ДАР МӮЙНОҚ ТАЪМИНОТИ ҚУВВАИ БАРҚ БЕҲТАР МЕГАРДАД

Қабулу вохӯриҳои оммавӣ бо аҳолӣ, аз он ҷумла, ҷавонон, ки бинобар супориши сарвари давлатамон гузаронда мешаванд, дар ошкор кардан ва барҳам додани мушкилоти муҳими маҳалҳо аҳамияти бузург доранд.

Дар яке аз чунин чорабиниҳо, ки дар ноҳияи Мӯйноқи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон таҳти роҳбарии мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Т. Худайбергенов гузаронда шуд, роҳбарони вазорату идораҳои мамлакатамон иштирок карда, бо мушкилоте, ки аҳолиро ба ташвиш меоваранд, шинос ва барои аз байн бардоштани онҳо таҳти назорати шахсони масъул муҳлаташон муайян карда шуданд.
Аз ҷумла, барои таъмири майдони варзишии мактаби таълими ҳамагонии  9-ум, ки дар нуқтаи аҳолинишини ҷамоати шаҳрвандони авули “Бузатов”-и ноҳия воқеъ гардидааст, масолеҳи зарурӣ расонда шуданд.
Боз як мушкилоте, ки аҳолии маскуни ин маҳалро ба ташвиш меоварад, ҳолати таъминоти қувваи барқ мебошад. Бо назардошти ин таҳти роҳбарии кормандони масъули ҷамъияти саҳҳомии “Ҳудудий электр тармоқлари” гурӯҳи корӣ ташаккул ёфт. Тавре ки маълум гардид, дар натиҷаи бо шиддати баланд кор кардани нуқтаҳои трансформатории деҳа ва сол аз сол зиёд шудани аҳолӣ ба баъзе хонаҳо иқтидори қувваи барқ аз меъёр кам дода мешуд. Фарсуда шудани ҳолати хатҳои интиқоли барқ, аз он ҷумла ҳавоӣ, инчунин боиси номураттабии интиқоли қувваи барқ мешаванд.
Дар асоси нақшае, ки гурӯҳи корӣ фавран тайёр намудааст, иваз намудани 5,1 километр хати интиқоли барқи ҳавоӣ ва кашидани кабел ба нақша гирифта шуд. Корҳо дар ин самт бо ёрии техникаи махсус оғоз ёфтанд. Аз ҳама муҳимаш, нуқтаи трансформаторие, ки дар тӯли як рӯз васл гардид, имкони бо қувваи барқ таъмин намудани 60 хонадонро фароҳам овард. Инчунин,   ба охир расондани кор оид ба иваз намудани 860 симчӯби фарсуда ба нақша гирифта шудааст, ки беҳтар гардондани таъминоти қувваи барқи беш аз 500 оилаи нуқтаи аҳолинишини Шагирлиро фароҳам меоварад.
Ин гуна корҳо, ки дар деҳоти дурдасти ноҳияи Муйноқ гузаронда мешаванд, ба беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ ва минбаъд мустаҳкам гардидани эътимоди онҳо ба мақомоти давлатӣ хоҳад шуд.

Д. АБИБУЛЛОЕВ,
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: