гашт. 
Бузурге фармудааст, ки «арзиши инсонро дониш ва муҳтавои он муайян менамояд». Фурқати Саидро дониш ва корҳои амалиаш соҳиби эътибору эҳтиром гардондаанд. 
Дар куҷое хонда будам, ки дар ҳаёти ҳар як инсон ду муаллим вуҷуд дорад: яке ҳаёт, дигаре вақт. Ҳаёт нишон медиҳад, ки чӣ гуна ба қадри вақт бояд расид ва вақт нишон медиҳад, ки чӣ гуна ҳаётро бояд қадр кард.
Қаҳрамони мо аз ин муаллимҳо сабақе барои умри хеш гирифтааст ва дар пайи амалӣ гардонидани он аст.  

Амина 
ШАРОФИДДИНОВА, 
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: