ДАР МАҲАЛЛАИ ЭТНОТУРИЗМИ «ШИРИН»

Деҳаи бостонии Ширин дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони деҳоти «Чорбоғкент»-и собиқ, ҳоло ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ширин» воқеъ гардидааст.

Маълум аст, ки дар мамлакатамон масъалаи туризм ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шуда, баҳри рушдёбии он чораю тадбирҳои зарурӣ дида мешавад. Деҳаю маҳаллаҳои сайёҳӣ ташкил кардан аз ҷумлаи онҳост. 7 сентябри соли 2022 дар «Овози тоҷик» мақолаи муаллифи ин сатрҳо таҳти унвони «Кӯчаю деҳаи сайёҳӣ дар Вобканд» чоп шуда, дар он аз хусуси созмонёбии кӯчаи сайёҳии «Аҳмади Дониш» дар маркази ноҳияи Вобканд ва деҳаи этно-туристии «Ширин» дар ҳамин ноҳия сухан рафтааст. Аз байн зиёда аз ду сол вақт гузашт ва мо хостем ба ин маҳалла рафта, бо ҷараёни корҳо аз наздик шинос шавем. Деҳаи бостонии Ширин дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони деҳоти «Чорбоғкент»-и собиқ, ҳоло ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ширин» воқеъ гардидааст. Мегӯянд, ки ин деҳа зиёда аз 2500 сол таърих дорад. Мардуми маҳаллӣ «Ширин» ном гирифтани деҳаро бо ривояти «Бибиширин» вобаста медонанд. Дар замонҳои хеле қадим дар ин ҷо бо номи Бибиширин табибе умр басар бурда, одамонро бо гиёҳҳо муолиҷа кардааст. Он гоҳ дар ҳамин ҷо бо ин ном сиҳатгоҳе низ вуҷуд дошта, бо оби шифобахши он мардум бемориҳои пӯст, яраҳоро муолиҷа кардаанд. Ақидае мавҷуд аст, ки сокинони деҳа авлоди Бибиширинанд. Аҳолии деҳа аз қадимулайём бо кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва тиҷорат шуғл меварзанд. Дар ин ҷо объектҳои мероси маданӣ, расму оин, урфу одатҳои миллӣ нигоҳ дошта шудааст. Дар деҳа анъанаи тайёр кардани кӯлашӯрак, хушклива (ғу-линг), ширавории миллӣ, маҳсулоти полиз ва ҳунармандӣ аз авлод ба авлод мерос мемонад. Бо баробари ин бонувон бо мақсади тайёр кардани ин маҳсулот дар яке аз хонадони ҳамсоя гирд омада, сурудхонон, ривояту афсонагӯӣ карда меҳнат мекунанд. Азбаски деҳа бобати ҷалб кардани сайёҳон имконияти васеъ дорад, бобати дар ин ҷо созмон додани кластери сайёҳии деҳа омодагӣ дида мешавад. Аз ҷумла, дар соҳилҳои дарёи қадимии Зарафшон маркази сайёҳӣ, дарсҳои маҳорати тайёркунии кӯлашӯртак ва нишалло, хӯрокҳои миллӣ, нонпазӣ дар танӯр, асалкашӣ, дар осиёи сангини қадимӣ кашидани ярма, пухтани ҳалиса, намоиши расму оинҳои кӯҳна, ҳавлиҳои ҳунармандӣ ва ғайра ташкил меёбад. *** Вақте ки мо ба идораи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ширин» расидем, дар гирду атроф автомобилҳои зиёд ҷамъ омада буд. Маълум гардид, ки ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе дар ин ҷо (аз субҳ то соати 10:00) бозор мешудааст. Аҳолии деҳаҳои гирду атроф ин ҷо омада, аз ин бозори мӯҷаз сабзавоту мева ва маҳсулоти зарурии рӯзгорро пайдо мекардаанд. Ҳангоме ки вориди идораи маҳалла шудем, раис Мирзоҳид Ҳалимов бо яке аз фаъолони маҳалла Равшан Ҷӯраев суҳбат дошт. Баъди вохӯрии самимона суҳбати мо бо онҳо қӯр гирифт. Маълум шуд, ки онҳо ба фарзанди ҳамин ҳудуд, корманди рӯзномаи «Овози тоҷик» Набия Нодирова шахсони наздиканд. Фаъоли занону духтарони маҳалла Руқия Бобоева бошад, ба Набия дар як синфи мактаби миёна таълим гирифтааст. Азбаски раис Мирзоҳид Зарифович бо ҳамроҳаш ба таъзияи собиқадори меҳнати ҳудуд рафтаанд, мо маълумоти заруриро то бозгашти онҳо аз фаъоли бонувони маҳалла гирифтем. — Ширин яке аз калонтарин деҳаҳои ҷумҳурӣ ба шумор рафта, аз ҷиҳати аҳолӣ дар мамлакат дар ҷои сеюм аст, — оғоз намуд ӯ. — Нисфи ҳудуд ба маҳаллаи «Чорбоғкент» дахл дорад. Ҳудуди мо 601-то хонадон, 924-то оила ва 3131 нафар аҳолӣ дорад. Аз ҷумла, занону духтарон 1494 нафаранд, ҷавонони то синни 30-сола 1682 нафар мебошанд. Маҳалла як мактаби миёнаи маълумоти умумӣ, як боғчаи нодавлатӣ, поликлиникаи оилавӣ, дорухона, ду сартарошхона, чор ошхона, ҳашт дӯкон, панҷ хоҷагии фермерӣ ва нуқтаҳои дигари хидматрасонӣ дорад. Чи хеле ки таъкид ёфт, бештар аз ду сол шудааст, ки баҳри ба маҳаллаи экосайёҳӣ табдил ёфтани ҳудуд ҷараёни корҳо сурат мегирад. Аз ҷумла, дар шафати роҳи калон 13 хонаи гуногуни хидматрасонӣ ба сайёҳон қад меафрозад. Ошхонаю ҳавзи моҳидории сайёҳон омодаи кор шудааст. Дар 0,80 га майдон маркази этно-сайёҳии хусусӣ созмон ёфтааст. Мо дар он ҷо бо мутасаддии марказ Санҷар Бобокалонов вохӯрдем. Вай зодаи деҳаи Ширин буда, баъди хатми мактаби миёнаи деҳа дар шуъбаи забони франсавии факултети забонҳои хориҷии ДДБ таҳсил гирифтааст. Пас дар магистратураи Донишгоҳи Сорбонаи Фаронса маълумоти худро такмил дода, ба Бухоро баргаштааст. Ҳамроҳи бародараш Сӯҳроб ба фирмаи сайёҳӣ асос гузошт. Азбаски ба маҳаллаи этно-сайёҳӣ табдил ёфтани зодгоҳашро медонист, се-чор сол муқаддам дар қитъаи наздиҳавлиашон бо мақсади созмондиҳии маркази этно-сайёҳӣ кор сар кард. Растаю боғ, қаҳвахонаю ресторан, манзилҳои истиқоматии сайёҳон бунёд кард. Ниҳолҳои гуногуни манзаравию мевадор шинонд. Бо токҳои гуногун ҳавозаҳо, манзараҳои пурҷозибаи истироҳатӣ ҳосил намуд. 10-то юрта, 14-то хонаи миллӣ барои қабули меҳмонон омода гардид. Имконияти дар як вақт қабулкунии 52 нафар сайёҳон пайдо шуд. Моҳҳои сипаригашта ба ин ҷо даҳҳо сайёҳони хориҷӣ меҳмон шуда, (як ё ду шабонарӯз ин ҷо истиқомат карда, истироҳат кардаанд) ҳам бо тарзи рӯзгор, ҷараёнҳои тайёркунии хӯрок, меваю хушкмева, шириниҳои гуногун шинос шудаанд. Дар марказ барои меҳмонон чорвои гуногуни маҳаллӣ, гӯшаҳои заргӯшу паррандапарварӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоме ки суҳбати мо бо Санҷар идома дошт, хабар расид, ки сайёҳон аз Русия ташриф оварданд. Мусоҳибамон узр гӯён аз ҷой хест. Мо вақти бозгашт устоёнро дидем, ки бо бунёди хонаҳои нав банд буданд. 10 нафар кормандони марказ барои қабули меҳмонон ба тараддуд афтода буданд. Ба яке аз хонаҳои меҳмонқабулкунӣ сар халонда, нақшу нигори дилкаш, кӯрпачаю болинҳои бо тартиб гузошташуда, мизу лаълии бо нозу неъмат оросташуда ва ғайраро дидем. Кушодадилию саховат, инсонпарварию меҳмоннавозии қадимии халқамон гӯё дар ҳар як ҷиҳози ин кулба ифода ёфта буд. Амрулло Авезов, мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: