Дар Миср бинои панҷошёна фурӯ рехт

Дар яке аз ҳудудҳои шаҳри Мит-Гамр, ки дар вилояти Дакахлияи дарёи Нили Миср вокеъ аст, бинои панҷошёна фурӯ рафт.

Дар ин бора намояндаи воҳидҳои ҳифзи шаҳрвандӣ дар вилоят хабар додааст.

Тибқи иттилои пешакӣ, дар зери харобаҳо эҳтимоли мавҷуд будани қурбониён ҳаст.  Ба ҷои ҳодиса дастаҳои наҷотдиҳӣ ва чанд мошини ёрии таъҷилӣ расидаанд ва корҳои тоза кардани харобаҳои бинои фурӯрафта идома дорад. Даҳаеро, ки бино  воқеъ гардидааст, политсия иҳота кардааст.

Report.az хабар медиҳад, ки намояндагони мақомоти тафтишотӣ сабабҳои фурӯрезии бинои панҷошёнаро меомӯзанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: