Пӯшида нест, ки баробари фарорасии фасли сармо ба асбобҳои гармидиҳӣ эҳтиёҷ меафзояд. Мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки истифодаи нодурусти асбобҳои носози барқӣ ва газ ба сар задани сӯхтор оварда мерасонад.
Баҳри пешгирии ҳолатҳои ногувори сӯхтор ҳар сол дар кишварамон дар арафаи фарорасии мавсими сармо «Моҳонаи бехатарӣ аз сӯхтор» ташкил мегардад. Имсол ин чорабинӣ аз 15-уми ноябр то 15-уми декабр давом хоҳад кард.
Ба амал баровардани чораҳои васеъмиқёс дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, мувофиқи талаботи бехатарии сӯхтор нигоҳ доштани объектҳои маданиву мавзеъҳои аҳолинишин мақсади асосии моҳона мебошад. Ходимони таъмини бехатарии сӯхтори Кохи санъати «Туркистон» чун дигар объектҳои саноативу маданӣ дар асоси низоми техникӣ ва қоидаҳои бехатарӣ тадбирҳои пешгирӣ намудани сӯхторро ба амал мебароранд.
Онҳо баробари ҳифзи бехатарии иншооти мазкур ба мавзеъҳои наздики он рафта, бо роҳбарони корхонаҳо, аз ҷумла, Филармонияи давлатии Ӯзбекистон ва дар маҳаллаҳои Астробод ва Ҳасанбой байни аҳолӣ гашта, маслиҳату пешниҳодҳои худро оиди риояи қоидаҳои бехатарӣ медиҳанд.
Аз тарғиботу маслиҳатҳои ходимони соҳа дуруст хулоса бароварда, ба қоидаҳои бехатарии сӯхтор амал намоем, пеши ҳар гуна нохушиҳоро гирифта, ба гул-гулшукуфоии ҳаёти осудаву фаровон ҳисса гузорем.
Ҳусанбой Мамаҷонов,
инспектори шуъбаи ташкил ва таъмини бехатарӣ аз сӯхтори Кохи санъати «Туркистон»-и пойтахт.