Сафоратхонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Федератсияи Русия барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ба муносибати интихоботи депутатҳо ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Шӯрои намояндагони халқ брифинг гузаронд.
Дар чорабинӣ намояндагони телеканалҳои «Россия 24» ва «Мир 24», рӯзномаҳои «Коммерсант», «Московский комсомолетс», «Мир новостей», «Независимая газета», Агентиҳои иттилоотии ТАСС, Интерфакс, РИА «Новости», «Спутник» иштирок карданд. Инчунин журналистони сабти номи кишварҳои дигар, аз он ҷумла телеканалҳои «ARD» (ҶФО), «RAI» (Италия), «CCTV» (Чин), рӯзномаи «Hikkei» (Ҷопон), маҷаллаҳои «JJPress» (Ҷопон), «Der Spiegel» (ҶФО), «Albatros» (Италия), радиои Шветсия ҳузур доштанд.
Журналистон бо ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар Ӯзбекистон татбиқ гардида, ба вусъат додани самарабахшии низоми идораи давлатӣ, навсозӣ ва озодгардонии иқтисодиёти миллӣ, беҳтар гардондани муҳити корӣ ва баланд бардоштани дараҷаи боварӣ аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ нигаронда шудааст, шинос гардиданд. Хусусан, тағйиротҳое, ки дар арсаи ҷаҳонӣ қабул шудаанд: Ӯзбекистон ба сифати давлати ба тамоми ҷаҳон кушод, барои ҳамкории муфиди конструктивӣ бо тамоми мамлакатҳо ва институтҳои байналхалқӣ омода муаррифӣ шудааст, таъкид гардиданд.
Қайд гардид, ки интихоботи оянда имиҷи Ӯзбекистонро ба сифати мамлакате, ки аз роҳи мустаҳкам намудани давлати ҳуқуқии демократӣ қатъӣ қадам мегузорад, мустаҳкам менамояд. Ба ин муносибат намояндагони ВАО бо низоми замонавии интихоботи Ӯзбекистон, хусусиятҳои интихоботи имрӯзаи парлумонӣ, рафти тайёрӣ ба чорабинии оянда шинос карда шуданд.
Дар рафти мубоҳисаҳо намояндагони ВАО як қатор хусусиятҳои муҳими интихоботи 2019-ро, ки аз пештара фарқ доранд, махсус қайд карданд. Баргузор намудани раванди интихобот дар асоси ҳуҷҷати нави консептуалӣ – Кодекси интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 25 июни соли 2019 қабул шудааст, пурзӯр гардондани мавқеи ҳизбҳои сиёсӣ ва афзудани миқдори иштирокдорони ҷараёни интихобот аз ҷумлаи онҳост.
Дар ҷанбаи асоси амалидошта бинобар вусъат додани миқёси чораҳои ҳифзи ҳуқуқи интихоботи шаҳрвандон, пурзӯр гардондани назорати ҷамъиятӣ ва васеъ гардондани ваколатҳои институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ дар рафти интихобот чорабиниҳо зикр гардиданд.
Комёбиҳое, ки бобати ба рафти интихобот ҷорӣ намудани технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ ба даст омаданд, алоҳида таъкид гардиданд. Инак, коркард ва ба амал ҷорӣ намудани Низоми иттилоотии идораи ҷараёни интихобот, Рӯйхати ягонаи электронии интихобкунандагон ба автоматиконии ҷараёнҳои зиёд мусоидат менамоянд. Аҳамияти баланди созмон додани иловаи мобилии «Интихобот - 2019», ки на танҳо барои аъзои комиссияҳои интихобот, балки нозирон ва интихобкунандагон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва ВАО имкони фавран ба даст овардани тамоми маълумот, аз он ҷумла ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, маводҳои таълимиро фароҳам меоранд, қайд гардид.
Ба корҳое, ки бобати таъмин намудани баробарии гендерӣ амалӣ мегарданд, баҳои баланд дода шуд. Бинобар ақидаи журналистон факти мувофиқи Кодекси интихобот занон ташкил намудани камаш 30 фоизи миқдори умумии номзадҳо ба депутатӣ аз тарафдории Ӯзбекистон ба пурзӯр гардондани нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат далолат медиҳад.
Чорабиниҳо бинобар татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон, ки дар давлатҳои хориҷӣ қарор доранд, хусусияти мусбат гирифтанд. Аз нуқтаи назари иштирокдорони брифинг дар назди намояндагии дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар давлатҳои хориҷӣ таъсис дода шудани қитъаҳои интихобот ба васеъ фаро гирифтани интихобкунандагон ва шаффофияти ҷараёни овоздиҳӣ мусоидат менамояд.
Бинобар натиҷаи чорабинӣ як қатор намояндагони ВАО қайд намуданд, ки аз ташриф овардан ба Ӯзбекистон барои равшан намудани рафти тайёрӣ ва гузарондани интихобот манфиатдор мебошанд.
АА «Дунё»,
МАСКАВ.