ДАР МУДДАТИ КӮТОҲ ДАР РАВОБИТИ БАЙНИДАВЛАТӢ БА МУВАФФАҚИЯТҲОИ КАЛОН НОИЛ ШУДЕМ

Дар солҳои охир равобити миёни ду кишвар – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба маънои том куллан тағйир ёфтанд. Ин бар асоси иродаи сиёсии президентон Шавкат Мирзиёев ва

Дар солҳои охир равобити миёни ду кишвар – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба маънои том куллан тағйир ёфтанд. Ин бар асоси иродаи сиёсии президентон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон ва хоҳишу дархости ду халқи бародар ба амал омадааст. 
Дар суҳбат бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон АБДУҶАББОР РАҲМОНЗОДА сухан аз дастовардҳое меравад, ки дар давраи нави ҳамкориҳо ба миён омадаанд.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода Азизӣ 15 марти соли 1959 дар вилояти Кӯлоб зода шудааст. Доктори фанҳои филология, профессор, академики Фарҳангистони улуми Тоҷикистон. Ба ҳайси раиси Кумитаи садо ва симои назди Ҳукумати Тоҷикистон (солҳои 2004-2005), вазири маориф (солҳои 2005-2012), ёвари Президент оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (солҳои 2014-2021) кор кардааст.   

– Шумо то замони тайин ба ҳайси сафир дар мақоми баланди Дастгоҳи Раисиҷумҳури Тоҷикистон кор мекардед. Сафир тайин шудани худро чӣ гуна ташреҳ мекунед?
– Маълум аст, ки беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, вусъати ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба рушди ҳарду кишвар хидмат мекунанд. Гардиши моли миёни ду кишвар аз 500 миллион доллар гузашт. Интизор меравад, ки ин рақам дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллар расад. Хидмат ҷиҳати таҳкими муносибатҳои ду кишвар ва ба ҳам наздик кардани халқҳои он аз вазифаҳои аввалдараҷа маҳсуб меёбад. 
Ифтихор мекунам, ки Пешвои миллати мо, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз маро ба ин вазифа тайин намуд. Зеро Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ яке аз бузургтарин кишвар ба шумор меравад ва Тоҷикистон бояд бо ин кишвар дар робитаи наздик қарор дошта бошад. Дар ин ҷода хидмат  ва барои мустаҳкам намудани робитаҳои ҳамаҷониба  саҳм гузоштан шарафи бузургест. 
– Бо тайин шудани шумо ба ҳайси сафир Президенти Ӯзбекистон бо ташрифи дуюм озими Тоҷикистон шуд.
– Бале. Гуфта метавонам, ки ба сифати сафири нав дар омодаву таҳия кардани ҳуҷҷатҳое фаъол ширкат кардам, ки масъалаҳои ташрифи Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистонро фаро мегирифтанд. Ҳамон рӯзҳо якҷо бо роҳбарони ҳамаи ниҳодҳои марбута ва вазоратҳо ҳуҷҷатҳоро омода кардем ва ин ташриф дар сатҳи олӣ баргузор шуд. Дар аснои сафар ҳарду Президент дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд изҳороти муштарак пахш карданд, бо ширкати онҳо мулоқотҳои самимӣ ва дӯстона баргузор гардиданд, ба вусъати робитаҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам оварда шуд, ки дорои аҳамияти бузурги таърихӣ мебошад. Бар асоси натиҷагириҳои ин сафар 35 санади ҳамкорӣ ба имзо расид ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бори дигар тасдиқи худро ёфт. Ҳамаи ин аз ман тақозо менамояд, ки ҳамчун сафир беҳтар кор кунам ва дар татбиқи ҳуҷҷатҳои имзошуда саҳм гирам. Бидуни шубҳа, робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мо беш аз пеш вусъат хоҳанд ёфт.  
– Сафари дувуми Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистонро қадами қатъӣ барои таҳкими натиҷаҳое арзёбӣ мекунанд, ки дар ташрифи аввал ҳосил шудааст. Шумо дар ин робита чӣ назар доред?
– Ташрифи аввал собит месохт, ки Шавкат Мирзиёев воқеъан шахси бузург аст. Дар аснои ҳамон ташриф ҳар кас эҳсос менамуд, ки вай шахси самимӣ ва эътимоднок аст. Тавассути иродаи сиёсии ӯ ва Президенти мамлакати мо дарвозаҳои баста боз гардиданд, марзҳо ба рӯи ҳамдигар кушода шуданд, падару писар, модару духтар, бародару хоҳар, хешу пайванд, ки муддати дароз ба дидори якдигар зор буданд, якдигарро ба оғӯш кашиданд. Дар муддати кӯтоҳ мо як қатор корхонаҳои муштарак таъсис додем, ҳамкориҳои доманфарохро ба роҳ мондем, ба дастовардҳои бузург ноил шудем. Аз ҷумла, шартномаҳои зиёде, ки соли 2018 ба имзо расида буданд, амалӣ шуданд.  Барои ҳамин ташрифи дуюми Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон таҳкимбахшандаи ташрифи аввал гӯён арзёбӣ кунем, ҳаргиз хато нахоҳем кард. Мутаваҷҷеҳ бошед: дар як муддати хеле кам 3,5 миллион нафар марзро убур кардаанд, меҳмони якдигар шудаанд. Агар рӯзҳои аввали боз шудани марзҳоро пеши назар орем, ҳувайдост, ки манзараи аҷиб пеши чашмон ҷилвагар мегардад. Зеро ҳама аз хурсандӣ ашк мерехтанд. 
– Ҷавонони зиёди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар давраи шӯравӣ ва баъди касби истиқлол низ дар мактабҳои олии якдигар таҳсил мекарданд. Ин анъана ҳатто дар давраи бадшавии муносибатҳои ду кишвар давом меёфт. Дар айни ҳол дар робита ба ин масъала чӣ нақшаҳо амалӣ хоҳанд шуд?
– Вазоратҳои  марбутаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар робита ба ин масъала созишнома ба имзо расониданд. Бар асоси он ҷавонони ду кишвар метавонанд дар ин ё он мактаби олӣ таҳсил намоянд. Инчунин устодони донишгоҳҳо табодули таҷриба хоҳанд кард ва дар мактабҳои олии якдигар сабақ хоҳанд дод. Барои амалӣ намудани ин иқдом тамоми асосҳои қонунӣ ба вуҷуд оварда шудаанд. Дар айни ҳол ҳудуди 3 ҳазор ҷавонони ӯзбекистонӣ дар мактабҳои олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Онҳо аз шароити хуби зиндагӣ ва имкониятҳое бархурдор мебошанд, ки барои ҷавонони маҳаллӣ фароҳам оварда шудаанд. Аслан, робитаҳои илмиву фарҳангӣ ҳамеша давом кардаанд. Симпозиум ва анҷуманҳое, ки дар Душанбе ё Тошканд баргузор мегардиданд, бидуни иштироки олимони тоҷик ё ӯзбек намегузаштанд. Ҳоло ин робитаҳо боз бештар густариш ёфтаанд.
– Ифтитоҳи филиали ягон донишгоҳ барномарезӣ шудааст, зеро дар шабакаҳои интернет дар ин бора баъзе маълумотҳо нашру пахш гардидаанд? 
– Пахшу нашри чунин маълумотҳоро мо низ пайгирӣ кардем. Дар бораи кушодани филиали Донишкадаи молияи Тоҷикистон дар шаҳри Тирмиз ва Донишкадаи молияи Тошканд дар Тоҷикистон таклифу дархостҳо сурат гирифтаанд. Аммо ин корҳо бар асоси талаб ва меъёрҳо ба вуқӯъ мепайванданд, ки ду давлат муқаррар кардаанд. Баррасии ин мавзӯъ давом дорад ва дар ояндаи наздик он ҳаллу фасл хоҳад шуд. Бо вуҷуди ин мо ба Президенти Ӯзбекистон арзи миннатдорӣ мекунем, зеро дар як қатор донишгоҳҳо факултаҳо ва гурӯҳҳои тоҷикиро боз кардааст, ки дар он ҷавонони тоҷиктабор ба забони модарии худ машғули таҳсил  мебошанд. Умедворам, ки барои рафъи эҳтиёҷи мактабҳои тоҷикӣ дар факултаҳои дигари донишгоҳҳо низ гурӯҳҳои тоҷикӣ ифтитоҳ меёбанд.
– Иттилоъҳои расида бар онанд, ки 580-солагии Мир Алишер Навоӣ, 110-солагии Сотим Улуғзода дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар доираи калон таҷлил мегардад. Ин корҳо чӣ тавр ба амал бароварда мешаванд?
– Зимни мулоқоти раисони иттиҳодияҳои нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Низом Қосим ва Сироҷиддин Сайид дар Тошканду Душанбе дар бораи ин чорабиниҳои муштарак ибрози назар сурат гирифтааст. Навоӣ ба ду забон эҷод кардааст ва осори гаронбаҳои ӯзбекиаш ба забони тоҷикӣ низ тарҷума шудааст. Сотим Улуғзода дар деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон ба дунё омадааст, аммо бештари умри худро дар Тоҷикистон сипарӣ намудааст. Осори ӯро дар Ӯзбекистон низ бо шавқу рағбати том меомӯзанд. Вай “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсиро ба наср баргардонидааст ва аз адибони шӯҳратёри ду халқ муаррифӣ шудааст. Таҷлили солгардҳои ин ду адиби маъруфу машҳур барои ҳарду кишвар муштарак хоҳад буд.
– Сафорати Тоҷикистон бо марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон ва бахшҳои вилоятии он чӣ гуна ҳамкориҳоро ба роҳ монданист?
– Мо бо раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова мулоқот кардем. Дар рӯзҳои наздик ба вилояти Ҷиззах ҳамроҳ ташриф хоҳем овард. Ба тоҷикони ин вилоят китобҳои дарсӣ ва бадеӣ тақдим хоҳем кард. Бо ҳокими вилояти Ҷиззах низ роҳандозии мулоқот барномарезӣ шудааст. Баъди ташриф ба вилояти Ҷиззах аз вилоятҳои Сурхондарё ва Самарқанд боздид хоҳем кард ва дар пайи он озими водии зарнисори Фарғона хоҳем шуд. Дар вилоятҳои Фарғона, Намангон ва Андиҷон низ тоҷиктаборони зиёд зиндагӣ мекунанд. Он ҷо низ дидору гуфтугӯҳо ба роҳ хоҳем монд. Ҳадафи асосии мо аз ин сафарҳо мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстии миёни тоҷикону ӯзбекон мебошад. Ногуфта намонад, ки чанде муқаддам ба яке аз мактабҳои тоҷикии шаҳри Ангрен  ташриф овардем ва бастаи китобҳои зиёдро ба ҷамоаи ин мактаб тақдим кардем.  
– Дар Тоҷикистон фаъолияти Маркази миллӣ-фарҳангии ӯзбеконро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Барои онҳо кадом шароитҳо фароҳам оварда шудаанд?
– Зимни ташрифи дуюми худ Шавкат Мирзиёев бо фаъолони Маркази миллӣ-фарҳангии ӯзбекони Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом доданд, бо ҳаёту фаъолияти онҳо мутаваҷҷеҳ шуданд. Дар зиёфате, ки Раисҷумҳури Тоҷикистон ба шарафи Шавкат Мирзиёев ташкил намуд, намояндагони ин марказ даъват шуда буданд. Дар Тоҷикистон низ, мисли Ӯзбекистон, ки ба мардуми тоҷиктабор таваҷҷӯҳи хос зоҳир мегардад, мардуми ӯзбектабор ҳамеша аз меҳрубониву ғамхориҳои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бархурдоранд. Зимни ташриф ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳатман бо фаъолони мардуми ӯзбектабор дидору мулоқот анҷом медиҳад. Дар мактабҳои таълимоти умумӣ фарзандони онҳо ба забони модарӣ таҳсил мекунанд. Кушодани боз чанд мактаби нави ӯзбекӣ барномарезӣ шудааст. Дар бархе аз макотиби олии Тоҷикистон факултаву гурӯҳҳои ӯзбекӣ фаъолият мекунанд. Дар радиову телевизион барномаҳои ӯзбекӣ мунтазам пахш мешаванд. Дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд рӯзномаҳо ба забони ӯзбекӣ ба табъ мерасанд. “Халқ овози” – нашрияи марказӣ ҳафтае се маротиба нашр мегардад. Ӯзбекони Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ вакилони худро доранд. Ба забони ӯзбекӣ китобҳои зиёди дарсиву бадеӣ мунтазам чоп карда мешаванд. Ҳуқуқи мардуми ӯзбек комилан таҳти ҳимояти сарвари давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Ӯзбекони Тоҷикистон забони давлатиро низ хеле хуб медонанд. 
– Вазъият дар Афғонистони ҳамҷавор давлатҳои Осиёи Марказиро ба нигаронӣ мувоҷеҳ кардааст. Аз ин раванд Тоҷикистон низ дар канор намондааст. Роҷеъ ба авзоъ дар Афғонистон ва бартараф намудани таҳдидҳо чӣ метавон гуфт?
– Бо дарназардошти вазъияти бавуҷудомада гуфтаниам, ки сафорати мо бо Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ҳамеша ҳамкорӣ мекунад. Дар ин рӯзҳо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳаллу фасли мушкилоти дохилии кишвар аз вазъият ибрози нигаронӣ мекунад. Зеро Тоҷикистон бо Афғонистони ҳамҷавор марзи тӯлонӣ дорад. Пӯшида нест, ки роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони шартномаи амнияти дастаҷамъӣ  аз як гиребон сар бароварда, ҷиҳати таъмини амнияту суботи минтақа тамоми чораҳои заруриро меандешанд. Эмомалӣ Раҳмон бо сардорони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия перомуни ҳалли ин бӯҳрон гуфтугӯҳои телефонӣ анҷом дод. Маълум мешавад, ки мақсади ҳамаи онҳо муштарак мебошад. Ин кишварҳо ибрози омодагӣ намудаанд, ки зимни зарурат ба Тоҷикистон кумакҳои техникӣ анҷом хоҳанд дод. Роҳбари давлатамон ҳамеша талош менамояд, ки вазъият дар Афғонистон рӯ ба эътидол оварад ва роҳи ягонаи он танҳо музокираи тарафҳои даргир мебошад. Дирӯзакак Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо вакили СММ ин масъаларо ба миён гузошт. Чунин бармеояд, ки роҳбари Ӯзбекистон ҳамеша барои таъмини амнияти минтақа талош менамояд. Дар конфронси байналмилалии 15-16 июл, ки маҳз бо ташаббуси Шавкат Миромонович дар Тошканд баргузор гардид, ин масъала низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
– Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар арафаи таҷлили иди бузург – 30-солагии истиқлолияти худ қарор доранд ва барои сазовор истиқбол гирифтани он ҷиддан омодагӣ мегиранд. Дар арафаи ин иди пуршукӯҳ ба мардуми Ӯзбекистон чӣ гуфтаниҳо доред?
– Ба сифати Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон  дар Ӯзбекистон арз мекунам, ки ин ид барои ду кишвар ва мардуми он хеле иди бузург ва таърихӣ мебошад. Зеро маҳз ба туфайли касби истиқлол ду кишвар ҳаққи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии худро ба даст оварданд ва ҳоло аз нашъаи озодӣ баҳра мебаранд. Дар арафаи ин иди бузург ба мардуми Ӯзбекистон саломативу бурдборӣ, кайфияти идона ва тинҷиву амониро таманно мекунам. Халқи Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев аз ин ҳам бештару беҳтар ба комёбиҳо муваффақ гардад.  Ид барои ду мардуми бародар, дӯсту вафодор ва қадимӣ мубораку фархунда бод!
– Ташаккур!
Суҳбаторо
Мирасрор АҲРОРОВ
.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: