Дар роҳи равнақи таълими халқ корҳое, ки ба амал бароварда мешаванд, қобили қайд буда, ба дараҷаҳои баланд бардоштани он яке аз самтҳои устувори сиёсати давлатист.
Дар роҳи равнақи таълими халқ корҳое, ки ба амал бароварда мешаванд, қобили қайд буда, ба дараҷаҳои баланд бардоштани он яке аз самтҳои устувори сиёсати давлатист. Ба назар чунин мерасад, то ин вақт ба мактаб ва муаллим ба ин дараҷа имконият ва имтиёзҳои гуногун дода нашуда буд. Омӯзгор, ки 10-20 сол пештар дар ҷамъият гӯё мавқеъ надошт, сари худ боло кард.
Ба қавли донишмандон, бузургтарин неъмат – ин ақлу заковат, калонтарин мерос – тарбияи хуб, хавфноктарин иллат – бемаърифатист. Бинобар ҳамин азхуд кардани донишҳои замонавӣ, молик будан ба маърифат ва маданияти воқеӣ ба эҳтиёҷоти ҳаётии мо табдил меёбад. Аз боғчаи бачагона то муассисаҳои таълими олӣ – дар ҳамаи зинаҳои таълим дигаргуниҳо ба назар расида, стандартҳои омӯзиш дар асоси таҷрибаи пешқадам такмил дода мешаванд. Баробари самтҳои таълим зарур будан ё набудани предметҳо дида баромада шуда, фанҳое, ки ба ихтисоси аниқ алоқа надоранд, ихтисор карда мешаванд. Чунончи, дар таълими олӣ ду баробар коҳиш додани миқдори ин гуна предметҳо ба нақша даромадааст.
Соли 2015 ҳамагӣ 4950 муассисаи таълими томактабӣ вуҷуд дошта, аз онҳо 145 хусусӣ буданд. Соли 2019 миқдори боғчаҳои бачагонаи давлатӣ, хусусӣ ва оилавӣ ба 5 ҳазору 722-то расид. Аз ҳамин ҳисоб дараҷаи ба таълими томактабӣ фаро гирифтани фарзандон дар давоми як сол аз 38 то 52 фоиз боло рафт.
Умуман, соли 2019 дар таълим дигаргунӣ ва пешравиҳо хеле назаррас буданд. Дар шакл ва мазмуни тамоман нав 4-то Мактаби президентӣ, 3-то мактаби эҷодӣ ба фаъолият шурӯъ сохт. 19-то муассисаи нави таълими олӣ, аз ҷумла, 9-то филиали дорулфунунҳои хориҷӣ кушода шуд. Таҳти ҳамкорӣ бо 160 дорулфунуни пешбари хориҷӣ омодасозии кадрҳо аз рӯи 141-то барномаи таълимии муштарак ба роҳ гузошта шуд. Ба муассисаҳои таълими олӣ 146 ҳазору 500 нафар ё худ назар ба соли 2016 ду баробар зиёд донишҷӯ қабул гардид.
То солҳои наздик аксарияти томи муассисаҳои таълимӣ, хусусан, дабистонҳои таълими умумӣ воқеъ дар деҳот ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯ набуданд. 26 ноябри соли 2019 қарори Президент «Дар бораи чораҳои ташкил намудани «мактабҳои замонавӣ» ба имзо расид. Зимнан, мактабҳое, ки медонем ва дар онҳо фанҳои замонавӣ таълим дода мешаванд, ҳанӯз ба дараҷаи пурра «мактабҳои замонавӣ» нестанд. Ин гуна муассисаҳо, ки ба маънои ҳақиқӣ замонавианд, акнун барпо карда мешаванд. Параметрҳои асосии то соли 2021 ба «мактабҳои замонавӣ» табдил додани 3 фоизи дабистонҳо ба нақша гирифта шудааст. Замонавигардии мактабҳо то соли 2025 – 20 фоиз, то соли 2030 – 50 фоизро ташкил хоҳад намуд.
Тӯли се соли охир бошад, дар мамлакатамон 160 мактаби таълими умумӣ сохта шуд. Бо ҷиҳози замонавӣ таъмин карда шудани боргоҳҳои маърифат низ қобили қайд.
Соли 2020-ум барпо шудани 36 мактаби нав дар мадди назар аст, ки ин 1,7 триллион сӯм маблағро талаб менамояд. Айни замон аз таъмири пурра баровардани 211 мактаб дар нақша ҳаст. Ба хусусӣ гардондани муассисаҳои таълимӣ эътибор пурзӯртар мегардад. Ин гуна боргоҳҳои таълим ба 141 адад хоҳад расид.
Яке аз навидҳои шоён дар соҳа – муносиб рағбатноксозии меҳнати ходимони соҳаи таълими халқ, хусусан, омӯзгорон. Тӯли се соли охир музди меҳнати муаллимон ба ҳисоби миёна 2,5 баробар зиёд гашт. Муаллимоне, ки ба ҷойҳои дигар рафта кор мекунанд, алоҳида ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд. Дар ҷои дигар кор кардан, албатта, мушкилоти ба худ хос дорад. Пештар, баъди хатми донишкада, муаллимони ҷавон бо роҳҳат ба ноҳияҳои дурдаст фиристода мешуданд. Ҳоло мешавад, ки муаллимони ҷавон бо хоҳиши худ ба ҷойҳои дигар рафта кор кунанд. Ҷорӣ шудани рағбатноксозии иловагӣ ба меҳнати педагогҳое, ки ба ҳудудҳои дурдаст рафта кор мекунанд, албатта, аз рӯи адолат.
Муаллиме, ки 15-20 сол пештар маоши кам мегирифт, моҳонааш ба як ё ду ҷувол орд мерасиду халос, имрӯз хушрӯзгор. Омӯзгороне, ки аз таҳти дил меҳнат ва ба натиҷаҳои хуб ноил мешаванд, аз ин ҳам зиёдтар рағбатнок карда мешаванд. Мо низоми пардохти мукаммали меҳнатро барои омӯзгороне, ки маҳорати баланди педагогӣ ва ихтисоси дахлдор дошта, дар фаъолияти худ ба натиҷаҳои мушаххас ноил гардидаанд, ҷорӣ менамоем, гуфт Президент. Аз ин мебарояд, таъминот дар таълими халқ боз ба дараҷаҳои баланд баромада, онҳое, ки аз ин беҳтар кор мекунанд, аз ин бештар рағбатнок гардонда мешаванд.
Имрӯзҳо дар системаи таълими халқ зиёда аз 450 ҳазор муаллимон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 371 ҳазору 392-тояшон соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Бо вуҷуди тамоми алоқамандони соҳа инро қалбан ҳис ва худро сарфароз ҳисоб мекунанд? Ҳамаи 450 ҳазор ҷавобан ба ин эътибор усули кори худро тағйир доданд? Афсӯс. Вазири таълими халқ Ш.Шерматов дар суҳбате иқрор гашт, ки сифати таълим дар бисёр маърифатгоҳҳо қонеъкунанда нест. Роҳбари саридораи таълими халқи вилояти Самарқанд С.Усмонов қайд кардааст, дониш, малака, маҳорати омӯзгории омӯзгоронеро, ки ба курси такмили ихтисос омадаанд, аз санҷиш гузарондем, натиҷа паст ва ҳатто ташвишангез. Санҷиш дар ҳаҷми фанҳои таълими умумии синфи 11, дар асоси материалҳои таълимие, ки муаллимон дарс медиҳанд, сурат гирифт. Дар он фақат муаллимони соҳиби маълумоти олӣ иштирок карданд. 6 фоизашон баҳои «5», 20 фоизашон «4», 33 фоизашон «3» гирифтанд. Дониши 41 фоизашон ғайриқаноатбахш ҳисобида шуд. С.Усмонов боз мегӯяд: «Акнун холисона гӯед, аз муаллиме, ки барномаи мактабиро намедонад, чиро чашмдор шудан мумкин? Муаллим бо маълумоти олӣ диктант навишта натавонад, тақдири фарзандонамонро ба ин гуна омӯзгорон чӣ тавр бо боварӣ супурдан мумкин? Ба ин кадом падару модар розӣ мешавад? Ин, пеш аз ҳама, ба касб, ба ояндаи авлод хиёнат нест?!»
Мо, албатта, гуфтанӣ нестем, ки мактабҳоямон равшан ва барҳаво шуданду чароғи маърифат дар онҳо хирасӯз. Комёбиҳо, албатта, ҳастанд. Дар озмун ва олимпиадаҳои фанние, ки байни мактабиён дар миқёси байналхалқӣ сурат мегиранд, ҷойҳои намоёнро ишғол кардани фиристодагони мо далел аз рушди таълим дар кишвар. Аммо чаро омӯзгороне, ки дар миқёси мамлакат ном баровардаанд, башумор? Мисолан, аз як ноҳияи дурдасти Сӯх бист-сӣ сол пештар чанд муаллими номдор, аз қабили муаллимони халқӣ А.Абдусаломов, О.Иброҳимов, Ходими шоистаи таълими халқ С.Эрназаров ва ҳоказо дар соҳа ташаббусҳои наҷиб нишон дода, дар ҷумҳурӣ шинохта шуда буданд.
Дар мактабҳо ҳанӯз лабораторияҳои таълимии физика, кимё ва биология намерасанд ё ҷиҳози онҳо куҳна шудаанд, 62 ҳазор синфхона бо ҷиҳози нав ва замонавӣ таъмин нест, 7 ҳазор компутер намерасад... Маблағи зиёд талаб мекунанд ин корҳо. Вале ҳар гуна маблағ дар роҳи бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳсозии авлоди ҷавон дареғ дошта намешавад. Дилхоҳ набудани самара дар соҳа бошад, дилро хиҷил менамояд. Соли гузашта аз 57 ҳазор омӯзгорон, ки аз аттестатсия гузаронида шуданд, 43 фоизашон холҳои хеле паст гирифтанд. Ин далели дар соҳа вуҷуд доштани ҳазорҳо омӯзгорони тасодуфӣ нест?
Вақти он расида, ки дар мактаб фақат шахсони ба номи шарафноки омӯзгор сазовор кор кунанд.
Нисбат ба дигар соҳаҳо дар сохторҳои таълим, тиббиёт ва сохтмон бештар бавуқӯъоии ҳолатҳои ба коррупсия алоқаманд ба аксарияти мо маълум. Ҳолатҳои бо пора ба мактабҳои олӣ дохилшавиҳо ҳанӯз пурра барҳам нахӯрдаанд. Назар ба таъкиди директори Маркази тести ҷумҳурӣ М.Каримов, донишҷӯён дар ҷараёни дарс соле ба 150-160 вазъи бо коррупсия алоқаманд дучор меомадаанд, ки ин хеле ташвишангез. Хӯш, дабистонҳои таълими умумӣ аз ин гуна иллат холӣ? Муаллимоне, ки аз болои худ кор мекунанд, таҷрибаҳои пешқадамро омӯхта, онҳоро дар дарсҳояшон ҷорӣ сохта, шогирдони сазовор мебароранд, ҳамеша ҳам холисона рағбатнок гардонда мешаванд? Ё дили директорро ҳам ёфтан зарур? Назар ба хабарҳое, ки мерасанд, баъзе роҳбарони мактабҳо ҳамеша дар ташвиши «ба ҷониби кулчаи худ кашидани алав», яъне шиносу хешутаборбозӣ. Таҳлили маҷмӯии дарсҳоро нафаҳманд ҳам, «дастпарвари мактаби коррупсия», ки ҳастанд, то «ҳисса»-и худ нарӯёнанд, мукофот ё иловапулӣ наменависанд.
Муаллим ва мураббӣ барои мо намунаи ибрат, тимсоли фазилатҳои волои инсонист, таъкид сохтааст роҳбари давлат. Мехостем дар таълим ва тарбия онҳое, ки дар маскани муқаддас – мактаб меҳнат мекунанд, барои ҳама аз ҳар ҷиҳат намуна бошанд.
М.ШОДИЕВ,
мухбири
«Овози тоҷик».