ДАР МУҚОИСА БО ШЕВА ОМӮХТАНИ ЗАБОНИ АДАБӢ

Шеваҳои ҳар як забон бойигарии ҳамон забон мебошанд.

Шеваҳои ҳар як забон бойигарии ҳамон забон мебошанд. Аз мақолаҳои устод Садриддин Айнӣ дар солҳои 30-юми асри гузашта маълум мешавад, ки аз шеваҳои тоҷикӣ, калимаву ибораҳои зебову рехта ба забони адабӣ ё меъёр ҳар қадар бештар дохил карда шаванд, забони адабӣ ҳамон қадар бой ва оммафаҳм мегардад. Чунки дар шеваю лаҳҷаҳо калимаҳое, ки дар замонҳои пеш дар забони адабӣ кор фармуда мешуданд, нигоҳ дошта шудаанд.
Забони адабиро ба хонандагон, ки насли оянда мебошанд, бо роҳҳои гуногун омӯзондан мумкин. Аз ҷумла,
бо роҳи китобхонӣ;
бо ёрии қоидаҳои забон;
бо роҳи муқоисаи шеваҳо бо забони адабӣ.
Агар хонанда китоби бадеиро бисёр хонад, дар асоси қоидаҳои аз забон омӯхтааш, забони адабиро хуб аз худ мекунад. Танҳо дар вақти мутолиаи китоби бадеӣ дар назди ӯ фарҳанги  имрӯзаи забони тоҷикӣ бошад, кифоя. Аз фарҳанг маънои калимаҳои душворфаҳмро, ки он қадар зиёд нестанд, фаҳмида мегирад. Вай дар ин маврид дафтари алоҳидаи луғат  ташкил кунад ҳам мешавад. Ин кор таркиби луғавии хонандаро бой мегардонад. Танҳо омӯзгорони забон ва адабиётро лозим меояд, ки шавқи китобхониро дар дили хонанда бедор карда тавонанд. Мутолиаи китобу рӯзнома, дар баробари ба хонанда забон омӯхтан, онҳоро дар рӯҳи ватандӯстӣ, пос доштани забони модарӣ, эҳтироми падару модар, ростқавлӣ, поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ тарбия мекунанд. Дар мамлакати мо тавассути рӯзномаҳои “Овози тоҷик”, “Овози Самарқанд”, “Ховар”  “Садои Сӯх” ва дигар рӯзномаҳо имконияти забони адабиро ба хонандагон омӯзондан ҳаст.
Роҳи дуюми забономӯзӣ тартиб додани луғатномаи калимаҳои шевагию забони адабӣ ва донистани қоидаҳои забон мебошад, ки бо кӯмаки омӯзгори забон ва адабиёт ба амал татбиқ мегардад. Ин усул бо таҳлил: аз ҷумлаҳо ёфтани сараъзою аъзои пайрав, пешоянду пасоянд ва ҳоказо сурат мегирад. Ин роҳи забономӯзӣ, баъди ташаккул ёфтани забони адабӣ дар зеҳни хонандагон, дар синфҳои болоӣ ба амал татбиқ гардад, мувофиқи мақсад аст. Зеро агар хонандагон каму беш ҷумласозиро наомӯхта бошанд, татбиқи ин усул душвор мегардад.
Луғатномаи калимаҳои шевагию забони адабӣ чӣ хел ташкил карда мешавад? Омӯзгор аз хонандагони синф талаб мекунад, ки ҳар кадом дафтари луғат ташкил диҳанд. Дар луғат ҳамарӯза бо кӯмаки муаллим калимаҳои шевагӣ ва варианти адабии онҳо шарҳ дода мешавад ва омӯзгор ҳангоми зарурат бо саволу ҷавоб онҳоро дар зеҳни хонанда ҷойгир месозад. Дар ин маврид ҳам баҳогузорӣ ва рағбатноккунӣ аҳамияти калон дорад.
Ба фикрам, бо роҳи муқоисаи шеваҳо бо забони адабӣ, омӯзондани забони адабӣ осонтар аст. Шеваҳои забони тоҷикӣ, ки сарчашмаи бойшавӣ ва пуробурангии забони адабианд, бисёранд. Ва ин шеваҳо дар ҳудуди муайян мақом доранд. Мисол гирем, шеваи тоҷикони деҳаи Эҷи ноҳияи Нураторо. Дар таркиби луғавии мардуми ин деҳ бисёр калимаҳо, аз қабили меғ (туман), пичак (санбӯса), ғурм (бузи кӯҳӣ), дағеч (абусун)...  ҳастанд, ки ҳуқуқи ба забони адабӣ дохил шуданро доранд. Дар барномаи таълими забони тоҷикӣ бо истифода аз шеваҳо омӯзондани забони адабӣ дода нашудааст. Вале омӯзгори забон дар рафти баёни мавзӯъ метавонад усули муқоисаро ба кор барад. Ҳамчунин дар дарсҳои иловагӣ ва берун аз синф аз усули муқоиса истифода бурдан мумкин.
Ҳатто омӯзгорони эҷодкор метавонанд дар синфҳои болоӣ ҷумлаҳои шевагиро дар муқоиса бо варианти адабиашон таҳлили грамматикӣ кунанд. Яъне, сараъзо ва аъзои пайрави ҷумлаҳоро (аз ҳар ду вариант) ёфта, таҳлил кунанд. Дар аксари шеваҳо пешоянди “аз” бо як ҳарф (а) ва пасоянди “ро” бо ду ҳарф (а ва я) ифода меёбад. Як мисол аз шеваи деҳаи Эҷ: “ До Ниъмат а боғ баромада дастоша шуст”. Варианти адабиаш: “Акои Неъмат аз боғ баромада дастҳояшро шуст”.  Таҳлили грамматикии ҷумлаҳои мазкур, бешубҳа, ба зиёд шудани дониши забонии хонандагон мусоидат менамоянд.
Донистани забони адабӣ аҳамияти калон дорад. Якум, ба аз худ кардани асоси фанҳои дигар кӯмак мекунад. Дуюм, ба мушоҳида мерасад, ки тоҷикони минтақаҳои гуногун дар доираи шеваи худ мақсаду муддаояшонро ба осонӣ ба якдигар фаҳмонда додан наметавонанд. Агар фарзандони тоҷик дар мактабҳои миёна забони адабиро чуқур омӯзанд, ба якдигар  фикрашонро бедушворӣ фаҳмонда метавонанд.

Ҳилол РӮЗИЕВ,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби 
рақами 30-юми ноҳияи Нурато. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: