Як гурӯҳ намояндагони ниҳодҳои гуногун дар доираи “Гурӯҳи тамос бо занон”-и назди Иттиҳодияи иҷтимоии Институти демократия ва ҳуқуқи инсон ба ноҳияи Сӯх ташриф овард.
Як гурӯҳ намояндагони ниҳодҳои гуногун дар доираи “Гурӯҳи тамос бо занон”-и назди Иттиҳодияи иҷтимоии Институти демократия ва ҳуқуқи инсон ба ноҳияи Сӯх ташриф овард. Сафари мазкурро Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи превентив маблағгузорӣ намудааст.
Ин сафари дуюми аъзои “Гурӯҳи тамос бо занон” ба ноҳия мебошад. Ба ин ҳайат директори Институти демократия ва ҳуқуқи башар, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Сайёра Хоҷаева, ноиби раиси Шӯрои васигии Хазинаи байналмилалии “Замин”, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Лола Саидова, ноиби вазири тандурустии ҷумҳурӣ, доктори улуми тиб, профессор Элмира Боситхонова, ноиби аввали вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии ҷумҳурӣ Эркин Муҳиддинов, мушовири иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ, магистри сиёсатшиносӣ Дилфуза Қуролова шомиланд. Ин гурӯҳро ноиби ҳокими вилояти Фарғона Файзулло Қосимов роҳбаладӣ намуд.
Ташриф аз мушоҳидаи он оғоз гардид, ки сокинони ноҳия зимни гузаштани марзи миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистон кадом мушкилиҳоро паси сар менамоянд. Ин роҳ ноҳияи Риштонро бо ноҳияи Сӯх васл менамояд ва чанд моҳ муқаддам дубора боз гардид. Мусофирони ӯзбекистонӣ посгоҳҳои “Қайтпас” ва “Апкент”-и ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткентро убур менамоянд.
Маълум шуд, ки зимни убуру мурури марз марзбонони Қирғизистон ба шиносномаи хориҷии ҳар як сокини ноҳия мӯҳр пахш мекунанд. То ҷорӣ гардидани шиносномаи хориҷӣ ба шиносномаи биометрии сабз мӯҳр пахш карда намешуд. Ба далели ин шиносномаҳои хориҷии сокинони ноҳия, хусусан ронандагони таксӣ ва автобусҳои мусофиркашон, ки рӯзмарра чанд маротиба марзро мегузаранд, дар муддати кӯтоҳ пур мешавад ва дубора эҳтиёҷи иваз намудани он пайдо мегардад. Ин чунин маънӣ дорад, ки барои гирифтани шиносномаи нави хориҷӣ ронандагони таксӣ ва автобусҳои мусофиркашонӣ бояд аз сари нав дар навбат истанд ва вақти зиёди худро аз даст диҳанд.
Гузашта аз ин, барои тифлону кӯдакон низ шиносномаи шаҳрвандии Ӯзбекистонро бояд ба даст овард, дар акси ҳол волидайн наметавонанд тифлашонро бо худ баранд. Боз як манзара дар посгоҳи марзӣ аз назари аъзои “Гурӯҳи тамос бо занон” пинҳон намонд. Мусофирон барои пахши мӯҳр дар навбат меистоданд. Ин навбатпоӣ зери офтоби гарм тӯл кашид ва занону кӯдакон ва пиронсолон ба азият рӯ ба рӯ шуданд.
Баъди гузаштани марз аъзои гурӯҳ роҳи нимсоатаи миёни Риштон ва Сӯхро беш аз як соат тай карданд. Баррасии масъалаҳои зиёди умдаву мубрами сокинони ноҳия дар толори хонаи маданияти ноҳия баргузор гардид. Ҳокими ноҳия С. Сайидмӯсоев роҷеъ ба корҳои сомондодашуда мухтасар гузориш дод.
Сайёра Хоҷаева зимни ифтитоҳи мулоқот аз иштирокчиёни он тақозо намуд, ки фаъолнокӣ зоҳир намоянд ва мушкилоти мавҷудаи худ ва мардумро бо ҷуръат ба миён гузоранд, то аъзои гурӯҳ дар ҳамкорӣ бо идораҳои марбутаи давлатӣ ҷиҳати ҳалли он иқдом кунанд.
– Мо барои кӯмак ба назди шумо омадем. Натиҷаву бардоштҳои ташрифи қаблӣ ба Маъмурияти Президент, Девони Вазирон, вазоратҳои марбута тақдим гардид. Умедворем, ки аз он ташриф то ин ташриф дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳия тағйироти зиёд рух додааст. Таклифу дархост ва масъалаҳое, ки айни ҳол шумо дар миён мегузоред, ҷиҳати беҳбуди зиндагии мардум хеле муҳим хоҳанд буд, – гуфт Сайёра Хоҷаева.
Вай афзуд, ки ҳанӯз дар ноҳия проблемаҳои ҳалношуда зиёданд. Аксари занҳо бекор дар хона нишастаанд. Онҳо бояд ба кор таъмин карда шаванд ва дар пешрафти ҳаёти ҷомеа, таъмини хонаводаи худ саҳм гузоранд.
– Агар ҷавонони Сӯх забони русиро омӯзанд ва хоҳиши бар асоси грант дар донишгоҳҳои Русия таҳсил карданро дошта бошанд, амалӣ намудани ин кор ягон мушкилӣ эҷод нахоҳад кард,– изҳор кард Сайёра Хоҷаева. – Ин ҷавонон бо стипендия ва хобгоҳ таъмин карда хоҳанд шуд.
Пизишк-гинеколог Раҳматҷон Тоҷиев гуфт, ки дар айни ҳол шифохонаи марказии ноҳия ба мутахассисони маълумоти олидор ниёз дорад.
– Аз шумо хоҳиш мекунам, ки барои бо кадрҳои малаканок таъмин намудани шифохонаи марказии ноҳияамон мусоидат намоед. Як қисми кадрҳои шифохонаи марказӣ ба синни нафақа наздик расидаанд. Як гурӯҳ ҷавонони ноҳия, ки маҳз пизишк шудан мехоҳанд, дар имтиҳонҳо холҳои нисбатан пастро ба даст оварданд. Онҳо ба чунин мусоидат ниёз доранд. Агар аз роҳи имтиёз масъалаи ба донишгоҳи тиббӣ дохил шудани онҳо ҳаллу фасл шавад, дар ояндаи наздик эҳтиёҷ нисбати кадрҳои тиббӣ дар ноҳияи дурдаст хеле коҳиш хоҳад ёфт, – гуфт Раҳматҷон Тоҷиев.
– Ин ҳарфу суолҳои шумо хеле баҷост ва ҳалли он ногузир низ мебошад. Мо дар ин самт ҳар кӯмаке, ки дар доираи имкониятҳои вазорати тандурустии ҷумҳурӣ аст, истифода хоҳем кард. Аммо имрӯз ба мо кадрҳое даркоранд, ки дар шифохонаи марказии ноҳия кор кунанд. Ҳамту не? Ана ҳамин масъала бояд ҳалли худро пайдо кунад. Имрӯз бояд ба ноҳия аз минтақаҳои дигар пизишкон ҷалб карда шаванд. Мо ин масъаларо ҳал мекунем ва барои пизишкон шароит фароҳам меоварем. Дар айни ҳол як гурӯҳи пизишкон аз маркази вилоят ба ноҳияи Сӯх фиристода шудаанд, то ки ҷиҳати муоина ва муолиҷаи беморон ба шифокорони маҳаллӣ ёрӣ расонанд,– гуфт Элмира Боситхонова.
Масъалаи дигаре, ки кормандони соҳаи тиб ба миён гузоштанд, таъмини шифохонаи марказии ноҳия бо дастгоҳи томографӣ ва шифохонаи мобилӣ буд.
– Ҳар як беморе, ки бояд аз ташхис гузарад, бо мушкилоти зиёд ба маркази вилоят рафта, аз дастгоҳи томографӣ ё МРТ мегузарад. Ин равуоҳои беморон ҳам вақт ва ҳам маблағи зиёдро тақозо менамояд. Инчунин агар шифохонаи мобилӣ мавҷуд бошад, пизишкон дар барқарор намудани саломатии беморон чандон азият намекашанд, – гуфт Амонҷон Фармонов.
– Дар робита ба ҳалли ин масъала ҳатман чораҷӯӣ хоҳем кард. Ногуфта намонад, ки ба шифохонаи марказии ноҳияи Сӯх дастгоҳҳои зиёди тиббӣ фиристодем ва ин раванд минбаъд низ идома хоҳад ёфт,– гуфт Элмира Боситхонова.
Дарвоқеъ, аъзои “Гурӯҳи тамос бо занон” масъалаи шиносномаи хориҷӣ доштани тифлону кӯдаконро масъалаи мубрам ва ҳаллаш ногузир арзёбӣ карданд. Қарор аст, ки ин масъала дар сатҳи идораҳои ҳукуматӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ноиби аввали вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ Эркин Муҳиддинов 40 лоиҳаи хурди намунавӣ мавриди иҷро қарор гирифтааст. Инчунин воситаҳои зиёде низ мавҷуданд, ки сокинони ноҳияро метавонанд ба кор таъмин кунанд.
– Онҳое, ки дар “Дафтари занон”, “Дафтари ҷавонон” ва “Дафтари оҳанин” шомил мебошанд, метавонанд дар гурӯҳҳои касбомӯзӣ ройгон соҳиби ягон касб шаванд. Инчунин вазорат аз ҳисоби субсид онҳоеро, ки дар даст сертификат доранд ва ё кооператив ташкил карданианд, бо маблағҳои бебозгашт таъмин мекунад, – гуфт Эркин Муҳиддинов.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.